Мақолаҳо

Беватан дар ватанаш бе Ватан аст

Оид ба мафҳуми Ватану ватндорӣ аз ҷониби аҳли уламо ва удабо андешаҳои зиёди илмӣ ва назариявӣ баён гардидаанд. Дар тамоми сарчашмҳои илмиву оммавӣ низ оиди мафҳуми  ватану ватандорӣ назарияҳои аниқу саҳеҳ гуфта шудаанд. Дар тамоми давлатҳои ҷаҳон баҳри ҳифзи  марзу буми кишвар мардумон ҷонисориҳои зиёде кардаанд, то ки ватанашон аз душманон эмин нигоҳ дошта шавад. Дар баробари кишварҳои ҷаҳон, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъди ба даст овардани Истиқлолият, барои мустаҳкам намудани пойгоҳи низомӣ чораҳои заруриро андешида буд. Ҳамагон хуб иттилоъ доранд, ки ҳамон замон баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, системаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати ногувор қарор дошта буд. Чуноне, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар ҳамон замон дар вохӯрӣ бо низомиёни кишар қайд карда буд, ки «мо барои пойдор намудани ҳолати ҳарбӣ аз сифр шурӣъ намудем». Ҳақиқатан ҳам дар он замон ҳолотҳои ҳарбӣ ба таври пурра мустаҳкам набуд. Вале бо кӯшишу заҳматҳои пайвастаи роҳбари кишварамон, пойгоҳи нерӯҳои ҳарбӣ пурра мустаҳкам гардид. Имрӯз агар ба системаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон амиқан назар афканем, бо боварии том гуфта метавонем, ки Тоҷикистон пойгоҳи мустаҳкам ҳарбӣ дошта, барои хизматчиёни ҳарбӣ тамоми шароит муҳайё гардида аст. Вале мутаассифона ҳанӯз баъзе аз ҷавонони кишварамон аз хизмти ҳарбӣ даст кашида истодаанд. Ҷавонон бояд хуб дар хотир дошта бошанд, ки ватандорӣ пеш аз ҳама аз  ҳифз ва муҳофизати он аз аҷнабиён ва  душманон оцоз меёбад.  Ватандор шахсест, ки вай бояд барои ҳифзи ватанаш доимо омода бошад. Ватандор ашхосест, ки нагузорад қадами душмнонаш ба ватанаш ворид шавд. Ватандор нафарест, ки марзу буми кишавваро муҳофизат, намояд ва ба ватанаш софдилонаву содиқона хизмат намояд. Билохира ватандор нафаронест, ки  баҳри ҳифзи ватан ҷонашонро нисор менмояндХизмат кардан ба ватан ин хизмат кардан ба халқ мебошад. Ҳамаи фаъолиятҳои ҳарӯзаамон, ҳамаи истироҳату талош барои зиндагӣ ин аз сулҳу ороми кишвар шаҳодат медиҳад. Вале мо бояд хуб дарк намоем, ки  сулҳу амонии кишвар маҳз ба хизматчиёни ҳарбӣ дар алоқамандии сахт қарор дорад.  Хизматчиёни ҳарбии кишварамон шабро шаб ва рӯзро рӯз нагуфта, баҳри ҳифзи ватани хеш камари ҳиммат бастаанд. Ҷавонон бояд хуб андеша намоянд, ки ҳеҷ кас аз берун ватанашонро, хешу таборашонро, модарашонро, обу хоку зааминашонро муҳофизат нахоҳад кард. Баръакс гуруҳҳои мухталифи иртиҷоӣ, террористиуву экстримистӣ имрӯз нияти  даст задан ба сохти конститутсионии кишвар  нооромиву нотинҷии кишвар доранд.  Аз ин лиҳоз ҷавонони кишаврамонро лозим меояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи ватану модар, обу хоки ин зарзамин доимо тайёр бошанд. Хизмат ба ватан ин тайёр шудан ба зиндагист, ин обу тоб додани бадан, ин аз худ кардани нозукиҳои ҳарбӣ ва ахиран ин дар осудагӣ ва ором зиндагӣ кардани мардумони кишвар мебошад. Ватандорӣ набояд дар гуфтор балки дар амал тасдиқ гардад. Дар амал тасдиқ гардидани ватандорӣ ин хизмат ба ватан, ин муҳофизати он аз бегонагон, ин ҷасорату мардонагист. Халқи тоҷик аз замони ба даст овардани Истиқлолият марзу буми кишварро мардонавор муҳофизат намуда, то ҳол муҳофизат карда истодааст. Ҳамаи мардумони кишварамон хуб маълумот доранд, ки Тоҷикистон бо кишвари ҳамсоя Афцонистон зиёда аз 110км дар ҳамсарҳадӣ қарор дорад ва хатару таҳдидҳо аз ин кишвари ҳамсоя низ аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин, барои ҳифзи сарҳад ва умуман ҳифзи осудагии кишвар аз хизматчиёни ҳарбӣ тақозои зиёде ба амал мебиёяд, то ки мардумонашон дар сулҳу осоиштагӣ рӯзгорашонро ба сар баранд. Хушбахтона имсол ВМКБ аз аввалин шуда, нақшаи даъвати ҳарбиро ба пуррагӣ иҷро намуд ва ҷавонон худихтиёрӣ ба сафи қуваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шудаанд.

Log in

create an account