Мақолаҳо

Тоҷикистон хостори дустӣ бо Қирғизистон аст

Пас аз пош хурдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ давлатҳои собиқи он бо навбат Истиқлолияти давлатиро ба даст оварда, ҳар кадом пасопеш худро озод эълон намуданд.

Абарқудратҳо аз ин истифода намуда, бо омадани қарни 21, барои мустаҳкам намудани манфиат ва нуфузи худ дар минтақаи Осиёи Миёна, аз ҳамаи роҳу воситаҳо истифода бурда, мавқеи геополитикии худро дар минтақа густариш дода истодаанд.

Давлатҳои ғарб бо баҳонаи «Озодии сухан ва демократия» дар як қатор давлатҳои собиқи Шуравӣ таҳти барномаҳои махсус «инқилоби сабз» ва «инқилоби зард»-ро рӯи кор оварда, мардуми минтақаро барои ғасби ҳокимият ва табаддулоти давлатӣ водор намуданд. Албатта, барои ҳамаи ин барномаҳои маблағҳои калони пулӣ ҷудо гардида, мақсади асосии онҳо пиёда намудани сиёсати худ дар ин давлатҳои кучак мебошад. 

Ҷумҳурии Қирғизистон низ яке аз он давлатҳое, мебошад, ки ба сиёсати дохили ва хориҷии онҳо «дасти сеюм» дахолат намуда, пас аз соли 2000-ум якчанд инқилобро ба миён оварда, Сарварони давлат Аскар Акаев ва Феликс Куловро аз вазифа барканор ва аз ҳудуди кишвар берун карданд.

Баъд аз чунин воқеаҳо сиёсати хориҷии ин давлат бо ҳамсоягонаш, алалхусус Тоҷикистон тағйир ёфта, марҳила ба марҳила муносибаташ сард гардид.

Аслан сабаби сардшавии муносибати ду кишвар ин аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондани мушкилоти марзии аст, ки то айни замон ҳал нагардидааст. Ин мушкилотро имрӯз мо мушкилоти доғи рӯз  гуфта метавонем. Аз як тараф дар марзу буми ин ду кишвар ки доимо муноқишаҳои мусаллаҳонаи қирғиз ва задухӯрдҳои  сокинони  наздимарзӣ  аҳолиро ба миён оварда, амнияти шаҳрвандони ду тарафро халалдор гардонида истодааст.

Албатта ба касе пушида нест, ки ин мушкилот сулҳу суббот ва ваҳдати бо кушишҳои зиёд ба даст омадаи кишвари маҳбубамонро халалдор мекунад. Ин масъалаҳои баҳси марзии байни ин ду ҳамсоякишвар солҳои зиёд тӯл кашида истодааст, ки дар оянда метавонад боиси нооромии мардуми сулҳхоҳу меҳнатпарастӣ тоҷик гардад.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки  ҳама вақт посбони Сарҳади давлатии кишвари азизи худ бошад. Мардуми тоҷик, ки дар минтақаҳои сарҳадӣ зиндагонӣ мекунанд мехоҳанд бо сокинони ҳамсоякишварҳо тинҷу осуда ва дар фазои якдигарфаҳмӣ истиқомат намоянд.

Тибқи маълумоти  расонаҳои хабарӣ  маълумот додаанд, қисматҳои марзие, ки берун аз имкони аломатгузорӣ ҳастанд, дар мавриди иваз кардани он қисматҳо пешниҳодоти худро ироа кунанд. Ин ғамхории бевоситаи Пешвои миллатамон муҳтарам Э.Раҳмон буд, ки имрӯз ин ду кишвари дӯсту ҳамсоя аз як  гиребон сар бароварда  кору фаъолияти сиёсиву иқтисодии худро  пеш бурда истодаанд. Мо хостори он, ки байни мардуми ду кишвар сулҳу суббот танинандоз бошад. Ин халқиятҳо аз қадимулайём  бо ҳам дӯсту бародар буданд. Ин дӯстии онҳо бояд поянда бошад.

Дар охир гуфтаниям, ки Тоҷикистон хостори дустӣ бо Қирғизистон аст.

Пирумшо Саодатқамов

нафақахур, сокини ш.Хоруғ

Log in

create an account