Мақолаҳо

Коронавирус + наҳзат (Ё чӣ тавр Кабирӣ аз мусибат ҳам манфиат меҷӯяд?)

Айни замон бо паҳншавии коронавирус хатари глобалие гиребонгири ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. Дар чунин марҳилаи бисёр ҳассос тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳҳои раҳоӣ аз коми ин сияҳчоли маргзоро, ки ҳар чӣ бештар фарогир мешавад, ҷустуҷӯ мекунанд. Ин мусибати умумӣ тамоми одамонро дар тамоми гӯшаву канори дунё новобаста ба мақоми иҷтимоиву ҷои зисту ранги пӯст водор мекунад, ки дастҷамъона паи рафъи мушкилот иқдом варзанд ва ҳар яке ҳамчун узвҳои як пайкар аз дарди дигар узвҳо беқарор бошанд. Аммо мутаассифона, дар чунин вазъи мушкил саркардаи наҳзатӣ бо иддае аз пайравони беҳувийяти худ ба ҷои ҳамоҳангӣ бо ҷомеаи башарӣ дар ростои муқовимати амаливу равонӣ алайҳи пандемия ва паёмадҳои он, куллан бо амалҳои баръакс, яъне ташаннуҷафзоии иҷтимоӣ ва интишори овозаҳои бардурӯғу муғризона ба хотири тира кардани фазои афкори ҷомеа дар кишвари мо талош дорад. Ӯ ва ҳаммаслаконаш аз тариқи пойгоҳҳои иттилоотии хеш ба таври мунтазам бо баҳонаи ҳӯшдори мардум аз хатарҳои коронавирус мудом нисбат ба Ҳукумати кишвар туҳматпароканӣ мекунад. Гузашта аз ин, бо мақсади нокифоя нишон додани иқдомоти Ҳукумат дар самти омодагӣ барои рафъи хуруҷи эҳтимолии ин бемории ҳамагир ва дар ин замина ба вуҷуд овардани норизоии иҷтимоӣ ӯ ҳамеша омори расмии кишвар ва вазъи карантиншудагонро ғайри қобили қабул ва таҳаммул нишон додан мехоҳад. Дасисаангезии ӯ то ҳаддест, ки ҳатто чандин бор ба хотири ба вуҷуд овардани эътирози мардум ва дурӯғ ҷилва додани маълумотҳои расмии давлатӣ овоза паҳн кард, ки гӯё дар ин ва ё он минтақаи  кишвар чандин нафар ба каронавирус гирифтор шудаанд ва ё бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Аммо бо вуҷуди ҳангомаю дуруғпароканиҳои онҳо, дар Тоҷикистон коронавирус паҳн нашудааст ва ин натиҷаи фаъолияти Ҳукумати кишвар мебошад. Ин нуктаро ҳатто коршиносони хориҷӣ, ҳам, тасдиқ мекунанд. Аз ҷумла Маъруфҷон Мадаминов, мудири Маркази ҷумҳуриявии пешгирии вабо ва бемориҳои сироятии махсусан хавфноки Вазорати тандурустии Ӯзбекистон изҳор доштааст, ки бо сабаби андешидани чораҳои саривақтӣ коронавирус дар Тоҷикистон то ҳол паҳн нашудааст. Ба ақидаи вай, Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии ин хатар чораҳои заруриро хеле пештар ва ба таври самараноку ҷиддӣ  шуруъ кардааст. Аз ҷумла, ба карантин фаро гирифтани шахсони аз хориҷа воридшуда, мустаҳкам кардани назорат дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, қатъи саривақтии парвозҳо, бурдани таблиғоти густурда дар байни аҳолӣ оид ба риояи гигиена, сари вақт ба Тоҷикистон баргардондани ҳамватанони дар хориҷа муваққатан қарордошта, амалҳое буданд, ки аз ҷониби Раҳбарияти кишвар ба таври оқилона амалӣ гардиданд.

