Мақолаҳо

ИЛМИ ИНСОНМЕҲВАР Ё ИНСОНМЕҲВАРИИ ИЛМ

Як олами ноаён тамоми олами аёнро дигаргун сохт. Барои инсоният имконияте даст додаст, то мафҳуми мавҷудият ва дарки инсон будани худро бознигарӣ кунад. Ин имкониятро касалии коруно, ё худ CОVID-19 фароҳам овардааст. Мутаассифона, давлатҳои абарқудрат ҳанӯз ҳам дар такопӯйи онанд, то якдигарро ба чолиш кашанд ва гунаҳгор бароранд, дар ҷое ки метавонанд даст ба дасти якдигар дода алайҳи ин мараз қиём кунанд. Ҳадаф аз иншои мақолаи мазкур ёдрас шудан ва ёдрас кардан аз як мафҳуме, ки бархе аз мардуми сайёра дар тӯли даҳсолаи охир ба он рӯй оварда, дар фаъолиятҳои худ истифода бурда истодаанд ва муваффақ ҳам гардидаанд. Ин мафҳум бо номи “инсонмеҳварӣ” (человеко-ориентированное.., human centered...) маъмул аст ва он ба эҳтиёҷоти инсон равона гардидани тамоми амалҳоро дар назар дорад. Ба сухани дигар, ҳар фаъолият, ҳар лоиҳа ва ҳар барномае, ки тарҳрезӣ мешавад, дар маркази он ИНСОН, хоҳиш ва ҳавасҳои ӯ, ниёз ва эҳтиёҷоти ӯ, мақсад ва вазифаҳои ӯ, ҳозира ва ояндаи ӯ бояд мунъакис бошад. Дар сурати акс, амали анҷомшуда ва ё нақшаи амалишуда инсонмеҳвар нахоҳад буд. Чун аз мафҳуми инсонмеҳварӣ оғоз намудем, имконияти тақвияти онро барои илми имрӯзаи тоҷик ва ҷомеаи мо дар заминаи вазъи мавҷуда дида мебароем. Дар ибрози андешаҳои хеш аз лаҳзаҳо ва ҳолатҳои вазъи кунунии олам ва вазифагузориҳои Пешвои миллат дар назди аҳли зиёи мамлакат, ки рӯзи 18 уми марти соли 2020 баргузор гардида буд, мустафод хоҳем кард.

Аксари мардуми олам дар ин соатҳо дар хонаҳои худ маҳбасанд. Онҳоро корунои CОVID-19 маҳбас сохтааст ва шигифт он аст, ки ин маҳбусӣ ягона роҳи наҷот аз хатари маҳвшавӣ аст. Яъне маҳбус будан дар муҳити баамаломада мафҳуми ҳифозатро пайдо кардаст ва мардум ҳар чи талоши бештар бар чунин маҳбас буданро доранд. Бовуҷуд, маҳбаси ҳуҷра, хона, ҳавлӣ будан, ба хотири таъмини амнияти солимӣ бошад ҳам, гарон аст, чун новобаста аз мафҳум ва мазмуни имрӯзааш, вай маҳбусият аст. Он ба рўҳу равони инсон таъсир дорад - таъсири манфӣ. Ин таъсир натанҳо аз будан дар инзивоъ  ё карантин ба вуҷуд меояд, балки он, пеш аз ҳама, аз сабаби ин инзивоъ, ки бар бурузи COVID-19 ба вуҷуд омадааст, вобастагӣ дорад. Пайдоиш, густариш, интиқол ва интишори он боиси афсурдагӣ, тарс, хавотирӣ ва ташвиши кулли мардум гардидааст, зеро нақшаҳо вайрон, ҳадафҳо ноаён, одамон хонабандон шуданд. Тамоми он амалҳое, ки иҷрои онҳо барои мардум ба як тартиби муайян, дар вақт ва ҷойи муайян, аз тарафи одамони муайян, таҷҳизот ва ашёи муайян касб шуда буд, ба якборагӣ тағйири вақту макону таҷҳизоту ашёву ғайра намуд. Хонаҳо, ки макони ҷамъоии аъзои оила дар ҳар бегоҳ буданд, акнун ҷойи кору пайкор гардиданд, кӯдаконе, ки ҳар саҳар ба кӯдакистон ва боғчаҳо мерафтанд, акнун аз саҳар то бегоҳ ва аз бегоҳ то саҳар дар хона ҳастанд ва онҳоро бояд нигоҳубин кард, одамони аз умр бархӯрдор ва одамони калонсоли маризро низ бояд худ нигоҳубин кард, кори корхонаро бояд ба таври фосилавӣ аз хонаҳои худ анҷом дод ва амсоли инҳо. Номуайяниҳои зиёде арзи ҳастӣ намуданд ва тарсидан аз ин номуайяниҳо як падидаи табиӣ аст. Одамон аз аввали пайдоишашон дар робитаҳои қавии иҷтимоӣ қарор доштанд ва акнун худдории маҷбурӣ аз ин робитаҳо хеле сангин аст.

