Мақолаҳо

Коронавирус падидаи нав нест

 Таърих гувоҳ аст, ки дар давраҳои гуногуни башарият инсонҳо бо ҳар гуна мушкилотҳо, мисли бемориҳо, пайдо гардидани ҳар гуна касалиҳо ва моддаҳои зарарнок дучор гардида, бо муқобилият нишон додан ба муқобили онҳо, яъне бо истеҳсоли доруҳои сахтаъсир (антибиотикҳо) чунин мушкилотро пешгирӣ менамуданд. Имрўзҳо, ки чунин вазъият ба вуҷуд омадааст ва ҷаҳони муосирро дар ташвиш мондааст, мисли касалиҳои солҳои пешин, ки дар ҳар 50 ё сад сол ба вуҷуд меоянд, инсонҳоро водор месозанд, ки масъулиятро ба муқобили чунин падидаҳои номатлуб  ду чанд ва се чанд намоянд.

Чунончи аз сарчашмаҳои тиббӣ иттилоъ медиҳанд, беморие ки бо номи Тоъун аз асрҳои миёна то аввалҳои асри 20 вуҷуд дошт, ки дар қитъаҳои гуногуни замин ин пандемия ба мушоҳида расида буд ва ҳатто асрҳои зиёде вуҷуд дошт ва бо муқобилият нишон додани табибон ва ихтироъи доруи (антибиотик) зидди он аз миён бардошта шуд.

 Аз соли 1817 то соли 1925 дар қитъаи Аврупо шаш пандемияи Вабо ба амал омаданд ва аз соли 1961 то 1963 пандемияи ҳафтуми чунин бемориҳо ба вуқӯъ пайваст, ки аз шиддати онҳо одамони зиёде ҷони худро аз даст доданд.

Солҳои 1918-1919 бештари кишварҳои олам ба пандемияи бузурги Зуком, ки бо номи "испанка" маъруф гардида буд, мубтало шуданд. Ҳангоми ба вуҷуд омадани чунин бемориҳо, ё худ пандемияҳо зиёда аз 500 млн. одамон дар курраи замин зуком шуданд ва 20 млн нафар аз ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд. Ҳамчунин намуди пандемия соли 1957 арзи вуҷуд кард, ки хисороти ҷонӣ ва иқтисодиро ба амал овард.

 Муттаасифона чунин падидаи номатлуб имрўзҳо ва махсусан, дар ду моҳи охир бо номи пандемияи Коронавирус ба вуҷуд омадааст, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ва аз шиддасти он дар рўзҳои охир дар 199 давлат паҳн гардида, 668351 нафар сироят шуда, ҷони қариб 31 ҳазор одам аз даст дода шуд.

Хушбахтона тибби муосир имрӯз дар мубориза алайҳи чунин бемориҳои сироятӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, метавонад онҳоро бартараф созад. Ин дастовардҳо имкон доданд ҷони  одамро наҷот диҳанд.

Инсонҳо дорои қобилияти бузурге ҳастанд, ки метавонанд ҳамаи мушкилотро бартараф созанд. Роҳҳои беҳтарин ва бузургтарин дар чунин вазъият мутаҳид будан ва дар якҷояги роҳи ҳалли ин вазъиятро ҷустан аст. Ин ба маънои он аст, ки мо бояд ончиро коршиносони ин соҳа ба мо тавсия мекунанд бе чуну чаро бар он амал кунем ва аз хурофоту зиёдаравиҳо худро дар канор гузорем.

Хушбахтии халқи тоҷик имрўз дар он аст, ки ҳамаи мардум сарҷамъ,  муттаҳид ва дар зери сиёсати пайгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, метавонад дар чунин мушкилотҳо дастаҷамъона муқовимат нишон бидиҳад. Пеш аз ҳама бояд тазаккур дод, ки пешгирии чунин мушкилотҳо садҳо маротиба афзалият аз мулоҳиҷа кардани он аст. Ба ин хотир, хушбахтона Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар рўз ва ҳар соат моро аз тариқи ҳамаи воситаҳои ахбори омма водор месозад, ки мо бояд тамоми қоида ва қавонине, ки Вазорати тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии алоҳолӣ онро пешбинӣ намудааст, қатъан риоя карда, тибқи дастуроти он амал намоем.

Боварии комил аст, ки мардуми бофарҳанги тоҷик хиради азалии худро ба кор бурда, муттаҳидона ва риояи қатъии тамоми дастуроти пешниҳодгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намуда, бе роҳ додан ба ҳар гуна овозаҳои беасос ба он амал намоянд.

Беҳронов Ҷумъа, мудири кафедраи адабиёт ва санъати ДДХ

Log in

create an account