Мақолаҳо

ИНТИЗОМ, ТАҲАММУЛ ВА ХУЛОСАИ БОАНДЕША ОМИЛИ ПЕШГИРИИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС

Хуруҷи Коронавирус дар мамолики ҷаҳон  ташвиши аҳолиро  рўз аз рўз зиёд карда  оиди он дар байни мардум ва сомонаҳои интернетӣ  ҳар гуна овозаҳои беасоси ғайррасмӣ паҳн мегарданд. Ин овозаҳои беасос шаҳрвандонро  ба таҳаллука    андохта ба номуътадил гардидани авзои ҷомеа мусоидат менамояд.  Таърих аз он шаҳодат медиҳад, ки қисме аз афроди манфиатҷўю камандеш дар ҳама давру замон  кушиш менамоянд, ки чунин ҳолатҳои нобасомонро барои пиёда намудани мақсадҳои хеш истифода баранд. Ба фикри мо дар ин ҳолатҳои ногувори хатарозо ҳар сухан ва рафтор бояд аз меҳвари андеша реша гирад. Хушбахтона сирояти  ин вабои аср дар ҳудуди кишвар ба кайд гирифта нашудааст ва ин  ҷойи таҷҷуб  надорад. Омилҳои ин падидаи нодир хело ҳам зиёданд ва онҳо то ин замон сабаби пешигрии паҳншавии касалии сироятии коронавирус дар кишвари азизамон мебошанд. Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мубориза бар зидди КОРОНАВИРУС  рузи 18.03.2020 ситоди доимоамалкунанда  таҳсис дода шудааст. Ситоди доимоамалкунанда масъалаҳои ташхис, омода намудани катҳои табобатӣ, таъминот бо таҷҳизот ва васоити ташхисро мавриди ҳаллу фасл ва назорати доимӣ қарор дода тамоми маълумот  ва хабарҳоро ба таври асоснок ба мардум мерасонад.  Дар ҳайни ҳол бо мақсади хобондани сироятёфтагон 3150 кати сироятӣ омода карда шудаанд. Ташкили дидбонгоҳҳои назорати санитарӣ дар 27 гузаргоҳи сарҳадӣ ва ба карантин фаро гирифтани  ҳамаи онҳое, ки аз кишварҳои дигар ба ҳудуди ҷумҳурӣ мегузаранд, яке аз тадбирҳои муҳим мебошад. Мувофиқи маълумотҳо  то имрўз зиёда 7257 нафар аз назорати карантин  гузаштаанд.

Аз ин ру, дар ин ҳолати хатарозо  шартҳои асосии  пешгирии он  ин интизом, идоракунии марказонидашуда,  риояи қарорҳои қабулкардаи  Ҳукумати ҷумҳурӣ, хабарҳои асоснок дар асоси хулосаҳои Вазорати тандурустӣ ва  ситоди амалкунанда мебошанд. Маҳдудсозии рафтуомади шаҳрвандон ба берун аз ҳудуди Тоҷикистон низ  яке аз омилҳои натиҷабахш мебошад.

Аз ин ҷиҳат,  шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки танҳо дар асоси дастуру супоришҳои муассисаҳои ҷавобгар  ва хабарҳои асосноки  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бо андеша амал намоянд ва ба овозаҳои бардуруғ дода нашаванд.

Шодмонбеков Ю.

Log in

create an account