Мақолаҳо

Муноқишаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ба хубӣ хотима ёбад

Дар даврони собиқ Иттиҳод Шӯравӣ ду миллати бо ҳам дӯст тоҷику қирғиз дӯсти ҷони буданд. Байни якдигар дар масъалаҳои тиҷорату бозоргонӣ робитаи зич доштанд. Ёрии худро аз ҳамдигар дареғ намедоштанд. Аммо бо роҳбарию супориши баъзе афроди касиф робитаҳои ин ду кишвар тезу тунд гардида истодааст.

Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар ноҳияи Мурғоб аз қадимулайём қирғизҳо зиндаги карда истодаанд. Дар байни қирғизҳо миллати тоҷику ӯзбек низ истиқомати мекунанд. Ин миллатҳо бо ҳам дӯстона зиндагӣ карда, урфу одатҳои ҳамдигарро ҳурмату эҳтиром мекунанд. Ҳатто бо ҳам оила барпо намуда, соҳиби фарзанд гардида, зиндагии хеле хуб доранд.

Баъди пош хурдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ байни миллатҳои тоҷику қирғиз низоъҳои сарҳадӣ сар шудан гирифтанд. Вақтҳои охир байни тоҷикону қирғизҳо дар шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаҳо рух дода истодааст.

Санаи 9-10 уми январи соли 2020 боз низоъи навбати байни сокинони деҳаи Сомониёни шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон оғоз шуд. Ҳар ду тараф дар ин муноқиша ҳамдигарро гунаҳкор дониста, ҳеҷ не, ки бо ҳам иттифоқ шаванд. Шаби 9 январи соли 2020 сокинони Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи сокинони шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон  санг ва ҳатто силоҳи оташфишон истифода бурда, зиндагии осоиштаи ҳамдигарро халалдор кардаанд.

Дар натиҷаи ин муноқишаҳо шумораи зарардидагон низ бисёр мебошанд. Муноқишаи сарҳадии байни ин ду миллат рӯзҳои охир хеле тезу тунд шуда истодааст. Ин ду миллатро баъзе афроди зиште, ки дар ҷомеъа мавқеъи худашонро пайдо накардаанд барои обёри заминҳояшон ва чарогоҳҳояшон низоъ андохта истодаанд.

Барои паст кардани ин муноқиша байни сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон гуфтушунид гузаронида шуд.

14-15 феврали соли 2020 байни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков дар шаҳри Бишкек гуфтушунид гузаронида шуд.

Мо занони тоҷик умеди онро дорем, ки ин муноқишаҳо байни миллати тоҷику қирғиз бо хуби хотима ёбад ва дар зери осмони софу беғубор бо ҳам дӯстона зиндагонӣ кунем.

Омӯзгори МТМУ №2-и шаҳри Хоруғ,

Мирзошоева Аслинисо

Log in

create an account