Мақолаҳо

МАРЗИ МО – НОМУСИ МО

Марз ин  ҳудуди замин,  сарҳад,  мамлакат, кишвар,  марзу бум сарзамин,   кишвар буда,  барои ҳар як инсон муқаддас мебошад. Мо чун шаҳрванди Тоҷикистон онро бояд муқаддас ҳисобида, дар ҳомояи он ҳамеша оморда бошем. Дар натичаи ҳодисаҳои сиёсӣ, ғасбкориҳои аҷнабиён  дар тули таърих марзи тоҷикнишин дигар мешуд, як қисмати онро аз даст медоданд, қиммати дигарро ба даст меоварданд. Миллати куҳанбунёди тоҷик дар тули таърих ба марзи дигаре дастдарозӣ накардааст, барои ба даст даровардани ҳудуди ягон давлати дигар лашкар накашидааст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар арсаи таърих,

Точик ба хоки дигаре аз сари кина,

Бо ҳамҳамаву дамдама лашкар накашидаст.

Танҳо ва танҳо марзи худро мапрдонавор ва шарафмандона ҳимоя менамуд ва ин анъанаи аҷдодӣ то ҳол побарчост.

  Лозим ба ёдоварист, ки   Тоҷикистони   бо кишварҳои Афғонистон (1030 км), /збекистон (640 км), Қирғизистон (240 км), Хитой (430 км) ҳамсарҳад мебошад. Бо  шарофати Истиқлолияти комил ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якпорчагии Тоҷикистон марзи Тоҷикистони азизи мо аз хатари парокандагӣ эмин ёфта осудагӣ ва оромии он таъмин гардид.  Акнун вазифаи пурифтихори мо имрўз ҳимояи марзи муқаддаси Тоҷикистон аст. Ин марз моли аҷдодии бобоёни моб уда ба мо ба мерос монд вам о бояд бегазанд онро ба ояндагони миллати худ ба ёдгор монем.

Хушбахтона, имрўз марзи Тоҷикистони мо осудаву ором буда мо дар фазои сулҳу дўстӣ умр ба сар бурда истодаем. Ин заҳмати шабонарўзаву бедорхобии Артиши миллӣ ва кормандони амнияти Тоҷикстон, ки фарзандони бонангу номуси миллатанд,  мебошад.  Бо Қирғизистон давлати мо 240 км ҳамсарҳад мебошад. Таърихи миллат ҳамзистии осудаи ин ду миллатро дар таърихи худ ҷо додааст. Дар Тоҷикистони мо ду миллат – точику қирғиз дар ноҳияҳои Чиргатол ва ноҳияи Мурғоб умр ба сар мебаранд. Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, Президенти мамалакт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ноҳияҳои қирғизнишин диққати махсус медиҳад. Ноҳияи Мурғоб, ки дар ВМКБ ҷойгир аст, ҳамешагӣ дар мадди назари Ҷаноби Олӣ қарор дора два инро кулли мардуми Тоҷикистон ва Қиргизистон ҳис карда истодаанд.

Дар тули 28 соли истиқлолият ноҳияи Мурғоб ободу зебо шуда, имруз кас пай намебарад, ки ин ҳамон ноҳияи 30 сол пеш аст. Ободони, сохтмони иншоотҳои маданӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ сол то сол бештар қомат рост менамоянд, ки ин симои онро сол то сол  назарработар менамояд. Ҷиргатол низ ҳамчунон ободу зебо шуда сатҳи зиндагонии мардуми ин диёр низ боло рафта истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳтат - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  борҳо аз ноҳияҳои Ҷиргатолу Мурғоб, ки аҳолии таҳҷоии он қирғизтаборонанд,  дидан намуда баҳри пешрафти ҳаёти онҳо ғамхориҳои бешеро зоҳин намудааст. Ба истифода додани НБО - и Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб, ки солҳо аз қувваи барқ маҳрум буд, мисоли ин гуфтаҳост.

Ноустуворӣ, нооромиҳое, ки дар деҳаи Водхуд аз тарафи бародарони қирғиз ба назар мерасанд,  дўстии халқҳои ин ду миллати куҳанбунёд латма ворид месозад. Миллати тоҷик одатан миллати дўстпарвар ва оромтабиат буда, аз ҳар гуна хархашаҳо канораҷўӣ мекунад. Пайваста дар он кўшиш менаоянд, ки ҳамаи нофаҳмиҳо ба тариқи сўхбатҳо, нишастҳои дўстана ҳаллу фасл шаванд. Бародарони ҳаммарзи қирғиз мо низ бояд ин принсипи дустиву бародариро халалдор насозанд. Намесазад, ки барои як чизе, ё чизи ноҷизе вазъи сиёсии таърихан дўстона бударо  ноором кард.      

Марзе, ки барои Тоҷикистон ҷудо гардидааст ва халқи тоҷик дар он умр ба сар мебаранд, нишонгари он нест, ки танҳо дар ҳудуди он оромӣ пойдор бошаду халос, балки барои тоҷикон ҳаммарз будан бо ин давлатҳо як ифтихори бузург аст. Зеро аз қадим ин халқиятҳо бо ҳамдигар дўстона зиндагӣ намуда, аз азал ҳамчун як халқи муттаҳид ва муаррифкунандаи сарзамини Шарқ сарбаландона зиндагӣ мекарданд. Ба ин хотир, имрўзҳо низ пайваста талош бар он доранд, ки бояд бо ҳамаи мамалакатҳои ҳамсояи хеш дўстона муносибат намуда, дар ҳамкорӣ бо ин давлатҳои ҳамсоя кўшиш бар он дорад, ки бояд ин сарзамин ҳамеша ором ва пайваста дар пешрафт бошад ва дар баробари дигар минтиқаҳои дигар ҳамқадам ва ҳамзамон бошад.

Насриддиншоев А.

Log in

create an account