Мақолаҳо

Корбарии Радиои Озоди ҳам баста шавад

Пас аз он, ки дар сомонаҳои интернетӣ  навиштаҷотҳои яке аз мақомодорони баландпояи Амрико, Ҷим Ричро мутолиа намудам, хостам оиди фаъолияти «Радиои Озодӣ» дар ҶТ каме равшанӣ андозам.

Ҷим Рич, раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико рӯзи 13-уми апрел дар саҳифаи ин кумита дар Твиттер навиштааст: «Ман аз он ноумед шудам, ки президент Раҳмон ва вазорати умури хориҷии Тоҷикистон масъаларо ислоҳ накардаанд. Тоҷикистон бояд ӯҳдадориҳои байналмилалии худ ва вазифаҳои конститутсиониаш дар назди матбуоти озодро иҷро кунад ва ба тамоми кормандони Радиои Озодӣ аккредитатсия бидиҳад, то онҳо тавонанд озод фаъолият кунанд».

Аслан ибрози ноумедии Ҷим Рич пас аз он аст, ки вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ба 8 нафар кормандони Радиои Озодӣ, аз ҷумла мудири муваққатии намояндагии он дар Тоҷикистон акредитатсияи кор надодааст. Радиои Озодӣ бо вуҷуди дархостҳои ба такрор дар бораи иҷозаи фаъолият ба чанде аз хабарнигоронаш ҳеҷ посухе аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нагирифтааст.

Мехоҳам ба намояндаи баландпояи Сенати Амрико расонам, ки талаботҳои Қонуни кишвар «Дар бораи матбуот» барои ин радио арзише надорад. Гарчанде радиои Озодӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ якчанд маротиба барои ба пойгоҳи ифротӣ табдил додани минбари радио таъкид ва огоҳ карда шуда бошад ҳам, боз ба сиёсати дохилии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дахолат намуда, заминаи нави ҷанги шаҳрвандиро мехоҳанд муҳайё месозад.

Бозиҳои пасипардагии роҳбарияти радиои Озодиро мардуми тоҷик имрӯз дарк намудааст ва дигар хатогиҳои солҳои 90-уми қарни гузаштаро такрор нахоҳанд кард.

Ташаббусҳои ғаразноки кунунии роҳбарони Паймони миллӣ, ки зери парчами ТЭТ ҲНИ қарор доранд, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, алахусус Радиои Озодӣ дар хориҷа ба паҳн намудани афкори носолими худ, ки мазмуни эктремистиву террористиро дорад, машғул мебошанд.

Роҳбари ТЭТ «ҲНИ» М.Кабирӣ бо њаммаслакони худ борҳо тавассути ин радио суҳбату гуфтушунидҳо анҷом доданд ва онҳо намехоҳанд дар кишвари тоҷикон ободу рушд намояд ва сулҳу амният пойдор бошад. Яъне, фаъолияти «Радиои Озодӣ» зидди манфиатҳои миллианд.

Дар охир ҳамчун як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпараст, аз Вазорати корҳои хориҷӣ хоҳиш менамоям, ки фаъолияти Радиои Озодиро дар ҳудуди Тоҷикистон қатъ намоянд.

Девонашоев Сидиққадам, сокини шаҳри Хоруғ

Log in

create an account