Мақолаҳо

Артиши кишвар бо ҷавонони ВМКБ мефахрад

Ҷавонон, ки дар ҳама давру замон бахши бузурги нерӯи коргари ҷомеа ба ҳисоб меравад, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти онҳо кори басе муҳим аст. Ин масъала барои кишвари мо ҳанӯз аз замони тоза ба истиқлол расидани кишварамон аҳмияти хосса дошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешои миллат муҳтарам Э.Раҳмон аз солҳои аввали ба сари қудрат омадан, ба ҷавонони бонангу ор, ватандусту меҳанпараст такя намуданд. Чи тавре, ки  Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ генерали артиш муҳтарам Э. Раҳмон, санаи 21-уми феврали соли ҷорӣ зимни баргузори Маҷлиси ботантанаи «Рузи таъсисёбии ҚМ ҶТ» зикр намуданд, дар солҳои аввали ташкилёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, мо ягон намуд теникаи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи муосир надоштем. Артиши миллии ҶТ аз сифр ташкил карда шуд. Сарбозону афсарони қувваҳои мусаллаҳи кишвар сарбаландона аз вазифаи ба зиммаашон гузошта шуда, баромаданд».

 Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар он солҳои мушкил, ҳамаи душвориҳоро паси сар намуда, ҳифзи сохти конститутсионии давлат, тамомияти арзии кишвар ва якпорчагии Ватани азизамонро аз душманони дохиливу хориҷӣ таъмин намуда тавонист.

Имрӯз артиши ҶТ ба як сохтори воқеан муташаккилу муназзам ва нерӯи боэътимоди ҳифзи манфиатҳои давлати табдил ёфтааст. Таи ин солҳо қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби ҷавонони далеру шуҷоъ таъмин гардид ва тавонист эътимод ва боварии мардуми кишварро ба пуррагӣ ба даст орад.

Чун солҳои пешин, дар рузи дувуми даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, садҳо ҷавонони бонангу номус ва ғурури миллӣ доштаи шаҳру ноҳияҳо ВМКБ ба таври худихтиёрӣ ба хизмати Ватан модар, ки вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавонмард аст, равона гардида, дар миқёси кишвар яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъвати баҳориро ин минтақаи зебоманзари Тоҷикистон сад дар сад иҷро кард.

Артиши кишвар имруз мактаби ҷавонмарди буда, ҷавонони имрузаи мо дар онҷо обутоб меёбанд. Шароити маишии аскарон хело хуб гардида, сарбозони Ватан зери таваҷҷӯҳи доимии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Дар хотима ба ҷавонони бонанги Бадахшон гуфтаниям, ки «артиши кишвар имрӯз бо ҷавонони ВМКБ мефахрад» ва «хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ин шараф аст».

Пирумшо Саодатқамов,

нафақахур, сокини ш. Хоруғ

Log in

create an account