Мақолаҳо

МАРЗИ ВАТАН МИСЛИ ВАТАН МУҚАДДАС АСТ

Худи маънои вожаи “марз” ин  ҳад, ҳудуд,  сарҳад,  мамлакат, кишвар,  марзу бум сарзамин, кишвар буда,  барои ҳар як инсон муқаддас  мебошад.  Дар масири таърих гузаштагони пурифтихори халқи тоҷик арҷгузорӣ ба марзи Ватан, пос доштан ва муҳофизат намудани онро вазифаи муқаддас ва пурифтихори хеш дониста, баҳри ҳимояи он ҳатто ҷони худро низ дареғ намедоштанд ва ҳимояи онро қарз медонистанд.

 Шоирону адибон, таърихдонону таърихнависон ва бузургони мо баҳри  баланд бардоштани ҳисси ифтихор ва ҳимояи хоки муқаддаси Ватан ва марзу буми он асару достонҳо ва китобҳои таърихиро зери унвони “Марзбоннома” - ҳо иншову эҷод менамуданд.  Вале муттасифона дар шебу фарози таърих ба сарзамини паҳновари Хуросону  Мовароуннаҳри тоҷикнишин чандин борҳо аз назари тангчашмони турку муғул,  бодиянишинону кучманчиён  хати сиёҳи ҳудудӣ кашида шуд, ки натиҷаи тақсимоти беадолатонаи он имрӯз низ нофаҳмиҳоеро миёни кишварҳои ҳаммарзи Тоҷикистон ба вуқӯъ мепайвандад. Мусаллам аст, ки муқаддас будани марзу буми Ватан барои ҳамаи халқияту миллатҳо  хос аст, вале масъалаи марзӣ бояд дар доираи қонуниятҳои махсуси тақсимоти маъмурӣ ҳаллу фасл гардад. Он бояд бо факту далелҳо, аснодҳои махсуси таърихӣ ва шартномаву қарордодҳои махсусӣ дипломатӣ  роҳалҳои худро пайдо намояд. Таърихи марзи миллатро аз давраи аввалин давлати тоҷикон – Сомониён ба сафҳаи таърих ҳавола карда,  оиди марзи кунунии Тоҷикистонро мавриди факрронӣ қарор медиҳем. Имрўз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо  бо кишварҳои Афғонистон (1030 км), Узбекистон (640 км), Қирғизистон (240 км), Хитой (430 км) ҳамсарҳад мебошад. Аз он ифтихор дорем, ки бо шарофати Истиқлолияти комил ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якпорчагии Тоҷикистон ҳифз гардида, аз парокандагӣ наҷот ёфт.

Марзе, ки барои Тоҷикистон ҷудо гардидааст ва халқи тоҷик дар он умр ба сар мебаранд, нишонгари он нест, ки танҳо дар ҳудуди он оромӣ пойдор бошаду халос, балки барои тоҷикон ҳаммарз будан бо ин давлатҳо як ифтихори бузург аст. Зеро аз қадим ин халқиятҳо бо ҳамдигар дўстона зиндагӣ намуда, аз азал ҳамчун як халқи муттаҳид ва муаррифкунандаи сарзамини Шарқ сарбаландона зиндагӣ мекарданд. Ба ин хотир, имрўзҳо низ пайваста талош бар он доранд, ки бояд бо ҳамаи мамалакатҳои ҳамсояи хеш дўстона муносибат намуда, дар ҳамкорӣ бо ин давлатҳои ҳамсоя кўшиш бар он дорад, ки бояд ин сарзамин ҳамеша ором ва пайваста дар пешрафт бошад ва дар баробари дигар минтиқаҳои дигар ҳамқадам ва ҳамзамон бошад.

Суҳроб Мирзошоев

Log in

create an account