Вокунишҳои ҷисмонӣ ва эҳсосотии зиёде мавҷуданд, ки дар ин ҳолатҳо маъмул мегарданд. Эҳсоси ташвиш, изтироб ва фишори ғайримуқаррарӣ, эҳсоси парешонӣ, асабоният ва аз даст додани иқтидори андешаи амиқ, мушкили хоби бароҳат, канорагирӣ аз дигарон ва ҳамчунон, тарс аз рафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ, рӯ овардан ба ғизои носолим ва истеъмоли маводи мухаддир аз қабили машрубот, сигор ва ғайра бо умеди раҳоӣ ёфтан аз ноумедиву афсурдагӣ аз зумраи он аломатҳое мебошанд, ки инсони дар инзивоъ қароргирифта метавонад бо онҳо гирифтор гардад.

Ҳолату авзои дигаре низ арзи вуҷуд мекунад ва боис мегардад, ки инсон ба гузашта, ҳозира ва ояндаи ҳаёти худ ва ҷомеае, ки дар он зиндагӣ мекунад, ба авқоте, ки бар сари амалҳои ночиз ва бефоида исроф намуда буд, дар истифодаи дуруст ё нодуруст аз таҷҳизоти техникӣ ва технологияи муосир ва аз ҳама муҳимтар, дар баҳо додан ба муносибати худ ба дигарон ва муносибати дигарон бо худ, бо чашми дигар бингарад ва бо онҳо баҳои воқеӣ диҳад. Бо сухани кӯтоҳ, ҳолате, ки дар он фард ба қадри зиндагӣ мерасад, фароҳам меояд. Тамаркуз ва умеди мо бар ин аст, ки чунин ҳолат аз авзои аввала дида, бар инсонҳо зиёдтар рух хоҳад дод. Маҳз ҳамин вазъ ва чунин таҳлил метавонад ҷомеаи ояндаро фароҳам орад, ҷомеае, ки дар меҳвари ҳар рукн ва ҳадафи он ИНСОН меистад, ҷомеаи инсонмеҳвар.

Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ ва суҳбати хеш бо аҳли зиёи кишвар аз бурду бохти илми тоҷик ҳарф зада, дар давоми суҳбати озод бо аҳли толор, ҷӯёи андеша ва пешниҳодҳо доир ба ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи кӯдакон ва наврасон ба омӯзиши фанҳои даққиқ, табиӣ ва риёзӣ шуд. Табиист, ки ин хости Сарвари давлат маънои дарёфти фаврии андешаҳои бикр дар ин самт набуда, балки як вазифае, тааҳҳуде барои аҳли илм ва зиёиёни мамлакат буд. Ин тааҳҳуди танҳо андеша набуда, балки бар виҷдони ҳар нафаре, ки худро зиёӣ меҳисобад, уҳдадории абадист. Мо, падарону модарон, надорем он таҷрибае, ки омӯзгорони мактабҳо ва устодони донишгоҳҳо дар таълими насли нав доранд, вале ҳар як падар ва модари тоҷик таҷрибаи якумра тар тарбияи фарзанд дорад. Ҳамин таҷриба бароямон ҳуқуқи ибрози чанд андешаро фароҳам меорад ва “бошад, ки аз миёна яке коргар шавад” (ибора аз Ҳофизи Шерозӣ).

