Мақолаҳо

Муноқишаҳои сарҳадӣ бо роҳи осоишта ва дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ хотима ёбад

Солҳои охир баъди пош хӯрдан давлати пуриқтидори шӯравӣ низоъҳои сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тезу тунд шуда истодааст. Сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 970 км дар бар мегирад, 519 км он бо созишномаи сарҳади асосӣ аст, боқимондаи он баҳсталаб аст. Асосан ин низоъҳои сарҳадӣ аз тарафи Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Исфара дар Қирғизистон дар ноҳияи Боткент мебошад.

Мардуми ин ноҳияҳо байни худ муноқишаҳо сар мекунанд. Ин муноқишаҳо байни онҳо барои об додани заминҳои корам, барои чарогоҳҳо ба вуқуъ меояд. Ҳатто баъзе вақтҳо ба хунрезиҳо оварда мерасонад.

Охирин муноқиша 9-10 январи соли ҷорӣ байни тоҷикону қирғизҳо сар шуд ҳар ду тараф ҳамдигарро гунаҳкор дониста, ҳатто тирпарронӣ карданд.

Барои баэътидол овардани вазъият байни сарвазирӣ Тоҷикистон Азиз Иброҳим ва ЖенишРазоқов гуфтушунид гузашт. Онҳо ваъда доданд, ки тезтар ин низоъҳоро бартараф карда, нунаҳкорони ин муноқишаҳо бояд ҷазо гиранд, то ки ин вазъияти ногувор такрор наёбад.

Масъалаи тезтар ҳал намудани ин вазъият байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳӯ Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков дар шаҳри Бишкек гуфтушунид гузашт.

Мо медонем, ки дар даврони Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Қирғизистон ду халқи бо ҳам дӯсту иттифоқ буданд. Дар ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон қирғизхо зиндагӣ мекунанд. Онҳо бо тоҷикони муқимии он ҷо робитаи дӯстӣ доранд. Урфу одатҳои ҳамдигарро ҳурмату эҳтиром мекунанд, ҳатто байни ҳамдигар оила барпо мекунанд.

Мо зиёиёни тоҷик орзӯи онро дорем, ки ин муноқишаҳои сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳи осоишта ва дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ хотима ёбад. Аз ҳар ду тараф ин муноқишаҳои онҳо ҳаллу фасли худро меёбад ва дар оянда миллати тоҷику қирғиз дӯстона зиндагӣ мекунанд.

Дар ҳамаи фарҳангҳои ҷаҳонӣ ватану ватандорӣ ҳифзи марзу буми Ватан ва нигоҳ доштани озодиву истиқлолият вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрвандӣ он мебошад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки посбони сарҳади кишвари азизи худ бошанд ва тамоми нерўи хешро ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодӣ, сарҳади давлатӣ, манфитаҳои миллӣ ва пешрафту шукуфоии кишвар, равона намоянд.

Куканбекова Мунира,

омӯзгори МТМУ № 5-и ш. Хоруғ

Log in

create an account