Мақолаҳо

Марз нишонаи ҳамкорӣ аст

Марз ҳудуди муайянеро меноманд, ки  дар он як халқ ва ё як миллат кор ва зиндагӣ менамояд. Мусаллам аст, ки имрўзҳо давлатҳо ва минтақаҳои гуногуни олам бо ҳамдигар ҳаммарз буда, бо шарофати ҳаммарзии худ бо ҳамдигар доду гирифти дўстона ва ҳамкорона менамоянд ва зиндагии худро пеш бурда истодаанд.

Тоҷикистони маҳбубамон, ки имрўзҳо дар саросари ҷаҳон мавқеи муайнро сазовор гардидааст ва аз тарафи қариб дусад давлати дунё ҳамчун давлати мустақил, соҳибфарҳанг ва соҳибҳуқуқ шинохта шудааст ва бо кишварҳои Афѓонистон, Узбекистон, Қиризистон ва Хитой ҳамсарҳад мебошад. Ин сарзамини куҳанбунёди тоҷикон имрўзҳо ифтихор аз он дорад, ки бо шарофати Истиқлолияти комил ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якпорчагии Тоҷикистон ҳифз гардида, аз парокандагӣ наҷот ёфт. Ин марзу бум бо Артиши пурқудрати хеш ҳифз ва муҳофизат карда мешавад ва сокинони ин сарзамин аз шарофати сиёсати пешгирифтаи Сарвари мамлакат ва ҳифзи артиши миллӣ осудаҳолона кору зиндагӣ карда истодаанд ва дар зери осмони софу беолоиши сулҳу амонӣ шукргузорӣ карда истодаанд.

Маҳз ин осудаолӣ нишонгари он аст, ки халқ бе тарсу ҳарос дар мамлакат пешрафт карда истодааст ва аз ҷониби миллатҳо ва халқиятҳои гуногуни олам ин истиқлолияти тоҷикон ва сулҳи комил як дастоварди беназири таърихӣ шинохта шуда, барои ҷаҳониён намунаи беҳтарини пешрафт қадр карда шудааст.

Дар баробари ин мардуми тоҷик ва махсусан, Пешвои миллат шабу рўз дар талоши он аст, ки на танҳо сарҳади Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон доимо орому осоишта бошад, балки ҳамеша дар созмонҳои байналмилалӣ марзҳо ва ҳудудҳои ҳамсояе, ки имрўзҳо дар хавфу хатар қарор доранд, муроҷиатҳо ва пешниҳодҳо намуда, дар талаби он аст, марзҳои ҳамсоя низ орому осуда бошанд ва халқи ин сарзаминҳо бе ҳеҷ тарсу ҳарос зиндагӣ ва рўзгори худро пеш баранд. Зеро марзи ноором ва номустаҳкам ҳаргиз намегузорад, ки халқ дар он бе тарсу ҳарос зиндагӣ намоянд.

Марзе, ки барои Тоҷикистон ҷудо гардидааст ва халқи тоҷик дар он умр ба сар мебаранд, нишонгари он нест, ки танҳо дар ҳудуди он оромӣ пойдор бошаду халос, балки барои тоҷикон ҳаммарз будан бо ин давлатҳо як ифтихори бузург аст. Зеро аз қадим ин халқиятҳо бо ҳамдигар дўстона зиндагӣ намуда, аз азал ҳамчун як халқи муттаҳид ва муаррифкунандаи сарзамини Шарқ сарбаландона зиндагӣ мекарданд. Ба ин хотир, имрўзҳо низ пайваста талош бар он доранд, ки бояд бо ҳамаи мамалакатҳои ҳамсояи хеш дўстона муносибат намуда, дар ҳамкорӣ бо ин давлатҳои ҳамсоя кўшиш бар он дорад, ки бояд ин сарзамин ҳамеша ором ва пайваста дар пешрафт бошад ва дар баробари дигар минтиқаҳои дигар ҳамқадам ва ҳамзамон бошад.

Log in

create an account