Вале саркардаи наҳзатӣ тибқи одати маъмулии худ аз мусибати мардум манфиат меҷӯяд. Аз аҷибтарин ва суолбарангезтарин тавсияҳои вай баҳри ҷилавгирӣ аз интишори коронавирус, ки ба такрор таъкид мекунад, ин аст: Ҳукумати Тоҷикистон теъдоди муайяни муассисаҳои соҳаи тандурустиро бояд барои карантин кардани мардум омода кунад. Аммо бубинед ин муддаӣ, ки мегӯяд теъдоде аз беморхонаҳоро бояд барои карантин омода кард, дар асл худ чӣ касе аст.

Соли 1999 аз ҷониби М.Кабирӣ «Беморхонаи шаҳрии касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе барои 500 кат» дар ҳудуди деҳаи Навободи ҷ\д Сарикиштии ноҳияи Рўдакӣ дар музояда (ауксион)-и Биржаи ҷумҳуриявии амволи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии ҶТ ба маблағи 5,5 млн. рубли тоҷикӣ хусусӣ гардонида шудааст. Ин саркардаи риёкори наҳзатӣ дар мавриде оид ба нарасидани муассисоти карантинӣ ва нокифоя будани кори Ҳукумат дар ин самт ҳангома ба по кардан мехоҳад, ки худи ӯ шахсан беморхонаи сироятиеро дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ бо ваъдаи ҳадафмандона ва мутобиқ ба мақсади соҳавӣ истифода кардани бинои он хусусӣ карда, аммо бархилофи ваъдааш тӯли  солҳои 2008-2010 тамоми иморатҳо ва ҳатто замини гирду атрофи онро дар масоҳати 10 га пора-пора намуда, ба 5 нафар соҳибкор дар ивази маблағҳои ҳангуфти 6 рақамаи миллионӣ ҳайфу майл кардааст.   

Ӯ ҳамчунин дар минтақаи ба ном “9-ум километр”-и шаҳри Душанбе Маркази “Диалог” ва  дар шаҳри Турсунзода бозори калонеро таҳти унвони ҶДММ “Саховат” хусусӣ карда буд, ки ҳар сол беш аз 1миллиону 680 ҳазор сомонӣ даромад дошт. Ҳамчунин  М. Кабирӣ ширкати калони сохтмониеро бо номи ҶСП "Бинокорсервис" аз худ карда буд ва аз он ҳисоб низ даромадҳои ҳангуфт ба даст меовард.

Роҳбарияти ҳизби террористии наҳзат, ки мудом бо лофу газоф ва ҳангомаҷӯӣ иддаои ватанпарастиву мардумпарварӣ мекунад, аслан фарде ватанфурӯшу мардумфиреб аст, ки бо сӯиистифода аз шиорҳои фиребои сиёсиву мазҳабии худ дар паи сарват андӯхтану ҷамъ кардани сармоя буду ҳаст. Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ, ки айни замон дар Аврупоянд, дар давоми фаъолияти тундравонаашон тӯли қариб 30 сол бо сӯиистифода аз номи мардуми тоҷик ва бо баҳонаи ҳифзи манфиатҳои мусулмонони Тоҷикистон миллиардҳо доллар кумак ба даст овардаанду ҳанӯз ҳам бо ин шиорҳо сармоя ҷамъ мекунанд. Агарки онҳо дар воқеъ ватандӯсту мардумпарвар бошанд ва агар ин ҳама иддаои ғамшарик буданашон бо мардуми кишвар дурӯғ нест, пас марҳамат, инак бо таҳдиди коронавирус фурсат барои нишон додани эҳсоси ғамхориашон ба миллат фароҳам омадааст. Онҳо аз ҳисоби худ не, балки аз ҳисоби ҳамон маблағҳои ҳангуфте, ки бо баҳонаи ҳифзи манфиатҳои мусулмонони кишвар  тӯли ин ҳама солҳо аз хоҷагонашон дарёфт кардаву ба ҷайб мезаданд, ҳадди ақал 10-15 миллионашро харҷ кардаву ба кишвар маводи доруворӣ ва таҷҳизоти зарурии тиббӣ ирсол кунанд. Бубинед, ки дар кишвари ҳамсояи мо соҳибкори машҳур Алишер Усмонов ба мардуми худ барои рафъи хатарҳои бархоста аз ин пандемия 20 млн доллари амрикоӣ кумак кард, ҳол он ки ӯ аслан шаҳрванди Федератсияи Русия аст. Дигар ин ки вай сармояи худро ҳаргиз бо баҳонаи кумак ба мусулмонони кишвараш аз кадом як сарчашмаҳои манфиатҷӯ ба даст наовардааст.