Ду истилоҳ, ду мафҳуме, ки имрӯз дар лексикони аҳли маориф ба ҳайси муродифи ҳамдигар истифода мешаванд, аниқтараш ҳамчун калимаҳои дугонаи ҷудонашаванда дар муошират ва истеъмол ҳастанд, “таълим” ва “тарбия” мебошанд. Ин ду калимаро ҷову беҷо, хоҳу нохоҳ, огоҳу ноогоҳ истифода мекунанд, вале оё аҳли маориф (таълимгарон, омӯзгорон, муаллимон, муаллифони китобҳои дарсӣ ва умуман маорифпарварон) талаботҳои хоси онҳоро муайяну мушххас намудаанд?! Оё маълум аст, ки кадом воситаҳо, ашё, аҷсом, фунун, кутуб, сухун ва дигару дигар дар таълим ва кадомашон дар тарбия мустафод мегарданд?! Оё тафриқа ва ҳамбастагии ин ду мафҳум муайян аст?! Оё омӯзгорон барои таълим ва тарбия ба таври алоҳида касби илм мекунанд?! Оё ҷанбаи илмии таълиму тарбия мунтазам таҷдид мегардад, яъне бозёфтҳо ва натиҷаҳои илмии тоза ҳар сари чанд вақт ба даст меоянд ва ба амалия иртибот мегиранд?! Ва саволи охирин: Оё кӯдакон медонанд, ки кадом замон ба таълим ва кадом вақт ба тарбия ҷалб ҳастанд?!

Агар ҳамаи ин масъалаҳо мушаххас бошанд ва айни амал қарор гирифта бошанд, ҳоҷат ба “кашфи дубораи дучарха” намемонад ва мо барои пурсишҳои беҷои хеш пузиш мехоҳем.

Президенти кишвар таъкид кард, ки “имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад”.Мусаллам аст, ки кулли анвои техникӣ ва технологиро мо аз мамлакатҳои хориҷӣ мегирем ва дар ин ҷода айбе нест, зеро ҳоҷати дубора ба ин ё он таҷҳизоти техникӣ вақт, захоири инсонӣ, зарфияти зеҳнӣ ва маблағро масраф кардан аз камоли хирад ва аз андешаи хирадмандӣ нест. Хуш ба ҳоли он миллат ва уламои миллате, ки чизи навро ихтироъ мекунанд ва дар хизмати аҳли башар қарор медиҳанд ва ин ихтироъ моли тамоми башарият аст. Дар ҳоли ҳозир сухан аз истифода аз технология ва таҷҳизоти технологӣ меравад, ки онро мо дар ин ҷо бо ду мафҳум: истифодаи оқилона ва истифодаи ғайриоқилона мавриди муҳокима қарор медиҳем.

Имрӯз дар дурдасттарин рустои Тоҷикистон оилае нест, ки дар он як ё ду адад телевизор набошад ва ҳамчунон, ҳар ду ё се нафар узви оила дорои телефонҳои ҳамроҳ ҳастанд ва аксари ҷавонони кишвар соҳиби ё компютерҳои мизӣ ва ё компютерҳои сабук астанд. Аз ин шумора ба ҳисоби миёна як нафарӣ нишонии шахсии худро дар шабакаҳо иҷтимоӣ, амсоли Viber, WatsApp, Imo, Telegramm ва мисли инҳо доранд ва бо ҳамин иртиботи худро бо тамоми олам барқарор нигоҳ доштаанд. Аксари мардум дастрасии пурра ба Facebook, YouTube, Odnokassniki ва Instagram доранд. Саволи матраҳ ин аст, ки оё ҳамаи ин шабакаҳои иҷтимоиро мардуми мо ва махсусан, кӯдакону ҷавонон, оқилона истифода мекунанд? Оё таҳлил ва арзёбие дар ин ҷода аз тарафи ягон сохтор ё ташкилот гузаронда шудааст, то сабабу натиҷаҳои онро ҷамъу тарҳ, ҳаллу фасл карда, роҳи оқилона истифода бурдани онҳоро пешниҳод намояд?

Таҷриба нишон медиҳад, ки кулли мардумони қаторӣ ва аксари зиёиён ба пойгоҳи  шабакавии Google сар намехалонанд, ҳол он ки тамоми масоили зарурӣ ва манобеи дархостшаванда дар ин пойгоҳ мавҷуд аст. Вале тамоми мардуми қаторӣ ва кулли ҷавонон, қисмати зиёиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ соатҳо ва ҳатто рӯзҳою шабҳоро мегузаронанд. Ба андешаи ин ҷониб, сабабаш масъалаҳои хусусӣ, фардӣ, гуфтугӯйҳои маҳрамона, тамошои наворҳои ҳархела ва саргармиҳои дигари ба табъу дил мувофиқ одамонро андармон месозанд ва аксар гузаштани вақт (гузаштани умр!) эҳсос намешавад. Қисми хеле ками мардумон, асосан ҷавононе, ки ба роҳи илм рафтаанд, ба шабакаҳо ва пойгоҳҳои сарчашмавӣ барои дарёфти ягон манбаъ медароянду халос.

