Мақолаҳо

Хизмат ба Ватан-Модар қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонписар аст

Ҳар як шахси солимфикр ба хусус ҷавонписарон аз замони қадим хизмати ҳарбиро қарзи шаҳрвандии хеш дониста, аз давраҳои пеш баҳри дифоъи Ватан ҷонро фидо мекарданд. Ҳатто қаҳрамониҳои онҳо дар асарҳо ва достонҳои шоирону нависандагон қайд карда шудааст: чуноне, ки шоири бузург Фирдавсӣ гуфтааст:

Ҳама тан ба тан ҷон ба куштан диҳем,

Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.

Ин нангу номуси Ватандустиву ватанпарастии халқи тоҷик  аз даврони пеш сар карда то ба имрӯз идома ёфта истодааст, ки мисоли он ба сафи хизмати ҳарбӣ даъват шудани наваскарон мебошад. Имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки ҷавонписарони ба нангу номуси Бадахшон на ба роҳи зӯриву зорӣ балки худихтиёрона бо сари баланд ва ҳуввияти милливу хештаншиносӣ барои хизмати ватан ҳозир мешаванд, чунки дарк менамоянд, ки дар хизмат онҳо аввалан дарси мардонагиву садоқат ба Ватани  азизи зуд, дарси ҳурмату эҳтироми валидон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҷасорату муқобилят нишон додан бар зиддӣ душманони Ватнро меомӯзанд. Боиси хурсандиву хушнудии тамоми мардуми тоҷик ба хусус Бадахшон аст, ки имрӯзҳо даъват ба хизмати ҳарбиро сад фоиз иҷро намудаанд. Аз даврони пеш нафаре, ки хизмати ҳарбиро ба ҷо меовард, соҳиби ҳурмату эҳтироми ҳамагон буда ба ӯ ҳаматарафа эътимоду боварӣ буд, то ҳатто агар хостгорӣ мерафтанд нахустсаволи хонадони арӯс ин чунин буд. Оё он нафар хизмати ҳарбиро иҷро намудааст ё не?. Чун дар оила фарзандро бо ахлқи ҳамида хонишу соҳиби маърифат будан тарбия мекунанд, пас дарси мардонагиву ҷасорат, шуҷоат ва ҳифзи ватан нигоҳ доштани сирри давлат аз даст надодани зиракии сиёсӣ, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣро хизмати ҳарбӣ меомӯзад. Пас хизмат ба ватан ва ҳифзи марзу буми он қарзи шаҳрҳандии ҳар як шахс буда хизмат ба ватан ин хизмат ба модар аст. Аз ин хотир мо ҷавонон далеру ҷасур бовраии комил дорем, ки онҳо сарбаландона баҳри ҳифзи ватани худ камари ҳиммат бастаанд.

Декани факултети таърих ва ҳукуқ Назархудоева Л.

Log in

create an account