Мақолаҳо

Интихобот фахри ҳар сокини давлат аст

Мутобиқи қонунҳои кониститутсионӣ интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар панҷ сол як маротиба гузаронида мешаванд ва вакилон ба муҳлати панҷ сол интихоб мешаванд.

Санаи якуми марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қонунҳои амалкунанда гузаронида шуд.

Дар шаҳри Хоруғ интихбот ба маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври шаффофу демократӣ гузаронида шуд. Дар интихобот ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба вакилони шаҳру вилоят, ҷумҳурӣ ва вакилони худпешбар, пешбарӣ шуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Шаҳрвандон дар интихоботи 01.03.2020 бо шодию хурсанди, рақсу бозӣ ва хӯрдани таъомҳо иштирок намуданд. Интихоботи баргузоргардида, ба мисли идҳои ҷашнӣ баргузор гардид.

Дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ раванди овоздиҳиро ба садо додани Суруди миллӣ аз аз соати 6:00 оғоз намуда, соати 20:00 ба анҷом расониданд. Дар участкаҳои интихоботӣ утоқҳои барои овоздиҳӣ ба шахсони дорои имконияташон маҳдуд омода шуда буданд. Инчунин, шароити заруриро барои таъмини фаъолияти самараноки нуқтаи хизматрасонии тиббӣ ва хонаи модару кӯдак муҳайё карда буданд.

Ҳамаи участкаҳои интихоботии шаҳри Хоруғ ба шиору овезаҳо оиди интихобот ва ороиши идона ба бар карда буданд. Дар рӯзи интихобот чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ва намоиши таъомҳои миллию ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ ташкил карда шуд. Шаҳрвандон аз чунин тарзи баргузории интихобот хушҳол гардиданд.

Ба участкаҳои интихоботӣ мардум бо майлу хоҳиши том ихтиёран бо як эҳсосоти баланд, самимияти хосса, масъулияти худшиносию ватанпарастӣ ва бо чеҳраҳои кушод ширкат варзида овози худро ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба вакилони арзанда доданд.

Дар ҳама участкаҳои интихоботӣ ҷойи алоҳида барои мушоҳидони байналмилалӣ омода намуда, навиштаҷоти шиорҳои «Мушоҳиди байналмилалӣ» бо се забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) ташкил шуда буд. Интихоботи имсола аз тарафи мушоҳидони байналмилалӣ тадорукоти гузаронидани ин маъракаи сиёсӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ баҳои беҳтаринро сазовор гашт.

Дар ин маъракаи сиёсӣ саҳми сокинон, бахусус омӯзгорони тамоми муассисаҳои таълимӣ беандоза калон буд. Интихобот дар ҳамаи участкаҳои интихоботии шаҳри Хоруғ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ин маъракаи сиёсӣ ба дараҷаи баланд гузаронида шуд.

Мо омӯзгорони шаҳри Хоруғ бо боварии комил гуфта метавонем, ки интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми ноябри соли 2020 дар фазои сулҳӯ суббот, демократию озодӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, гузаронида мешавад.

Директори МТМУ № 6 - и шаҳри  Хоруғ Назирова Адолат

Log in

create an account