Мақолаҳо

Дар кишвари мо «коронавирус» ба қайд гирифта нашудааст

Дируз тавассути сомонаҳои интернетӣ, «Радиои Озодӣ» бо нашри мақолаҳои бардуруғ, ки гӯё дар минтақаи шимоли кишвари мо як ҳолати гирифтории «коронавирус» ба қайд гирифта шудааст, мардуми тоьикро хост ба таҳлука афтонад.

Ростӣ, пас аз мутолиаи ин мақола мехоҳам андешаҳои худро оиди ин ҳолат, ки ба камина тавассути сомонаҳои дақиқи кишвар расидааст, интишор намоям.

Баъд аз фавтидани як марди 60-сола дар Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо нишонаҳои эҳтимолии «коронавирус» бистарӣ шудани  11  табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, ин бемористон таҳти карантини пурра қарор гирифта шуд. Наздикони беморе, ки рӯзи 31-уми март бо ташхиси «илтиҳоби шуш» ё «пневмония» фавтид, танҳо ҳоло пас аз марги марҳум эътироф кардаанд, ки ӯ аз кишвари ҳамсояи мо Қирғизистон баргашта буд.

Тибқи талаботҳои «карантин», ки имрӯз дар ҳамаи рӯи дунё фаъолият дорад, аз бемористон ягон табибу парастор ё бемор ва ҳатто заноне, ки чанде пеш таваллуд кардаанд, ҳаққи берун омадан надоранд. Қабули беморон ва аёдат кунандагон қатъиян манъ аст.

Аммо, ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, ки шоми 5-уми апрел аз ин бемористон дидан кардааст, дар даромадгоҳи он кормандони корҳои дохилӣ дидбонгоҳ гузошта, дар ҳавлии бемористон табибон, танҳо бо либоси махсуси зидди «коронавирус» ба чашм мерасидаанд. На танҳо духтурону посбонон, балки ҳамаи раҳгузарон ниқоби тиббӣ доштанд.

Иғвоангезиҳои хабарнигори Радиои Озодиро иньо фаҳмед, «нозирони дар дидбонгоҳ буда, ба хабарнигори мардумӣ гуфтаанд, ки бе иҷозати мутассадиён вориди бемористон шудан номумкин аст. Сабаби ин ҳолатро онҳо бо ҷумлаҳои кӯтоҳи “ду бемор таби баланд доранд, даробаро манъ аст” шарҳ доданд».

Боз хабарнигори радиои иғвогар, гуфтааст, ки «мақомоти ҳифзи тандурустии вилояти Суғд аз шарҳи ин ҳолат худдорӣ карданд. Як корманди соҳаи тандурустии Тоҷикистон, ба шарти ифшо нашудани номаш марги марди 60-соларо дар ин бемористон тасдиқ кард ва гуфт, 11 табиб ва парасторе, ки ин беморро муолиҷа мекарданд, рӯзи 5-уми апрел ба Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд».

Ба гуфтаи ин хабарнигори бетаьриба, вазъи Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури бемористони маркази ноҳияи Ҷаббор Расуловро вазнин арзёбӣ кардааст ва гуфтааст, ки номбурда, дар яке аз ин беморон дар беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи Хуҷанд дар ҳуҷраҳои алоҳида нигаҳдорӣ мешавад. Ҳол он, ки дируз навори сабт намудаи суханронии Абдукаримов Алишер тавассути сомонаҳои интернетӣ пахш гардид ва охирин вазъи саломатии худро хуб арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ӯ ягон бемор нест.

Дар охир ҳамватанони гиромӣ гуфтаниям, ки ба мақолаҳои бофтаҳову иғвогаронаҳои бовар накунед. Чунки, мехоҳанд вазъи ороми кишвари маҳбуби моро халалдор созанд.

Пирумшо Саодатқамов

нафақахур, сокини ш.Хоруғ

Log in

create an account