Мақолаҳо

ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТИИ ҲНИ ДАР ХОРИҶӢ КИШВАР

Ташикилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом, ки фаъолияти он бо қарори Суди Олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, зимни фаъолияти худ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ ва хориҷа ба таври фаровон усулҳои пинҳонкориро истифода мебурданд ва бурда истодаанд. Сабаби истифода бурдани усули пинҳонкорӣ ин нигоҳ доштани ҳадафҳои ниҳоии худ ва бадин восита, ба чашми аҳли ҷомеа хок пошидан аст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ҳангоми бо таври расмӣ фаъолият доштанаш чи мехост ва кадом амалҳоро ба сари мардуми тоҷик овардани буд. Аз тарафи кадом давлат мавриди маблағгузори қарор гирифта, супориши кадом давлатро иҷро мекард. Айни замон роҳбарон ва тарафдорони ҲНИ дар кишварҳои Аврупо қарор дошта, кушиш менамоянд, ки бо роҳҳои гуногун обруи аз даст рафтаи худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор созанд. Муддати 5 сол аст, ки роҳбар ва тарафдорони ин ҳизб дар кишварҳои Аврупо умр ба сар мебаранд. Дар ин муддат онҳо номи ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ-ро ба Паёмони миллии Тоҷикистон (ПМТ) иваз намуданд. Аммо, тарафдорон ва аъзоёнашон вокунишҳои бофта ва беасоси худро дар шабакаҳои Интернетӣ то ҳануз паҳн намуда истодаанд. Ба назар чунин мерасад, ки аъзоёни ҲНИ-ПМТ намехоҳанд дасти муборизаро фуру диҳанд ва баръакс талоши онро дорад, ки мавқеъи аз даст рафтаи худро то ҳадди имкон барқарор созанд. Барои ҳамин онҳо намуди зиёди хабару, ҳодисаҳоро рангу бори сиёси дода онро ба манфиати худ истифода мебаранд.

ҲНИ ҳамчун як ячейкаи динни дар аввал ба миён омада, бад аз он рангу бори сиёсиро гирифт ва хост бо роҳи сиёси ба сари мардуми тоҷик динеро, ки ин миллат зиёда  аз ҳазор сол пайрави мекунад, аз нав омӯзонда онро ҳамчун як ричаги сиёси барои ба даст овардани Ҳукумат истифода барад. Ин мақсади нопоки ҲНИ бо рафти айом сазовори ҳадафаш шуда натавонист ва ин кирдори онҳо ба ҳамагон аниқу фаҳмо шуд. Ягона дастоварде, ки ин ҳизб дар равиши Тоҷикистон ба миён овард, ин иштироки он дар ҷанги шаҳрванди ва қурбонии даҳҳо ҳазор шаҳрванд аст.

Баъди нокомиҳои пай дар пай ҲНИ ба тақдири худ тан надода, дар кишварҳои Аврупои то ҳол ба иғвогароӣ машғул шуда истодаанд. Бо чунин амали ноҷавонмардона ва афсонаҳои бофта кушиш доранд, ки ба ҷавонони ҷумҳури таъсир гузоранд. Агар, онҳо ватандӯст мебуданд, зодгоҳашонро тарк накарда, аз мулки бегона истода, сӯи Тоҷикистон ва мардуми худ санг намепартофтанд.

Аз ин рӯ, мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки худ ва хешовандонашонро аз чунин падидаҳои номатлуб эъмин нигоҳ дошта, ба бозиҳои дуруғини ҲНИ-ПМТ бовар накунанд.

Икромбеков М.,сокини ш. Хоруғ

Log in

create an account