Мақолаҳо

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ

Тавре иттилоъ дорем бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз 4-декабри соли 2019 интихоботи навбатии  вакилони  Маҷлиси  намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ  рузи 1-марти соли 2020 таъин шуд.

Низоми интихобот худ падидаи муҳими демократия буда, маҷмўъи муносибатҳои ҷамъиятие мебошад, ки дар алоқамандӣ бо ташкили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва ҳуқуқи субъективии шаҳрванд оид ба интихобу интихобшавӣ ба вуҷуд меояд. Дар муҳимтарин принсипи  демократия оварда шудааст, ки халқ сарчашмаи  ҳокимият ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, иштирок шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии давлат ин маъсулияти шаҳрвандии онҳо мебошад.

Барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи навбатӣ Пешвои миллат ба мардуми сарбаланди тоҷик муроҷиат намуда қайд карданд, ки агар мо таърихро варақгардон намоем аввалин даргириҳои сиёсӣ дар кишварамон дар солҳои 90-уми асри гузашта маҳз ба хотири интихоботи президенти ҷумҳурӣ сар зада буданд. 

Гурўҳҳои манфиатдори дохилӣ ва хориҷи барои дигарбора тақсим намудани халқи тоҷик ба маҳалҳо ва гурўҳҳо дар байни мардум хар гуна дасисаҳои бемантиқро паҳн намуда, бо шиорҳои бардуруғ  мардумро ба нифоқу тариқаандозӣ дучор карданд. Ба табъи нозук ва муқаддаси миллат таъсир расониданд, садҳо ҷавонони миллатро бо раҳгумиву саргумӣ кашидан ва алангаи оташи ҷанги шаҳрвандиро барафрохтанд. Ҷанги шаҳрвандӣ сабаби марги 150 000 сокини  кишвар  шуд. Роҳбарияти олии мамлакат дар ин давраи муҳими таърихӣ бо сарварии Президенти миллат мӯҳтрам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати ғаразноки давлатҳои манфиатхоҳро пешгирӣ намуда, гурўҳҳои мухталифи сиёсиро бо як ҳадаф, бунёди давлати мустақили демократӣ, ҳуқуқбунёд муттаҳид намуданд.

Дар марҳилаи кунуни мо аз он фахр дорем, ки мардуми  сарбаланди кишвари азизамон аз ҳодисаҳои талхи солҳои 90-ум сабақ гирифта дигар ба дассисаҳои гурўҳҳои манфиатхоҳ бовар намекунанд.  Инро мо алакай дар таърихи 1- марти соли равон дарк намудем, ки мардум бо як боварии комил ба оянда дар  интихобот иштирок намуда  вакилони арзандаро интихоб намуданд.   Аммо мутасифона имрўз ҳам он гурўҳое дида мешаванд, ки боз мехоҳанд бо  шиорҳои пучу бемании худ дар байни мардум иғво андозанд. Даъво бар он доранд, ки интихобот ноодилона гузашт. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна таблиғоти бемаънӣ пахш мекунанд.  Пас мо ҳам бо боварии комил ба Шумо мегўем, ки интихоботи навбати аз тарафи мушоҳидони байналмилалӣ пурра зери назорат буда ба таври шаффоф гузаронида шуд.

Насим Саидраҳмонов

Log in

create an account