Бар мегардем ба ҳолу аҳволе, ки тамоми олам дар рӯ ба рӯи он қарор гирифтааст. Бо вабое, ки бо номи CОVID-19 дар олам сайр дорад, мардуми олам бо ҳар восита пархош дорад. Инзивоъ ё худ карантине, ки аз он ёдовар шудем, яке аз он тадбирҳо ва воситаҳост барои пешгирӣ аз паҳншавии ин касалӣ аст. Мардум хона ба хона маҳдуд гардид.Оилаҳое, ки шумори аъзояшон зиёд аст, аз он шукр мекунанд, ки суҳбатҳои бештар ва тӯлонитар миёни онҳо сурат хоҳад гирифт ва бо ҳамин вақтро зудтар ва роҳаттар мегузаронанд. Оилаҳое, ки аз ду се нафар иборатанд, шукргузори он астанд, ки ташвишашон камтар аст ва ғами кӯдаку пиронсолро ҳифозат кардан надоранд. Вале ҳар ду оила ҳам ба муошират ва муносибати мустақим эҳтиёҷ ва ниёз доранд, зеро инсон дар иҷтимоъ худро озод ҳис мекунад. Моҳӣ бидуни об як санги беҷон аст.

Дар чунин вазъ шабакаҳои иҷтимоӣ мафҳуми худро дигар карданд, аниқтараш мардумон ба ҳадафи асосии ин шабакаҳо мерасидагӣ шуданд. Онҳо ягона воситае ҳастанд, ки хешону ақрабо, ёрону дӯстон, ҳамсояҳою ҳамкӯчаҳо, ҳамшаҳриҳо ва ҳамватанон ва умуман, кулли мардуми ҷаҳонро бо ҳам қарин месозанд. Акнун аз тамошои як лаҳзаи бозии кӯдакон дар як рустои дурдаст, ки тавассуи Facebook, Instagram ё Youtube пахш мешавад, дар муқоиса бо ҳазор навори беҳуда қадру арзиши бесобиқа касб намудаст. Як саломи самимӣ тавассути WhatsApp ва як байти дилсӯзона дар Imo қуввати дили садҳазорон нафар гардидааст. Акнун ибораи “ман туро дӯст медорам” на барои касеро мазоҳ кардан (мутаассифона, ҷавонон аксари вақт чунин ибораҳои малакутиро дар шабакаҳо барои мазоҳ истифода мекунанд), балки барои изҳори самимияти ҳақиқии дили худ ба модар, падар, хоҳар, бародар, рафиқу ҳамроҳ, дӯстдошта, ҳамсабақ ва ҳамаи онҳое, ки барояшон азиз астанд, арз мегардад.Чаро? Зеро эҳсоси он, ки дар гуфтани ин ибораи малакутӣ дер нашавад, дар қалбҳо ҳар бор ва тез-тез туғён мекунад. Бошад, ки сабақи гирифта мардуми оламро якдилу якҳадаф гардонад. Ва бар мост ва бар тамоми мардум аст, ки сабақҳои андӯхтаро қисмат кунем, бо ҳам бинем, ба наслҳоямон интиқол диҳем.

Насли имрӯза бояд бештар ва пештар ба қадри пешрафтҳои техникӣ ва технологӣ расад, зеро оқилона истифода бурдани он боиси сабук ва бароҳат гузарондани ҳаёт мегардад. Ёфтани роҳҳои фаҳмондани ҳадаф ва зарурати таҷҳизоти шуморавӣ, ҳар гуна технологияи компютерӣ ва мобилӣ ба кӯдакон ва наврасон, ҷамъоварӣ ва дар дастраси онҳо қарор додани ҳолатҳои воқеие, ки мардумон тавассути чунин таҷҳизот якдигарро: модар фарзанди муҳоҷирашро, фарзанд модари маризашро, хоҳар бародари дар сафари хизматӣ мондаашро, ҳамсар ҳамсари дар шифохона бистарӣ будаашро чӣ тавр тавассути фиристодани наворҳо, суханҳо, дуоҳои худ рўҳбаланд намуданд ва ба ҳам расонда шифо бахшиданд, таваҷҷуҳ ва иштиёқашонро ба илмҳои дақиқ, илмҳои техникию технологӣ меафзояд. Замоне, ки кӯдак ё наврас худро дар оянда як эҷодкори барои ҷомеа зарур тасаввур мекунад, ӯ ба эҷоди бузург қодир хоҳад буд.

