Мақолаҳо

Маҳалгароӣ даҳшат аст

Таҳлилҳои илмии таҳлилигарону олимону хирадмандон амиқан нишон дода истодааст, ки маҳалгароӣ яке аз аломат ва амали ношоистаи инсониятҳо ба шумор рафта, барои пешрафту тараққиёти кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Агар аз дидгоҳи илмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, яке аз омилҳои асосии ба вуҷуд омадани ҷанги шаҳрвандӣ ин маҳалгароӣ  ба ҳисоб рафта буд. Тарафҳо  ният доштанд, ки Тоҷикистонро ба чанд қисмат тақсим намоянд ва ё дар маҷмӯъ онро пора пора созанд.

Гарчанде имрӯз Тоҷикистони азизамон ҳақиқатан ҳам рушду нумӯъ ёфта, ба як кишвари ободу афсонавӣ табдил ёфта бошад ҳам то ҳанӯз мафҳуми маҳалгароӣ дар ниҳоди  қисматҳои мухталифи мардуми кишваранмон вуҷуд доранд. Ҳанӯз ҳам нафароне, ёфт мешаванд, ки Тоҷикистонро ба Суғдию Хатлонӣ, Кулобию Бадахшонӣ тақсим менамоянд, ки ин амали эшон сареҳан нодудуст мебошад. Пешвои миллат - Президиенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш қайд карда буд «Мо як  Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон» мебошад.

Мардумони кишварамон бояд хуб дарк ва эҳсос намоянд,  ки дар ин лаҳзаҳои  асосу эҳсос  моро зарур ва лозим меояд, ки яктанона новобаста аз мансубияти динниву мазҳабӣ якҷо шуда, мафҳуми маҳалгароиро пурра аз байн бубарем. Мо танҳо ҳамон вақт муваффақ мешавем агар дар байнамон аз бобати маҳалгароӣ ҳарфе вуҷуд надошта бошад. Мардумони кишвари азизамон Тоҷикистон бо чашми хирад бояд хуб андеша намоянд, ки имрӯз  душманону хоинони  миллат дар фикру зикри барҳамдиҳии сохтори конститутсионии кишварамон  мебошанд ва эшон ин амали нопокашонро тавассути маҳалгароӣ амалӣ месозанд. Мо бояд ба мардумони кишварамон танҳо як миллату як кишвари Тоҷикистонӣ назар андозем.  Маҳз мафум ва маънои «зиракии сиёсӣ аз даст надодан» аз он шаҳодат медиҳад, ки мо набояд ба афкору андешаҳои хоинони миллат боварӣ намоем. Набояд як миллати озоду ободро боз ба қисматҳои алоҳида тақсимбандӣ намоем. Набояд ба маҳалгароӣ роҳ диҳем, ки ин амали манфи барои пешрафти давлату кишвар таъсири манфии худро мерасонад. Мо бояд барои мутахассисони баландихтисос имконият диҳем, онҳоро аз ҷойи кор таъмин намоем.

Воқеан ҳам агар аз нуқтаи назари ақлонӣ ва зеҳни ба маҳалгароӣ назар андозем вай  дар маҷмӯъ як даҳшати азиме аст, ки барои перафт, тараққиёт ва прогресси ҷомеа таъсири манфии худро мерасонад. Ҳамагон бояд хуб дарк намоянд, ки танҳо муттаҳидӣ, якдиливу якзабонӣ, ҳамдилӣ мардумони кишвар метавонад мафҳуми маҳаллгароиро аз байн бурда, бо душманони кишварамон муқовиммат намоянд.

Хуҷаназаров. Ҷ, муаллими калони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ

Log in

create an account