Мақолаҳо

Марҳилаи нави давлатдорӣ ва ташаккули раванди демократикунонӣ дар Тоҷикистони навин

Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон новобаста ба вазъи мураккаби сиёсии ҷомеъа, дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта барои рушди идоракунии давлатӣ ва таҳким бахшидани раванди сиёсӣ шароити мусоид фароҳам омад. Дар замони муосир мафҳуми истиқлолият ва  сиёсатбо ҳам алоқамандии ногусастанӣ дошта, давлатдории навини имрӯза низ аз ин мафҳумҳо сарчашма мегирад.

Воқеан давлате, ки соҳибистиқлол аст, дар ба роҳ мондани сиёсати дохилию хориҷии худ мустақил буда, баҳри шомил гардидан ба созмону ташкилотҳоибонуфузи ҷаҳонӣ овози мустақил дорад. Дар Тоҷикистон раванди демократикунонӣ ва давлатдории навин аз соли 1991 яъне пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар оғоз гардида, имрӯз таҳкиму тақвият ёфтааст.

Дар давраи вазъи мураккаби сиёсӣ, баъд аз доир гардидани Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 барои таҳкими ҳокимияти давлатию низоми идоракунии кишвар, муайян намудани самти раванди инкишофи ҷомеъа дар солҳои минбаъда ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеъаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеъӣ ба вуҷуд омад. Баргузории Иҷлосияи мазкур ба давраи ҳасосу душвор рост омад, ки дар он замон авзои сиёсии кишвар ноором буда, имконият набуд, ки Иҷлосия дар пойтахти Тоҷикистон баргузор гардад. Бино бар ин, баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва эътироф гардидани Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аз ҷониби вакилони мардуми марҳилаи аввалини давлатдорию давлатсозии навин буд, ки ба рушди минбаъдаи кишвар такон бахшид.

Марҳилаи дуюми давлатдории мо ба якдилона ва ба тариқи раъйпурсиии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия рост меояд, ки ҳамчун санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии Тоҷикистонро муайян намуд. Зеро Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки барои истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳаё карда, барои аз нобуди наҷот додани давлати тоҷикон ҷиҳати расидан ба Ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳилаи ҳасоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунада бозид. Конститутсия дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеъаи башарӣ эътирофшударо таҷассум намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон дошт.

Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ мо имрӯз барои расидан ба ҳадафи пешгирифтаи ҷомеъаи кишварамон дар сатми эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва амалишавии ҳадафҳои стратегӣ бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор мегузорем.

Имзо гардидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳилаи сеюмин тараққиётро дар Тоҷикистон оғоз намуда, боиси он гардид, ки нофаҳмию музокирот бо ҳаракатҳои мухолифн хотима ёбад ва роҳи бозсозию таҳким бахшидани иқтисоди миллӣ пеша карда шавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз баъди имзо гардидани Созишномаи мазкур аз соли 2000 ба марҳилаи рушди устувор таҳти сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат ворид гардида, дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар навгониҳо ба вуқуъ пайвастанд.

Амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омиле мебошад, ки соҳаҳои афзалиятноки кишварро тараққӣ бахшида, баҳри  бакарат беҳтар гардидани некуаҳволии мардум мусоидат менамояд.

Аз аввали солҳои соҳибистиқлолии мамлакат роҳбарияти олии сиёсии мамлакат, бахусус Президенти кишвар, Асосгузори сулҳӯ ваҳдати милӣ, Пешвои миллат мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон энергетикакунонии мамлакатро яке аз ҳадафҳои муҳими давлату ҳукумат унвон намуда, бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли энергияи сабзро барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат асос номид, зеро энергетикакунонии мамлакат ба ҷорӣ гардидани саноаткунонӣ ва зиёд гардидани ҷойҳои корӣ мусоидат хоҳад кард. Дар воқеъ ин омил ба ҳадафи стратегӣ-истиқлолияти энергетикӣ табдил ёфта, аз соли 2005 инҷониб марҳила ба марҳила амалӣ гардида истодааст, ки бунёди нерӯгоҳҳои обии барқӣи Сангтуда-1, Сангтуда-2, азнавсозии НОБ-и Норак ва ба истифода додан иду агрегати НОБ-и Роғун гувоҳи ин гуфтаҳост.

