Мақолаҳо

Хизмати Модар-Ватан

Зи ишқи Ватан ҷўш дорад дилам,

Ба ҳарфи Ватан гўш дорад дилам,

Ватанро бинозам, маро дар канор,

Чу модар гирифту намуд бахтиёр…

Барои Ватан ҷон фидо мекунам,

Ватан ҳарчи гўяд, адо мекунам.

Оре, ин  сурудро замоне ҷавонон замзамакунон  хонда бояк фахру салобати махсус, борхалтаи аскариро ба китф партофта, дуои падару модар ва  шахсони бузургсоли деҳаро гирифта, ба хизмати Модар-Ватан раҳсипор мешуданд. Тамоми ҳамдеҳагон аз хонаҳояшон баромада, бо дафу доира ба гусели аскарбачаҳо меомадем. Модарон нигоҳи меҳрубононаи хешро аз фарзандонашон наканда, шодӣ аз он мекарданд, ки фарзандонашон низ рисолати хешро дар назди халқу ватанашон адо хоҳанд кард. Падарон бошанд аз хизмати ҳарбии хеш мисол оварда, ҷавононро ба мардонагию қаҳрамонӣ ҳидоят менамуданд. Ҷавондухтарон худро оро дода бо шарму ҳаёи ба худ хос ба гусели ҷавонписарон мебаромаданд. Писарбачаҳо дар қалбашон орзуи ба хизмати Ватан рафтанро мепарвариданд. Кўдакон низ дар гирду атрофии мардум ҷамъ омада, шодию хурсандӣ, рақсу бозӣ мекарданд. Занони деҳа бо оҳанги хоси бадахшонӣ доира зада, базмро гармтар менамуданд.  Ин лаҳзаҳо аз замони кўдакиамон  то имрўз  дар пеши назари мо ҷилвагар мегардад.

Имрўз Тоҷикистони мо соҳибистиқлол гардиду ба хизмати фарзандони хеш эҳтиёҷ дорад ва хизмати Модар-Ватан қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванд аст.  Ҳар як модар мехоҳад фарзанди некўеро ба воя расонаду дар қалби ў меҳри халқу ватанашро ҷо намояд. Замоне ки дунё ноором аст, мо ва фарзандонамон бояд саъю кўшиш намоем, ки ватанамонро аз ҳар гуна хатари берунӣ  ҳифз намоем, то ки оромии диёри хешро нигоҳ дорем. Мо ҳама вақт хоҳони осмони поке ҳастем, ки дар он меҳру моҳ ва ситораҳои дурахшон нурафшонӣ менамоянд.

Броимшоева Муслима, мудири кафедраи забони тоҷикӣ

Log in

create an account