Мақолаҳо

Хаёлҳои Кабирӣ дар хориҷи кишвар

     Баромади Кабирӣ оид ба пешгирии Корнавирус ва буҳрони иқтисодии нави ҷаҳон касро ба фикр кардан водор мекунад. Кабирӣ ва умуман ҳама мухолифин замоне гӯё мешаванд,ки ба сари мардум ва давлат бадбахтие таҳдид намояд. Он чи эшон аз назари худ ибрози ақида намудааст,барои ҳама маълум аст. Наход Кабирӣ то андозае  наандешад,ки давлати Тоҷикистон ва роҳбарияти он дар ин ҷода чораҳои фаврӣ наандешида бошанд, ҳоло он ки дар Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ин хатари ҷаҳонӣ тамоми чораҳои заруриро дида, дар ҳамаи сатҳҳо  аз боло то поён корҳои таблицотиро роҳандозӣ намудааст. Имрӯз дар Тоҷикистон касе нест,ки аз ин муамо бехабар бошад.

Аз назари сиёсат  агар ин  назарандозиҳои Кабириро баҳо диҳем , ин худнишондиҳиест ,ки ӯ имрӯз аз худ ва созмони худ бо номи  «Паймони миллии Тоҷикистон» дарак медиҳад. Ин созмони  чанд нафар гурезаи мухолиф дар хориҷи кишвар акнун аз тақдири Тоҷикистону миллати тоҷик сухан мегӯянд ва ба мо роҳ нишон медиҳанд,ки мо бояд чик ор кунем.

Паймони миллии Тоҷикистон паймони миллати тоҷик нест ин паймони чанд тан мухолифи овора аст,ки имрӯз низ зери сояи ҲНИ панаҳ бурда , бо фармоиши хоҷагон алайҳи миллату давлати хеш даст ба дасисакорӣ доранд.

Кабирӣ дар баромадҳояш ҳамеша  домони насиҳатро аз даст надода. барои худ ҳанӯз фазои  роҳбарии ҲНИ-ро таъсис доданист. Шояд худ сари ин андеша боша два то кунун баҳри ба ин ҳадаф расидан роҳи навро созмон доданист.

Бархе аз ин сиёсатмадорони дар хориҷи кишвар буда ,ҳанӯз умеди нобасомонии фазои  Тоҷикистонро доранд. Баҳри ба ин аҳдоф ноил гардидан ҳамеша аз сахтиҳо ва нобасомониҳои даргузар ,ки ба сари давлатҳо ва миллатҳо меояд , истифода мебаранд.

Ин шева имрӯз дар кирдори Кабирӣ инъикос мегардад.

бештар аз кризиси иқтисодӣ,ки тамоми ҷаҳон мубталои он аст, истифода карда ,назарияҳои ноандешонаи худро пеш меорад. бештар аз муҳоҷирати меҳнатӣ  тор мебофад .

Аммо аз равандӣ аср ,ки асри дигаргуниҳои куллист оё хабар надорад. Дар Амрико ,ки яке аз давлатҳои мутараққии ҷаҳон аст, муҳоҷирати меҳнатӣ  ҳанӯз идома дорад. Роҳи муҳоҷирати меҳнатиро кассе гирифтан наметавонад,зеро талаботи ҷомеаи башарӣ чунин аст. Дар тамоми олам имрӯз  муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳукми анъана аст. Дар Тоҷикистон низ ин раванд новобаста ба сатҳи зиндагии аҳолӣ рушд дорад.

Дар бобати коронавирус бошад ,дастур додани Кабирӣ  ноҷост. Наход Ҳукумати Тоҷикистон чунин андешаҳоро наандешида бошад.

Кабирии азиз, андеша кун, ки дар сари курсии роҳбарии Тоҷикистон шахсе нишастааст, ки хиради азалии ӯро сиёсатмадорони ҷаҳонӣ баҳо дода, дар ҳалли  мушкилотҳои ҷаҳонӣ  низ аз назарияҳои оламшумулаш истифода мебаранд.

Фаромӯш набояд кард, ки дар олам аз ҳама ду кор осон аст яке камбудӣ ҷустан ва дигаре насиҳат кардан.

Аммо хизмати халқро ба ҷо овардан дигар аст.

Хизмати халқро танҳо фарзандони содиқи халқу ватан ба ҷо овардан метавонанд.

 Шоҳзода

Log in

create an account