Мақолаҳо

Интихобот: Иродаи халқ ғолиб омад

Яке аз муҳимтарин чорабиниҳои сиёсии имсол дар Тоҷикистон – интихоботи парламентӣ гузашт. Рӯзҳои охир сархати аксар маводи ВАО ҳамин мавзӯъст.

Аз гузоришҳои матбуотӣ бармеояд, ки рӯзи якуми март дар кулли ҷаҳон ВАО чашму ҳушу гӯш ба Тоҷикистон буданд ва раванди баргузории интихоботро наззора мекарданд. Ҳарчанд дар бархе қитъаҳо интихобот ба даври дуввум рафт, дар маҷмӯъ, ин ба кулли натиҷаҳои раъйдиҳӣ таъсир нарасонид. Зеро, бо далели иштироки камсобиқаи интихобкунандагон ва дараҷаи баланди раъйдиҳӣ ҳанӯз дар нимарӯзи 1 март интихобот баргузоршуда эълон гардид ва таври маълум, рӯзи 2 март ғолибони интихобот шиносоӣ шуданд.

Бино ба маълумоти расмӣ, ки онро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, дар маҷмӯъ, дар интихоботи рӯзи 1 март 4 миллиону 245 ҳазору 951 нафар интихобкунандагон иштирок карданд. Ин 86,4%-и шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил дода, сатҳи хеле баланд дар муқоиса ба натиҷаҳои интихобот дар миқёси собиқ шӯравӣ ба шумор меравад.

Натиҷаҳои раъдиҳӣ ин гуна будааст, ки дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории Ҳизби аграрии Тоҷикистон - 700 ҳазору 582 нафар ё 16,50%, ба тарафдории Ҳизби демократии Тоҷикистон - 216 ҳазору 526 нафар ё 5,10%, ба тарафтории Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон - 705 ҳазору 252 нафар ё 16,61%, ба тарафдории Ҳизби коммунистии Тоҷикистон - 132 ҳазору 49 нафар ё 3,11%, ба тарафдории Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон - 218 ҳазору 696 нафар ё 5,15%, ба тарафдории Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон - 13 ҳазору 735 нафар ё 0,32% ва ба тарафдории Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон - 2 139 741 нафар ё 50,40% овоз додаанд.

Инҳо маълумоти расмиянд, ки аллакай матбуотӣ шудаву тағйири онҳо имконнопазир аст. Рақамҳои омориро шояд тағйир додан имкон бошад, аммо раъйи мардумро, ки озодонаву ҳавасмандона пайи қуттиҳои раъй рафтанд ва номзадҳои арзандаи худро интихоб карданд, намешавад дигар кард. 

Аммо агар аз дидгоҳи коршиносӣ таҳлил карда шавад, интихоботи имсолаи парламентӣ чанд махсусият дошт:

Аввалан, ин нахустин интихоботи парламентӣ дар Тоҷикистон буд, ки бе ҳузур ва иштироки намояндагони ТТЭ ҲНИ баргузор шуд. Ҳамин буд, ки дар ҷараёни бақайдгирии номзадҳо, маъракаҳои таблиғотӣ ва раъйдиҳӣ ҳеч таҳқиру таҳдиду бадгӯии онҳо мушоҳида нашуд. Бо ҳамин далел интихобот дар фазои орому осуда ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид ва бино ба гуфтаи масъулин, яке аз шаффофтарин интихоботҳои парламентӣ дар даврони истиқлолияти ҷумҳурӣ маҳсуб мегардад. Маҳз аз ин дидгоҳ, ки неруҳои ифротиву террористӣ дар пасманзари чорабиниҳои интихоботӣ натавонистанд ҳадафу барномаҳои машкук ва сиёҳи худро таблиғ кунанд.

Аз ин нуқтаи назар, мешавад хулоса кард, ки то чӣ андоза чораҷӯӣ ва мубориза ба зидди неруҳои террористиву ифротӣ муҳим аст.

