Мақолаҳо

Радиои Озодӣ! Дар Тоҷикистон «коронавирус» нест

Чи тавре аз таърихи инсоният маълум аст, аз соли 1817 то соли 1925 дар қитъаи Аврупо шаш пандемияи «вабо» ба амал омада, аз соли 1961 то 1963 бошад пандемияи ҳафтуми чунин бемориҳо ба вуқӯъ пайваст, ки аз шиддати онҳо одамони зиёде ҷони худро аз даст доданд.

Ҳамзамон, солҳои 1918-1919 сокинони як қисми кишварҳои дунё ба пандемияи бузурги зуком, ки бо номи "испанка" маъруф гардида буд, мубтало шуданд. Зимни ба вуҷуд омадани чунин бемориҳо, ё худ пандемияҳо зиёда аз 500 млн. одамон дар курраи замин зуком шуданд ва 20 млн. нафар аз ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд. Ҳамчунин, ин намуди пандемия соли 1957 арзи вуҷуд кард, ки хисороти зиёди ҷонӣ ва иқтисодиро ба амал овард.

Муттаасифона, чунин падидаи номатлуб имрӯзҳо ва махсусан, дар се моҳи охир бо номи пандемияи «Коронавирус» ба вуҷуд омадааст, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ва аз шиддати он дар рӯзҳои охир дар аксарияти давлатҳои дунё паҳн гардида, зиёда аз 1млн. 220 ҳазор нафар сироят ёфта, ҳарруз даҳҳо ҳазор одамон ҷонӣ худро аз даст дода истодаанд.

Бо мақсади пешгирии фавти одамон, олимони соҳаи тиб имрӯз хушбахтона дар мубориза алайҳи чунин бемориҳои сироятӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд ва метавонад ин вирусро бартараф созад. Ин дастовардҳо имкон доданд ҷони садҳо ҳазор одамон наҷот дода шаванд.

Имрӯз бемории сироятии вируси «тоҷдор» ҷаҳони муосирро дар ташвиш мондааст, мисли касалиҳои солҳои пешин, ки дар ҳар 50 ё сад сол ба вуҷуд меоянд, инсонҳоро водор месозанд, ки масъулиятро ба муқобили чунин падидаҳои номатлуб дучанд ва сечанд намоянд.

Мардуми сарбаланди тоҷик имрўз хушбахт аст зеро, ки ҳамаи мардум сарҷамъ, муттаҳид ва дар зери сиёсати пайгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдат- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, метавонад дар чунин мушкилотҳо дастаҷамъона муқовимат нишон бидиҳад. Пеш аз ҳама бояд тазаккур дод, ки пешгирии чунин мушкилот садҳо маротиба афзалият аз мулоҳиза кардани он аст. Ба ин хотир, хушбахтона Ҳукумати Тоҷикистон ҳаррўз ва ҳар соат моро аз тариқи ВАО водор месозад, ки қоидаҳои аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешбинӣ гардидаро риоя намоем. Шукронаи онро намоем, ки то имрӯз кишвари мо аз ин бемории сироятӣ эмин аст.

Новобаста аз ин, баъзе ашхос ва расонаҳои хабарие, ба монанди «Радиои озодӣ» ҳастанд, ки мехоҳанд тавассути ахборҳои бардурўғ, оиди он, ки гӯё дар ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд бемории мазкур ба қайд гирифта шудааст, мехоҳанд, ки вазъи ороми кишвари маҳбуби моро халалдор созанд.

Дар замони имруза ҳар як шаҳрванди тоҷик бояд бо ақлу хиради хеш фикр карда, фирефтаи чунин овозаҳои беасос нагардад ва ба маълумотҳои пешниҳоднамудаи дақиқи вазорату кумитаҳои дахлдори кишвар, ки бевосита бар зидди паҳншавии ин беморӣ фаъолият доранд, бовар намуда, дар фазои озоду обод зиндагӣ намояд.

Пирумшо Саодатқамов

нафақахур, сокини ш. Хоруғ

Log in

create an account