Дақиқан маълум аст, ки ҳаргиз Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ҳиммати ҷавонмардие надоранд, ки дар чунин лаҳзаҳои ҳассос ва мушкил андактарин кумаке ба мардуми тоҷик кунанд. Дуруст аст, ки аз онҳо аслан наметавон умедвори кори хайре нисбати мардум шуд, аммо ҳамзамон наметавон таҳаммул кард, ки онҳо аз ин вазъияти мушкил ба нафъи худ сӯистифода намоянд ва ба хотири аҳдофи сиёсиву ангезаҳои ҷоҳу мансабталошии худ дар ҷомеаи мо дар робита ба таҳдиди хатари ин пандемия фазои афкори оммаро тира ва  амнияти иттилоотии кишварро муташанниҷ созанд.

Агар мардуми Тоҷикистон ва ҳатто хориҷиён аз мавҷуд набудани коронавирус дар кишварамон хурсанд бошанд, наҳзатиҳои бадхоҳ ва хусусан саркардаи онҳо баръакс ғамгинанд ва мотам доранд. Мотами истисноии наҳзатӣ. Ҳамин гуна ҳолат айнан ҳангоми ба кор даромадани чархаи аввали НБО Роғун ҳам рух дода буд. Он замон ҳам наҳзатиҳо мотам гирифта, қариб ғуссамарг шуда буданд.

