Мақолаҳо

Терроризм ва экстремизм зуҳуротҳои номатлуби замони муосир

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошад. Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имруза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарарӣ вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва азони худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Терроризм ва экстремизм аз нуқтаи назари ҳукуқ ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани зарари ҷисмонӣ мебошад. Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳамаи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни миллат аст. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ба экстремизм ва терроризм ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсади душманонаи худ ноил шаванд. Яъне нуфузи дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Дар давраи ҷаҳонишавӣ экстремизми асоси динӣ дошта метавонад аз тактикаи терроризми иттилоотӣ ва қангҳои кибернетикӣ низ истифода намояд. Бо экстремизм ва терроризм бояд ҳам ҷомеа ва ҳам давлат мубориза баранд. Усулҳои мубориза метавонанд гуногун бошанд. Давлат, пеш аз ҳама, бояд шароитҳои иҷтимоӣ–иқтисодӣ ва сиёсии ба пайдошавии экстремизм мусоидаткунандаро барҳам дода, фаъолияти зиддиқонунии экстремисти ва террористиро ҷилавгирӣ намояд, ҷомеа бошад, бо ёрии иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ, ВАО ва ғайра ба ғояҳои экстремистӣ ғояҳои инсондӯстӣ ва принсипҳои толерантӣ, сулҳу ризоияти шаҳрвандиро муқобил гузошта, зидди экстремизми динӣ амал кунад.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаи номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифатӣ ҳукуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Бинобар ин, мо шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон,мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулят истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, ҷавононро дар руҳия ватандустӣ, худогоҳиву худшиноӣ, инчунин ҷалби онҳоро дар корҳои созандагиву ободкорӣ,  ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Рустамбеков С. сокини ш. Хоруғ

Log in

create an account