Мақолаҳо

Сомонаи «Ахбор.ком» террористӣ эълон гардид

Чӣ хеле ба ҳамагон маълум аст, рузи 08.04.2020 дар сомонаҳои интернетӣ Ҳалномаи Суди Олии ҶТ оиди бастани сомонаи «Ахбор.ком» дар ҳудуди ҶТ ва манъи воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуд.

Ин як амри хайр баҳри таъмини асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлатии ҶТ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон пешгирӣ кардани фаъолияти террористию-экстремистӣ мебошад.

Ҳалномаи Суди Олӣ дар таърихи 19.03.2020 эътибори қонунӣ пайдо кардааст. Дар асоси ҳалномаи Суди Олӣ сомонаи интернетии «Ахбор.ком» ва «наҳзат.ру», ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «ҲНИ», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигар созмону гуруҳҳои террористиву экстремистӣ хидмат мекард, баста гардид.     

Сармуҳаррири сомонаи «Ахбо.ком» Мирзои Салимпур низ мисли «арусак» дар назди хоҷагони хориҷиаш мақолаҳои иғвоангези ташкилотҳои террористӣ-экстремистиро паҳн намуда, барои баста шудани ин сомона замина гузошт.

Чанде қабл, дар сомонаҳои интернетӣ мақолаи бародари М.Салимпурро бо номи «Мактуби кушод ба Мирзои Салимпур–иғвогари рақами 1» мутолиа намудам. Пас аз ин, аз беномусиву ноҷавонмардӣ ва фурухта шудани Салимпур огоҳ шудам.

Аз ҷумла бародараш ба М.Салимпур хитоб карда гуфтааст, ки «ту бидон, ки «маҳз беномусии ту сабаби асосии марги падару модарамон шуд». Мaн тоҷирам на бозичаи дасти дигарон, ягон кас дари хонаат барои пул ва на барои чизи дигар нарафтааст, ман ҳамаи хонаю дарам ва тиҷоратамро бо меҳнати худам сохтам.
Мисли ту ду маротиба бо пули давлат ба истироҳатгоҳи «Артек» нарафтаам. Ман донишгоҳеро хатм накардаам. Барои ман касе хона насохтааст, маро мисли ту бо пули қарз зан надодаанд.
Биё як маротиба таҳлил мекунем, ки бренди Мирзои Салимпур ба хонадони мо, шахсан ба ман ва Ватанамон Тоҷикистон, чӣ суд ё зиёне овардааст». Умуман ин мақола саршор аз ноҷавонмардиву ноӯҳдабарои М.Салимпур дар назди оила ва ҷамъият гувоҳи медиҳад.

Имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ баҳри ободии кишвари худ аз як гиребон сар бароварда кӯшиш менамояд, ки кишвари худро обод кунад. Мардуми меҳнат қарини тоҷик саҳифаҳои талхи рӯзҳои ҷанги шаҳрвандиро ҳеҷ вақт аз хотир фаромӯш намекунад. Сомонаи «Ахбор.ком» ба мардуми тоҷик умуман лозим нест.

Пирумшо Саодатқадамов,

нафақахур, сокини ш. Хоруғ

Log in

create an account