Мақолаҳо

ТЭТ ҲНИ душмани миллати тоҷик аст

Асри 21 айёми гулгулшукуфоӣ ва тараққиёти илму техника буда, моро водор менамояд, ки дониши худро баланд бардорем ва барои рушди Тоҷикистони биҳиштоссо ҳиссагузор бошем. Пеш аз ҳама дар пеши мо вазифаи аз ҳама муқаддас муҳофизати марзу буми кишвари азизамон-Тоҷикистон истодааст, ки мо бояд зиракии сиёсии хешро боло бардорем ва нагузорем, ки ҳаргуна афроди зишт ба монанди ташкилоти экстремистию экстремистии ҳизби наҳзати ислом дар шуури мо ақидаҳои номатлуби терроризм ва экстремизимро ҷой диҳад.

Ширкати баъзе ҷавонони ноогоҳ дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи Сурия маҳз бо тарғиб ва ташвиқи аъзоёну роҳбарони ТЭТ ҲНИ сурат гирифтааст. Агарчи фаъолияташон бо қарори Суди Олии кишвар манъ шудааст, аз беруни кишвар бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ба оромиву суботи кишвар халал ворид созанд. Дар ин роҳ онҳо аз ягон амали ҷинояткорона даст намекашанд. Аммо онҳо дар хотир дошта бошанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар фирефтаи ақидаҳои тундгароёна нахоҳанд шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи як хатари нав — кибертерроризм низ ибрози андеша намуданд. Ҳоло наҳзатиҳо барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан аз кибертерроризм истифода мекунанд. Кибертерроризм ба инсоният бо хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад, ки онро бо аслиҳаи ядроӣ, бактериологӣ ва кимиёӣ муқоиса кардан мумкин аст. Таҷрибаи бадастомада оид ба кибертерроризм шаҳодат медиҳад, ки хатари он бисёр давлатҳоро таҳдид мекунад. Кибертерроризм сарҳад надорад ва ҳар лаҳза метавонад ба низоми иттилоотии кишваре, ки дар ҳар нуқтаи кураи замин ҷойгир аст, таъсири манфӣ расонад.

Шабакаҳои кушоди иттилоотӣ имрўза - воситаи ҷанги иттилоотӣ дар дасти аъзоёну роҳбарони ТЭТ ҲНИ ва дигар гурўҳҳои ҷиноӣ аст. Хусусиятҳои кибертерроризм ва афзудани шумораи одамони ба он шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони ТЭТ ҲНИ, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. Наҳзатиҳо инро яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардаанд.

Майли ҷавонон ба ТЭТ ҲНИ, масъалаи доғ маҳсуб мешавад ва дар маркази диққати аҳли ҷомеа қарор дорад. Пўшида нест, ки роҳбарону аъзоёни ТЭТ ҲНИ, ҳоло ҳам талош мекунанд ҷавононро, ки табақаи нисбатан камтаҷрибаи ҷомеа мебошанд, ба ҷониби худ кашанд. Дар Тоҷикистон аксари пайравони ТЭТ ҲНИ-ро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ТЭТ ҲНИ душмани миллати тоҷик аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ТЭТ ҲНИ ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки натанҳо аз илму фарҳанги дунявӣ, балки аз донишҳои аввалияи динӣ низ тасаввуроте надоранд. Фарзандони мо бояд аз хурдсолӣ рў ба дониш оваранд ва дар бораи донишҳои ҳаётан муҳим маълумот дошта бошанд. Донишҳои аввалинро фарзанд аз модар мегирад. Мактаби нахустини инсон-мактаби модар аст. Барои ҳамин, дар навбати аввал зан- модар худаш бояд таҳсилкарда бошад, то ки дар оила таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монад ва ба хотири ояндаи неки фарзанди худ, ўро аз хурдӣ дар рўҳияи ватандориву ифтихори миллӣ тарбия намояд. Ҳар як зан-модари бедордили тоҷик бояд ба қадри тиниву оромӣ ва сулҳу субот бирасад. Вазифаи ҳамаи мо аз он иборат аст, ки ҷавонони гумроҳро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем.

Чӣ хуб мешуд, агар тамоми шаҳрвандон, аз ободии кишвар, тинҷиву оромӣ, пешрафту тараққиёти Ватан шукр намоянду алайҳи террористу экстремист бахусус наҳзатиҳои хунхору хоин бетараф набошанд. Хусусан, ҷавонон, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти онҳост, фирефтаи ваъдаҳои бардурўғи наҳзатиҳо нашаванд. Ватани худро дўст доранд. Кўшиш намоянд, ки неруи ақлониашонро барои созандагӣ, ба сўи эҷодкорӣ, барои ободу зебо гардонидани Ватани азизамон-Тоҷикистон истифода баранд ва ҷомеаро аз гирдоби дардноки оқибати он эмин нигоҳ доранд.

Омӯзгори МТМУ №12-и ш.Хоруғ

 Султоназаров Соҳибназар

Log in

create an account