Мушоҳидаи расонаҳо, дастгоҳҳо ва пойгоҳҳои ахбор нишон медиҳад, ки зиёда аз 80 % онҳо маълумоти мазмуни манфидоштаро дар хусуси касалии мавҷуда пахш мекунанд; аз 5 то 7 % маълумоти таҳлили илмӣ ва аз 10 то 12 % маълумоти тарғиботӣ барои пешгирии он гузориш мешавад. То рӯзҳои наздик  дар сарчашмаҳо ва пойгоҳҳои ахбордиҳанда танҳо аз шумораи нафароне сухан мерафт, ки ба касалии CОVID-19 гирифтор шудаанд, вале дар хусуси он ки чанд нафар аз он шифо ёфтанд, камтар маълумот пахш мешуд. Акнун тасаввур кардан мушкил нест, ки ахборе, ки аз гирифторӣ ба касалӣ, маргумир аз он ва заифии ҷомеа дар пешаш пахш мешавад, то чӣ андоза ба тасаввур ва тафаккур, эҳсосу андешаи кӯдакон ва наврасон таъсирпазир мегардад. Оё чунин аҳвол қимати илмҳои табиӣ ва тибро дар назари онҳо камарзиш намесозад?!

Барои ҳамаи мо, волидайн, омӯзгорон, олимони муҳтарам ва кулли зиёиён имконияте фароҳам омадааст, то вазъи кунунии оламро барои тақвияти ҷомеаи худ дар оянда ҳамчун як ҷомеаи бар натиҷаҳои илмӣ амалкунанда истифода намоем. Барои кӯдакон ва наврасон барномаҳо, наворҳо, суҳбатҳо, дастурҳоро дар масоили сабабҳои пайдоиши касалиҳои гузаранда (натанҳо CОVID-19), роҳҳо ва сабабҳои гузариши онҳо, роҳҳои пешгирии онҳо (бар асоси далелҳои илмӣ), кӯшишҳои аҳли илмҳои табиӣ ва тиб дар пайдо намудани доруҳо ва таҷҳизот барои шифобахшӣ, махсусан доруҳои табиӣ (дар заминаи намунаҳои ҷаҳонӣ ва махсусан таҷрибаҳои таърихии илми тоҷик), фидокориҳои олимону табибон бо мисолҳои мушаххас ва амсоли инҳоро омода намудан ва сабақ омӯзондан, бидуни шубҳа, онҳоро иштиёқманди ин анвои илм мегардонад.

Истифода аз далелҳои илмӣ дар нишон додани пешгирии ҳар касалии сироятӣ он маъно дорад, ки кӯдак ва наврас бояд бинад ва дарк кунад, ки кадом модда ё ҳуҷайра ё ҷузъи масалан, собун ё маҳлул, кадом намуди микроби касалиро ва чӣ тавр маҳв месозад. Тасаввур кунед, агар як навори дудақиқагии тасвирӣ дар бораи муборизаи собун (маҳлул) бо микробҳо ва ё таъсири дору ба мариз ба кудак ё наврас нишон дода шавад, то чӣ андоза эътимоди ӯ ба илмҳои табиӣ ва тиб меафзояд. Шояд ин андешаҳо дар назари хонандаи азиз содалавҳона ва сарсарӣ намоянд, вале аксари мардуми олам аз онҳо мустафоди воқеӣ мекунад.Шукронаи беҳад, ки мамлакати мо то ба имрӯзҳо аз хатарҳо эмин аст, бовуҷуд қисмате аз ҳамватанонамон дар мамолики дигари олам дар чунин вазъ қарор доранд. Бар заммин ин, тафриқа надорад, ки кӣ ва дар куҷо аст, зеро тамоми башар аз як башарияти воҳид аст ва “чу узве ба даст оварда рӯзгор, дигар узвҳоро намонад қарор” (сухани Саъдии Шерозӣ).

