Мақолаҳо

ИНТИХОБОТИ НАВБАТӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ШАҲРВАНДӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин як қатор санадҳои  байналмилалӣ, ки аз ҷониби  мамлакати мо  эътироф карда шудаанд, ҳуқуқи халқи тоҷикро (ҳамаи шаҳрвандонро, новобаста аз мансубияти миллӣ ва эътиқоди динии  онҳо) ба иштирок намудан дар ҳаёти сиёсии мамлакати худ эътироф менамояд.  Ин ҳуқуқи сиёсии худро шаҳрвандон метавонанд ба воситаи низоми интихобот амалӣ намоянд.

Низоми интихобот падидаи муҳими демократия буда, маҷмўъи муносибатҳои ҷамъиятие мебошад, ки дар алоқамандӣ бо ташкили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва ҳуқуқи субъективии шаҳрванд оид ба интихобу интихобшавӣ ба вуҷуд меоянд. Дар муҳимтарин  принсипи  демократия оварда шудааст, ки халқ сарчашмаи  ҳокимият ба ҳисоб рафта онро метавонад бевосита ва ё бавоситаи вакилони худ амалӣ намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  баъди эълони истиқлолияти давлатӣ раванди демократикунонии ҷомеаро пеш гирифта барои амалӣ намудани мақсадҳо ва иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлад шароитҳои муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқиро ба вуҷуд овард. Ҳуқуқи интихобот дар Тоҷикистон ба се маъниву мафҳум фаҳмида мешавад. Якум, чун ҳуқуқи субъективии шаҳрвандон оид ба интихоб кардан ва интихоб шудан ба мансаби Президент, ба вакилии Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси маҳаллӣ. Дуюм, чун шакли ягонаи ташкили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва интихоби Президент. Сеюм, чун падидаи демократӣ ва нишондиҳандаи тартиби идораи демократии давлат, чун маҳак ё мизони ошкор кардани татбиқи низоми тартиби демократӣ.  

Хушбахтона ба мардум имконият дода шуд, ки онҳо бевосита бо иродаи сиёсӣ ва фаҳмиши ҳуқуқии худ дар идоракунии давлати худ иштирок намоянд. Тавре аз таърих огоҳ дорем  аввалин даргириҳои сиёсӣ баъди эълони истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳуриямон маҳз ба хотири интихоботи президентии соли 1991  сар заданд. Ин воқеаро Пешвои мииллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлисии Олии мамлакат қайд карда гузаштанд ва таъкид бар он доштанд, ки интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва маъсулиятшиносиро тақозо мекунад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми март  дар саросари ҷумҳуриямон рўзи интихобои  навбатии вакилон ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳалӣ эълон карда шуд. Хушбахтона мардуми соҳибмаърифати давлати азизамон ин маъсулиятро дарк намуда интихоботи навбатиро низ сарбаландона гузарониданд.  Тавре аз воситаҳои ахбори омма ва телевизиони марказӣ шабакаи «Тоҷикистон» иттилоъ гирифтем шурўъ аз субҳи бомдод ҳамаи сокинони минтақаҳои Точикистони азизамон  дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуда маърифати баланди сиёсӣ ва ҳукуқии худро нишон доданд. Дар интихоботи навбати саҳми арзандаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ назаррас буда ба интихобот аз ҷониби намояндагони созмонҳои байналхалқи баҳои баланд дода шуд.

Мардуми сарбаланд бо як боварии комил вакилони арзандаи худро интихоб намуданд.  Мо низ итминони комил дорем, ки вакилони ба боварии мардум сазовар гаштанда рисолати таърихии худро анҷом дода дар баланд бардоштани некўаҳволии мардум саҳми арзандаи хешро хоҳанд гузошт.   

Лола Назархудоева

Log in

create an account