Мақолаҳо

Тоҷику қирғиз бародари якдигаранд

Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, пас аз оғози асри 21 дар сиёсати як қатор давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ тағйиротҳои куллӣ ба амал омада, дар таърихи ин кишварҳо дар саҳифаи нав сабт гардид.

Кишварҳои абарқудрат дар якчанд давлатҳои собиқ Шуравӣ, ки мехостанд, дар онҷо аз манфиатҳо бархурдор гарданд, бо дасти мардуми минтақа дар як қатор давлатҳои собиқи ИҶШС «инқилоби сабз», «инқилоби зард» ва дигар намуди «инқилобҳо»-ро ба амал оварда, вазъияти минтақаро ноором намуданд. Дар натиҷа дар ин давлатҳо ғасби ҳокимият аз тарафи гуруҳҳои манфиатдор рух дод.

Ба сиёсати дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бо кишвари мо ҳамсарҳад аст, давлатҳои абарқудрат дахолат намуда, бо шиорҳои «демократия» ва «озодии мардум»  инқилобҳои хунин ташкил карда, аввалин  Президенти кишварро аз вазифа барканор ва аз ҳудуди минтақа бо дасти худи мардуми қирғиз берун карданд. Сиёсати дхиливу хориҷии ин давлат пас аз ин ба куллӣ бо ҳамсоягонаш тағйир ёфт.

Масъалаи сарҳади байни кишвари мо ва давлати қирғиз ба амал омада, то айни замон ҳалли худро наёфтааст. Давлатҳои манфиатхоҳ мехоҳанд бо ҳар роҳу восита муносибати давлати ҳамсояро бо Тоҷикистони азизи мо сард намоянд.  Равандҳои пурпечутоби зиндагӣ дар системаи кунунии дунё нишон медиҳанд, ки дар ҳар як амали ба вуқуъ омада, дасти давлатҳои сеюм ҷой дорад.

Сиёсати имрузаи ҷаҳон тақозо мекунад, ки халқиятҳояи давлатҳои кучак ҳамеша зираку ҳушёр бошанд ва барои ҳимояи суботи манфиати кишвараши худ камари ҳиммат банданд.

Аз роҳи мошингарди Исфара-Ворух садсолаҳо инҷониб ба мардумони тоҷику қирғиз хизмат расонида, барои пешрафти иқтисодиёти ҳарду давлат саҳми бузург дорад.

Мушкилоти асосие, ки имруз боиси сарзадани ҳаргуна нофаҳмиву ҷангҷол ва хархаша байни сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон гардидааст, ин муайян намудани ҳудуди роҳи Исфара-Ворух, ки аз марзи ин давлатҳо мегузарад. Аслан ин кори сиёсӣ буда, Сарварони ҳарду кишвар ва Ҳукумати ҳарду давлат бояд ин масъаларо баррасӣ намоянд.

Мо мардуми тоҷику қирғиз аз пайи зиндагии осоиштаи хеш бошем. Тоҷику қирғиз бародари якдигаранд. Дар охир аз забони шоири тоҷик Мирзо Турсунзода гуфтаниям:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем, мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем, мо.

Пирумшо Саодатқамов,нафақахур, сокини ш.Хоруғ

Log in

create an account