Дуввум, фаъолнокии бесобиқаи ҷавонон ба интихобот ҳатто нозирони байналмилалиро ба ҳайрат овард: “Фаъолнокии интихобкунандаҳо ҳайратовар буд. Ҷолиб он аст, ки мардум одатан ба участкаҳои интихоботӣ соатҳои 10-11 меоянд. Нозирони мо дар вақти боз намудани участкаҳои интихоботӣ ҳузур доштанд ва диданд, ки соати 6 –и субҳ одамон аллакай дар навбат истодаанд. Ин нишонаи фаъолнокии баланд аст, ки ба ин корҳои зиёди омодагӣ мусоидат намуданд”, - гуфт роҳбари Миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедев бо натиҷагирӣ аз сатҳи баланди омодагиҳо ва ҷараёни баргузории интихобот.

Ин ҳарфи хушку холӣ нест, балки мавқеъи як ташкилоти байналмилалист. Ин эътироф аст.

Одатан ҷавонон ба бозиҳои варзишӣ ё чорабиниҳои фарҳангӣ гуруҳ-гуруҳ рафта, фаъолона ширкат меварзанд. Аммо маъракаи сиёсии рӯзи 1 март нишон дод, ки агар таъсиргузориҳои ғайримаҷоз набошанд, ҷавонони мо дар маъракаҳои сиёсӣ низ хеле фаъоланд. Ба назари инҷониб, маҳз аз байн бурдани таблиғҳои нодуруст ва зиддимиллӣ ба ин мусоидат намуданд. Тавре болотар зикр шуд, дар интихоботҳои қаблӣ ин гуна таблиғҳо аз ҷониби ТТЭ ҲНИ хеле зиёд мушоҳида мешуданд.

Муҳимияти дигар дар интихоботи мазкур ин аст, ки ин маротиба теъдоди намояндагони ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ дар парламент бештар гардид. То ин замон шумораи намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон тақрибан аксариятро ташкил медоданд. Ва ин табиист, чун теъдоди аъзову ҷонибдоронаш, ки ҳамзамон интихобкунанда ҳастанд, аз марзи садҳо ҳазор убур мекунад. Зиёд мешунавему мехонем, ки муғризона муваффақиятҳои ин ҳизб нодида гирифта мешаванд, ҳол он ки ҳузури бештари намояндагони ин ҳизб дар парламент маҳз ба ҳамин дастовардҳояш марбут аст.

Аммо ин рақобат аст ва тавре мушоҳида шуд, ин маротиба ҷомеаи кишвар ба ҳузури бештари намояндагони ҳизбҳои гуногун дар парламент ниёз доштааст. Ба назари инҷониб, ин рақобатро сатҳи баланди ташкилӣ ва омодагӣ ба интихоб ба миён овард. Ва халқ ҳамин гуна интихоб кард. Намешавад, ки ба иродаи мардум зид баромад.

Аз сӯйи дигар, ин нишонаи баланди касбият дар парламенти нав хоҳад буд, далели гуногунандешии сиёсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ниҳоди қонунгузор хоҳад буд. Ва аз ҳама муҳим, ин интихоби халқ, ҳокимияти халқ ва риояи меъёрҳои демократия аст.

Аммо ҳоло хеле муҳим аст, ки вакилони интихобшуда ба ин иродаву интихоби мардум содиқ бошанд, ба он арҷ гузоранд. Интихобот баъди панҷ сол боз меояд, аммо вакилони навинтихобшуда бояд назди худ ҳадафи мушаххас дошта бошанд, ки дар ин муддат чӣ хизмате ба ин мардум – интихобкунандагони худ анҷом медиҳанд, барои рушду шукуфоии Ватан чӣ метавонанд кунанд, барномаи вакилии худро, ки маҳз тавассути он вакил интихоб шуданд, то чӣ андоза амалӣ менамоянд.

Аҳлиддин Мирзозода, таҳлилгар

Log in

create an account