Мақолаҳо

Ватандӯстӣ ба гуфтору кирдор бояд бошад

Баъди ба имзо расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» (аз 4 марти соли 2020, №1466) дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат  ҷиҳати сафарбар намудани наваскарон ба хизмати ҳарбӣ корҳои зиёд амалӣ гардид.

   Бахусус, масъулини марбутаи ноҳияи Мурғоб дар ин самт хеле фаъол буданд. Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки корҳое, ки масъулини ноҳияи Мурғоб дар ин самт анҷом доданд шоистаи таҳсин аст. Онҳо ба тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, далериву шуҷоат ва боло бурдани ҳувияти миллӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, нақшаи даъватро 146 фоиз иҷро карданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар кишвар ВМКБ аввалин шуда нақшаи мазкурро иҷро карда буд.

  Аз даъват то даъвати дигар дар ноҳияи Мурғоб ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ  барои ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иқдомҳои зиёди зиёди тарғиботию ташвиқотиро амалӣ шуда, дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти дахлдор суҳбату вохӯрӣ баргузор шуд.

  Дар ин чорабиниҳо волидонро даъват карданд, ки барои сафарбар кардани фарзандонашон ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ монеа эҷод накунанд. Зеро тарбия аз оила сарчашма мегирад ва  падару модаронро  зарур аст, ки фарзандонро дар рӯҳияи дӯстдории Ватан ва сарзамини аҷдодӣ ба воя  расонанд.

Натиҷаи ин чораҷӯиҳо буд, ки ноҳияи Мурғоб тайи чанд соли охир аз аввалинҳо шуда, аз иҷрои нақша бо сарбаландӣ баромад.

Дар баробари ин, имрӯзҳо шумораи зиёди ҷавонон ихтиёрӣ ба Комиссариати ҳарбии шаҳр омада, барои ба хизмат рафтан худро номнавис карда истодаанд, ки ин ифтихору сарбаландии на танҳо ҷавонони шуҷоу далер, балки волидайни онҳо, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣи ноҳияи Мурғоб  мебошад.

  Ҷавонони ноҳияи Мурғоб хуб дарк кардаанд, ки дар назди Қувваҳои Мусаллаҳ вобаста ба ҳимояи соҳибихтиёрӣ, ҳифзи сулҳу субот, манфиатҳои давлат ва амнияти шаҳрвандон вазифаҳои бисёр пурмасъулият, вале пуршараф гузошта шудаанд. Муҳим он аст, ки артиши 27 сол қабл амалан дар ҷойи холӣ таъсисдодаи Пешвои миллат имрӯз ба як сохтори муқтадир, муназзам ва боэътимод табдил ёфтааст.

  Бо назардошти муҳимияти масъала Пешвои миллат  Паёми худ ба Маҷлиси Олӣзикр карданд, ки «саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар – Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд».

   Бовар дорем, ки ҷавонони ноҳияи Мурғоб ҳамрадиф бо дигар ҷавонони кишвар бо интизоми қавӣ, рӯҳияи шикастнопазири ватандӯстона ва садоқат ба Ватани маҳбубамон хизмати Модар - Ватанро ба ҷо меоранд.

 Мирзозода А,

таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ

Log in

create an account