Пешвои миллат роҳбарияти вазорати маориф ва илмро муваззаф кард, то “дар асоси талаботи нав ва бо мақсади мутобиқ сохтан ба меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин, баланд бардоштани сифати таълим, стандартҳои давлатӣ ва нақшаву барномаҳои таълимиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҷдиди назар намояд”. Вазифаи мушаххас барои аҳли маориф!

Инсонмеҳварии барнома ва лоиҳаҳо барои аксари мамлакатҳои мутараққӣ аллакай яке аз меъёрҳои байналмилалӣ ва стандартҳои давлатӣ қарор гирифтааст. Ҳар барномае, ки таҳия мегардад ва ҳар лоиҳае, ки амалӣ мешавад, дар маркази он бояд инсон бо тамоми ҳастияш қарор гирад. Ҳадафи ҳар амал бояд инсон бошад, на даромад, ашё, таҷҳизот, бино, иншоот, техника ё чизи дигар. Илм бояд рӯ ба ҳамин ниҳад, то ба ҳадафи аслии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки “таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванд” аст, расем. Дар акси ҳол тамоми кӯшиш номуваффақ хоҳад буд.

Ба як ҷумлаи дигари Сарвари кишвар таваҷҷуҳ мекунем, ки ба ҷавонони ватан нигаронида шудааст: “Ҷавонон, ки ояндаи мамлакат мебошанд, бояд аз ақидаҳои хурофотӣ дур бошанд, донишҳои муосирро ҷиддӣ омӯхта, ҳар як рӯйдоди ҷомеаро аз нуқтаи назари илму мантиқ таҳлил кунанд ва дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд”. Инҷониб фикр мекунам, ки ин вазифаи мо - устодону омӯзгорону зиёиён аст, то ҷавононро ба донишҳои муосир муҷаҳҳаз созем ва аз гароидан ба гурӯҳҳои ифротӣ боз дорем. Дар ин самт бояд аз нақши муассири илмҳои инсоншиносӣ ёдовар шуд ва рӯ ба мактаби онҳо ниҳод.

Боре табибонро дар ҳузурашон ситоиш кардам ва гуфтам, ки арҷмандтарин касон шумоед, зеро Худованд бароятон яке аз масъулиятҳои худ – шифо бахшидан ба беморонро ҳадя намудаст. Табибе аз миёни табибон баланд шуд, аз арҷгузории банда ба касбу ҳунарашон ташаккур хонд ва дар ҷавоб чунин як ҷумлаи шигифтангез гуфт: “Касби табибӣ ҳақиқатан касби пуршараф аст, вале мо ба мардуми адабшинос қоилем. Мо табибон бо одам сару кор мегирем, вале шумо, аҳли адаб, бо одамгарӣ. Агар дар одам одамгарӣ, инсоният набошад, ҳоҷати ӯро табобат кардан нест”. Маро ин сухан хуш омад ва онро гаштаю баргашта дар суҳбатҳо ба ёд меорам. Ба илмҳои ҷомеашиносӣ, хоса илмҳои гуманитарӣ бояд диққати аввалиндараҷа дод, то дар илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ муваффақ шавем. Ҳисси ватандӯстӣ, ҳунари созандагӣ, худшиносии миллӣ, таҷрибаи миллии давлатдорӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва амсоли онҳо, ки Президенти мамлакат гаштаю баргашта барои мо ёдрас мекунад, пеш аз ҳама, тавассути забони модарӣ, ганҷинаи адабиёти маърифатию ахлоқӣ, намунаҳои таърихи миллат, орзую омол ва тасвирҳои шигифтангези бадеӣ дарку ҳиссу тарбия мегарданд. Заминаи муҳаббат ва иштиёқи насли наврасро ба улуми табиӣ, дақиқ ва риёзӣ илмҳои инсонӣ падид меоранд. Дар маҷмӯъ бошад, муҳаббат ва иштиёқи ҳамаи илмҳоро дар дил, тасаввур ва андешаи кўдакону наврасон бар мабнои тақвияти чанд масъала, ки аз сетои онҳо дар зер ёдовар мешавем, пайдо ва мустаҳкам намудан мумкин аст:

ОХОННИЁЗОВ Варқа – доктори илми филология, сарходими

илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмҳои

гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АИ ҶТ

Log in

create an account