Мақолаҳо

Коронавирус дар Тоҷикистон нест

Аз соли 1817 то соли 1925 дар Аврупо пандемияи «Вабо», солҳои 1918-1919 пандемияи "Испанка" маъруф гардида буд, мубтало шуданд. Зимни ба вуҷуд омадани чунин бемориҳо, зиёда аз 20 млн. нафар аз ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд.

Чунин падидаи номатлуб имрузхо номи пандемияи «Коронавирус» ба вуҷуд омадааст, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Бо мақсади пешгирии фавти одамон, олимони соҳаи тиб имрӯз хушбахтона дар мубориза алайҳи чунин бемориҳои сироятӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд ва метавонад ин вирусро бартараф созад.

Мардуми сарбаланди тоҷик имрўз хушбахт аст зеро, ки ҳамаи мардум сарҷамъ, муттаҳид ва дар зери сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, метавонад дар чунин мушкилотҳо дастаҷамъона муқовимат нишон бидиҳад.

Ба ин хотир, хушбахтона Хукумати Тоҷикистон ҳаррўз ва ҳар соат моро  тариқи ВАО водор месозад, ки қоидаҳои аз тарафи Вазорати тандурустӣ пешбинӣ гардидаро риоя намоем. Шукронаи онро намоем, ки то имрӯз кишвари мо аз ин бемории сироятӣ эмин аст.

Назриев Назрӣ, сокини шаҳри Хоруғ

Log in

create an account