Мақолаҳо

Даъвати баҳории ҷавонон ба сафи артиш дар ВМКБ сад дар сад иҷро гардид

Чӣ тавре аз таърих ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешои миллат муҳтарам Э.Раҳмон аз солҳои аввали ба сари қудрат омадан, ба ҷавонони бонангу ор, ватандусту меҳанпараст такя намуданд.

Имрӯз низ ҷавонон як бахши бузурги нерӯи коргари ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти онҳо кори басе муҳим аст. Ин масъала барои кишвари азизи мо ҳанӯз аз замони тоза ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аҳамияти хосса дошт.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қувваҳои мусаллаҳи кишвар, душвориҳоро паси сар намуда, ҳифзи сохти конститутсионии давлат, тамомияти арзии кишвар ва якпорчагии Ватани азизамонро аз душманони дохиливу хориҷӣ таъмин намуданд.

Имрӯз артиши ҶТ ба як сохтори воқеан муташаккилу муназзам ва нерӯи боэътимоди ҳифзи манфиатҳои давлати табдил ёфтааст. Таи ин солҳо қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби ҷавонони далеру шуҷоъ таъмин гардид ва тавонист эътимод ва боварии мардуми кишварро ба пуррагӣ ба даст орад.

Боиси ифтихори ҳар як истиқоматкунандаи ВМКБ аст, ки дар рузи дувуми даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ҷавонони бонангу номус ва ғурури баланди миллӣ доштаи минтақаи куҳистони мо ба таври худихтиёрӣ ба хизмати Ватан модар, ки вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавонмард аст, равона гардида, дар миқёси кишвар яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъвати баҳориро мо тавонистем сад дар сад иҷро кард.

Имруз артиш ин мактаби ҷавонмардӣ буда, ҷавонони кишвар дар онҷо обутоб меёбанд. Шароитҳои маишиву мадании аскарон рӯз аз рӯз хуб шуда истода, сарбозони Ватан зери таваҷҷӯҳи доимии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, Президенти кишвар, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Дар охир ба ҳамагон гуфтаниям, ки даъвати баҳории ҷавонон ба сафи артиш дар ВМКБ сад дар сад иҷро гардид.

Пирумшо Саодатқамов

нафақахур, сокини ш.Хоруғ

Log in

create an account