Мақолаҳо

Шахсиятҳои бузурги нотакрори таърих

Ёд дорам давраи ҷавонӣ, даврае, ки пур аз умеду орзуҳо буданд. Ба назарам ҳама чиз зебо буду гувор. Рӯзҳо, моҳҳо сипарӣ шуданд ва дар як лаҳзаи кӯтоҳ он зебогӣ, он хотираҳои ҷавонӣ барбас рафтанд, чунки дар Тоҷикистони азизи мо ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Хаёл мекардам, ки дигар дар лабони ягон кас ханда намебинам, аллаи модарон ва садои шӯхи кӯдаконро намешунавам. Гарчанде, ки ҷавон ҳам будам ин фикрҳо сарамро вайрон мекарданд, бехабар аз он, ки ситора дар осмон пайдо мешавад, к ибо нури худ тамоми Тоҷикистонро равшану мунаввар месозад. Ситорае, ки ба дилҳо гармиву ба чашмҳо нур мебахшад.

Албатта ин ситора Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд. Ин шахсияти бузург тавонист, ки дар муддати ниҳоят кӯтоҳ ба ҷанги бемаънию беасосе, ки метавонист ба нестшавии миллати тоҷик орад, хотима диҳад. Ҳазорҳо одамони гурезаро, ки тарки хоки Ватани биҳиштосои Тоҷикистон карданд, ба Ватан баргардонад.

Аз рӯзҳои аввали ба роҳбарии ин кишвар расиданаш, ӯ сиёсати созандагӣ ва бунёдкориро пеша намуд, гарчанде, ки Тоҷикистон он вақт аз муноқишаҳои дохили хароб гардида буд ва дубора бунёд кардани он кори осон набуд ва на ҳар кас метавонист аз ӯҳдаи он барояд.

Маҳз хислати волои инсондӯстӣ ва раиятпарварии Эмомалӣ Раҳмон ӯро водор менамояд, ки мардумро ба сулҳу созиш, ҳамдигарбахшӣ ва аз нав обод кардани Ватани азизи худ ҳидоят намояд.

Изҳороти дилсӯзонаи Сарвари давлат ба дили пиру барно, ки дар ҳоли ноумедӣ қарор гирифта буданд, шуълаи умедро дубора равшан намуд.

Чун осори ҷанги хонумонсӯз ва харобиҳои даҳшатангез аз миён бардошта шуд ва дар қалбҳо умед ба фардо афзун гирифт, тадриҷан имконоти вусъат додани бунёдкорию созандагӣ ба миён омад.

Нахустин лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ оғоз ёфт. Бунёди роҳҳо, шоҳроҳҳо, биноҳои муассисаҳо, беморхонаҳо, иншоотҳо, осорхонаҳо, варзишгоҳҳо, корхонаҳо идома дода шуд.

Бунёди ҳамаи ин сохтмонҳо гарчанде, кори осон набуд, лекин шахси бузург тавонист ин ҳама корҳоро ба сомон расонад.

Имрӯз дар баробари Сарвари давлат саҳми фарзандаш, яъне раиси шаҳри Душанбе мӯхтарам Рустами Эмомалӣ – дар бунёдкориву ободонии Тоҷикистон хеле назаррас аст.

Маҳз бо кӯшишу талошҳои раиси шаҳри Душанбе имрӯз пойтахти Тоҷикистони азизамон ба як шаҳри зебову дилрабо табдил ёфтааст, ки аз тамошои он кас ҳаловат мебарад.

Дар ҳақи ин шахсони бузург чи қадар суханҳо гӯем ҳам кам аст, зеро кам андар кам шахсоне пайдо мешаванд, ки бар ҷомеъа нафърасон буданд ва ҷони худро дар хатар монда, барои зиндагии осоиштаи миллаташ мубориза баранд.

Имрӯзҳо боз такрор ба такрор он солҳои мудҳишро ба хотир меораму хурсанд аз он ҳастам, ки он рӯзҳо як хобби мудҳиш буданд, ки тез аз онҳо раҳоӣ ёфтем.

Ҳар лаҳзаву ҳар дам шукрона мекунам, ки дар чунин Ватани биҳиштосо, ободу осуда зиндагӣ дорам.

Омӯзгори МТМУ №8-и шаҳри Хоруғ

Султонмамадова Гулнор

Log in

create an account