Мақолаҳо

Алҳазар аз овозаи коронавирус дар Тоҷикистон

 Ҳар рўз мардуми ҷаҳон пайваста дар талоши он ҳастанд, ки аз давлати худ касалии имрўза, ки халқи ҷаҳонро дар ташвиш даровардааст, яъне Коронавирусро ҳар чи зудтар бартараф намуда, ба кору бори худ бо умед ба оянда шурўъ намоянд. Вале муттаасифона дар баъзе  мамолики ҷаҳон дар айни хуруҷ буда, вале хушбахтона дар бештари давалатҳо рў ба нестӣ дорад.

Хушбахтона дар давалати азизамон ин воқеаи нангин ҳанўз асар надорад. Ва кулли мардум дар умед ва оризуи он аст, ки ҳаргиз ин ншонаҳо дар мардуми мо ворид нашавад. Вале мутаасифона расонаҳои хабарии ғайри давалатӣ, мисли Радиои Озодӣ саҳарии имрўз бо пош намудани хабари Каронавирус дар Хуҷанд дар байни овозаҳои беасос паҳн гардиданд, ки хушбахтона ин овоза беасос буда, давлат ҳамаҷониба барои пешгирии ин дарди нобаҳангом муборизаҳо бурда истодааст.

Ҳар як фарди бедордили тоҷик бояд хуб андеша намояд ва танҳо ақлу хиради азалиашро ба кор бурда, ба ахбору дастуроти давлатӣ таваҷҷўъ намуда, онро дар ҳар як маврид ва дар ҳар дақиқа бо ҷиддияти том иҷро ва ҷонибдорӣ кунанд. Зеро инсонҳо дорои қобилияти бузурге ҳастанд, ки метавонанд ҳамаи мушкилотро бартараф созанд. Роҳҳои беҳтарин ва бузургтарин дар чунин вазъият мутаҳид будан ва дар якҷоягӣ роҳи ҳалли ин вазъиятро ҷустан аст. Ин нишонгари он аст, ки мо бояд он чиро коршиносон ва муттахасисони соҳаи тиб тавсия мекунанд, бе чуну чаро бар он амал кунем ва аз хурофоту зиёдаравиҳо худро дар канор гузорем.

 Мутаассифона баъзе ашхосе ҳастанд, ки тавассути ахборҳои бардурўғ мехоҳанд, ки дар кишвар вазъи оромро халалдор созанд ва мардумро дар ташвиш гузорад, вале ҳар як шаҳрванди тоҷик бояд бо ақлу хиради хеш тафаккур намуда, фирефтаи чунин овозаҳои беасос нагардида, танҳо дар иҷрои амур дастуроти Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳролӣ   ба ҷой оварда, дар фазои озоду обод зиндагӣ намояд.

 Куйбек Ш. устоди ДДХ

Log in

create an account