Дар нисбати наҳзатиён бо дар назар гирифтани усулҳои илми сиёсатшиносӣ аслан корбурди истилоҳҳои “мухолиф” ва ё “мухолифи сиёсӣ” ҳаргиз дуруст нест, чунки онҳо фарҳанги муборизаи сиёсӣ ва меъёрҳои онро куллан намешиносанд ва аз ин аст, ки риоя ҳам намекунанд. Онҳо фақат як тӯда афроди худхоҳу вопасгаро ва террористу экстремист мебошанд, ки на факат арзишҳои умумумиллӣ, балки арзишҳои умумиинсонӣ ҳам барои онҳо ҳеҷ манзалате надорад. Агар онҳо чунин меъёрҳоро мешинохтанд, ҳаргиз сари масоили меҳварӣ ва бунёдие чун арзишҳои миллӣ, давлати миллӣ, бақои миллат ва тақдири миллат мавқеи душманона намедоштанд. Бубинед, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, теъдоди бештарини фирориҳои аксулинқилобӣ (контреволютсионер)- ҳои рус, аз ҷумла меншевикҳо, тротскийчиҳо, кадетҳо, сафедартишиҳо ва ғайра, ки ҳангоми Инқилоби Октябр рӯдарӯ бо болшевикҳо ҷангидаву шикаст хурда ба Аврупову Амрико паноҳ бурда буданд, ҳангоми ҳуҷуми артиши Олмон ба ИҶШС хусуматҳои сиёсии худро канор гузошта, алайҳи Олмони фашистӣ мавқеъи ғоявӣ ва ҳатто амалӣ гирифтанд. Аз миёни фирориҳои машҳури рус, ки ҳам ба таври ғоявӣ ва ҳам ба таври моддиву амалӣ мавқеъи ватандӯстона гирифта буданд, метавон генерал-лейтенант Антон Иванович Деникин ва оҳангсози маъруф С.Н.Рахманинро ёдовар шуд.  Генерал-лейтенант А.И. Деникин, ки худ солҳои 1918-1920 сарфармондеҳи Артиши Сафед буду хеле бомуваффақият муқобили Артиши Сурхи Шӯравӣ меҷангид, ҳангоми тасарруф шудани Фаронса аз тарафи Олмон ба дасти сарбозони олмонӣ афтид ва новобаста ба дархост ва ҳатто таҳдиди олмониҳо, ки мехостанд ӯро ҳамчун марди таҷрибадори низомӣ ва душмани коммунистҳо ба хидмати худ ҷалб кунанд, қотеъона талаби онҳоро рад кард ва гуфт: “Оре, ман бо болшевикҳо ҷангидам, аммо ҳаргиз муқобили мардуми рус наҷангидаам ва нахоҳам ҷангид. Гузашта аз ин, ҳоло дар ин вазъият, ки Ватани ман дар хатар аст, агар ба ман имкон медоданд, ки генерали Артиши Сурх бошам, он гоҳ ба олмониҳо нишон медодам, ки бо кадом миллат меҷанганд”. Оҳангсози маъруф С.Н.Рахманин, ки он вақт аз дасти Ҳукумати Шӯравӣ дар ИМА паноҳ бурда буд, ба маҳзи шурӯъи ҳуҷуми Олмон ба Шӯравӣ маблағҳои калонеро, ки аз ҳисоби консертҳояш дар Амрико ба даст меовард, ба ҳисоби Артиши Шӯравӣ интиқол медод ва дар лифофаи мактубҳояш менавишт: “Кумак аз як нафар рус ба миллати рус барои мубориза бо душман. Мехоҳам бовар кунам ва бовар ҳам мекунам, ки миллати ман пирӯз хоҳад шуд!”. Илова ба кумакҳои ҳамешагии худ аз ҳисоби консертҳояш ин оҳангсоз аз ҳисоби пасандозаш барои Артиши Ватани худ ахиран тайёраи ҷангӣ низ харид ва онро фиристод”.

Бубинед, ки эҳсоси воло ва барозандаи ватандорӣ ва миллатдӯстӣ чист!!! Агар ин эҳсос дар ҷавҳари ҷони шаҳрванд бошад, ӯ дар ҳама вазъу ҳолат дар ростои ҳифзи арзишҳои бунёдиву меҳварии миллату давлати худ сахткӯшонаву фидокорона қад алам хоҳад кард!  

Аммо ба тафовут аз ин ҳама аъмоли барозандаи меҳанпарастона ва миллигароёна мухолифони сиёсии худхондаи кишвари мо куллан ҳавову ҳавас ва дағдағаҳои дигареро дар сар доранд. Онҳо феълан дар хориҷи кишвар  ба хотири ба даст овардани маблағҳои муфт ба дасисакориву фитнаангезӣ машғуланд ва бар зидди мардуми Тоҷикистон фаъолияти таблиғотию иттилоотӣ бурда, арзишҳои миллиро дар маърази созмонҳои байналмилалӣ поймол месозанд. Чунонки мегӯянд, ин қабил ашхоси ватанфурӯшу хиёнаткор  бо  ҳиҷоби риё  лиқои воқеии хешро пўшидаанд ва бо фазлфурўшиву шиорҳои фиребо ва лофи ватандориву газофи раиятпарварӣ даъвои иршоду роҳнамоии ҷомеаро мекунанд, вале дар асл мехоҳанд мардумро гумроҳ карда ҳамчун василаи расидан ба аҳдофи худ мавриди корбурд қарор диҳанд.

Дар чунин шароит вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат - аз шаҳрванди одӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама таҳкими амну суботи сиёсӣ  мебошад.

Зиёев Субҳиддин, ходими пешбари илмии АМИ ҶТ

Log in

create an account