Мақолаҳо

AKHBOR.COM – СОМОНАИ ИҒВОАНГЕЗ

Дар марҳиллаи ҳозираи таърихӣ ва зиддияти ҷаҳонӣ таъмини мўътадилияти инкшофи ҷомеъа аз воситаҳои ахбору иттилоотӣ хело ҳам вобаста аст. Ба андешаи мо шабакаҳои иҷтимоӣ ва   воситаҳои ахбои омма бояд имрўз ба  авзои ҷомеъа ва дастовардҳои беназири инсоният воқеъбинона ва бо мақсади пешрафт назар кунанд. Аммо мутасифона дар ҷаҳони муосир неру ва ниҳодҳое мавҷуданд, ки ба хотири расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ натанҳо ҷангу ифродгароӣ, тероризм ва радекализми диниро тарғибу ташвиқ мекунанд, балки ба ҳар роҳ онҳоро дастгирӣ мекунанд. Идеологҳои экстремизми динӣ  дини мубини Исломро чеҳраи сиёсӣ дода ба воситаи он мақсадҳои гуруҳии худро пиёда намоянд.  Бештари ин гуруҳо имрўз дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буда бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ аз ҳар восита  истифода мебаранд. Ба ҳар як ҳодисаи ба вуқўъомада бардуруғ баҳогузори намуда бо ин восита мехоҳанд дар миёни ҷомеа иғво ангезанд. Яке аз чунинҳо сомонаи  мамнўъ дар Тоҷикистон “Akhbor.com” мебошад. Akhbor.com бемуболиға сомонаи иғвоангез буда, доимо ба бадномкунии шахсиятҳои шинохтаи таърих, фарзандони фарзонаи миллат, муқобилгузории маҳалҳою минтақаҳои  гуногуни  кишвари азизамон бо ҳамдигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ машғул мебошад.  

Аъзоён, бахусус ташкилкунандагони ин сомона бо амали иғвоангези худ мехоҳанд сиёсати  якпорчагии  кишвар, Ваҳдату ягонагии  миллати куҳанбунёд, сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллатро халалдор сохта, барои расидан ба ҳадафҳои  нопоки худ мардумро дар зери  ҳар гуна шиорҳои беасос ба маҷрои сиёсӣ даъват намоянд. Тавассути сомонаҳои интернетӣ ҳар гуна наворҳои беасосро пахш намуда, аз мардуми кишвар, алалхусус ҷавонон барои амалӣ намудани  нақшаҳои ғаразноки худ кӯмак талаб мекунанд.  Чизе ки дар шабакаҳои интернетӣ ифшо мекунанд  ҳақиқатро надошта, баръакс боиси нафрати сокинон мегарданд. Ба ин хотир мануъ эълон намудани ин сомона  дар Тоҷикистон саривақти буда аз ҳамватанони азизи худ,  бахусус ҷавонон даъват менамоем, ки фириефтаи  беадолатиҳои ин хоинҳои миллату давлат нашаванд.

Н.  Саидрахмон

Log in

create an account