Дар ин радиф бо пурра ба фаъолият шуру намудани НОБ-и Роғун ва тавассути лоиҳаи бузурги хати интиқоли барқии КАССА-1000 ба кишварҳои Афғнистон, Покистон ва Ҳиндустон интиқол додани энергияи он ба иқтисоди кишвар такон бахшида, Тоҷикистон дар бозори энергетикӣ мақоми хосаро пайдо хоҳад кард. Афзоиш додани истеҳсоли қувваи барқ аз ҳисоби гидроэнергетика боиси он гардид, ки Тоҷикистон алакай ба қатори сегонаи кишварҳои истеҳсолкунандаи энергияи сабз дар ҷаҳон ворид гардид.

Бунёди роҳҳо низ дар сиёсати давлатдории навин ҳадафи муҳими стратегӣ ба шумор рафта, чор фасли сол ба фаъолият шуруъ намудани роҳи Абрешим, кушода гардидани роҳҳои сарҳадии Тоҷикистон бо Узбекистон, бунёди чор пул байни Тоҷикистону Афғонистон, роҳандозӣ гардидани хатсайрҳои ҳавоии пойтахти Тоҷикистон бо дигар кишварҳо, бунёди нақбҳо ва роҳҳои оҳан омилҳое буданд, ки кишварро аз бунбасти комуникатсионӣ раҳои бахшида, баҳри таҳким ва амалӣ намудани сиёсати эълон намудани «Дарҳои кушод» мусоидат намуданд.

Бо бунёд намудани силсилаи нерӯгоҳҳои обӣ барқӣ ва зиёд намудани истеҳсоли энергияи сабз имкон фароҳам омад, ки саноаткунонӣ ҳам дар кишвар тақвият ёфта, бунёди корхонаҳои коркарду истеҳсолот роҳандозӣ гардад. Аз ин лиҳоз, аз соли 2019 ҳадафи чорум саноаткунонии босуръати кишвар эълон гардид.

Бо чунин омилҳо сиёсати навини Тоҷикистонро сиёсати муваффақ метавон унвон намуд, зеро имрӯз Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи марказӣ кишвари рӯ ба тараққӣ эътироф гардида, пешрафту тараққиёти худро тариқи Стратегия ба роҳ мондааст.

Стратегияе, ки дар тулии солҳои соҳибистиқлолӣ бори аввал қабул гардида, ба рушди минбаъдаи кишвар такон мебахшад, ин «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мебошад, ки ба тараққӣ ва тақвият бахшидани соҳаҳои афзалиятнок аз ҷумла, энергетика, саноат, кишоварзӣ, истеҳсолот, сайёҳӣ, металлургия ва дигар соҳаҳои мухим равона гардида, тибқи ҳадафҳои он то соли 2030 яъне то марҳилаи охирони татбиқи Стратегияи мазкур бояд сатҳи камбизоатӣ аз 27,5 фоизи имрӯза ба 20 фоиз баробар карда мешавад.

Раванди имрӯзаи демократикунониро бояд тавре таҳким бахшид, ки ба тафаккури идеологии ҷомеъа ва фарҳанги миллӣ таъсири манфии он нарасад, зеро марҳилаи имрӯзаи демократикунонии абарқударатҳо ба косташавии фарҳанги миллӣ оварда, шароити геопалитикии кишварҳои ҷаҳон мураккаб гардида истодааст, ки ин ба авҷ ёфтан вас ар задании боз як мухолифату низоъ дар байни башарият ба вуҷуд оварда истодааст.

Марҳалаи рушди устуоври кишвар ба ислоҳоти соҳаҳои афзалиятнок навгонӣ ворид намуда, моро водор месозад, ки давлатдории навин низ бояд ба демократикунонӣ мутобиқ гардад.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита

 бо ҷомеаи МИМҲД-и ш. Хоруғ Акрамов А.Ш.

Log in

create an account