Мақолаҳо

Шафофияти интихоботи кишвар гувоҳи демократист

Дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият кишвари азизу ҷавони мо ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона шинохта шуд. Ҳизбҳои сиёсии кишвар чун нерӯи созандаву бунёдкор масъулияти худро барои амалӣ гардонидани орзуву омоли мардуми сарбаланди кишвар, барои имрӯзу фардои Ватану миллат ва таъмини зиндагии шоистаи мардумро хуб дарк намуда, бо пиёда сохтани ҳадафҳои Барномавии худ барои татбиқи мақсадҳои бунёдкорона кӯшиш ба харҷ доданд ва дода истодаанд.

Дар кишвари мо имрӯз бисёрҳизбӣ арзи вуҷуд дошта, аз байни онҳо ягона ҳизби наҳзатии Шумо аз моҳи сентябри соли 2015 инҷониб ба Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ табдил ёфтааст. Имрӯз ин ҳизб ба радди маъракаву нафрати мардум гирифтор шудааст ва ҳеҷ боварие ба ӯ намондааст. Дили мардум кайҳост шикастааст, ҳатто худ шикаст хӯрдед ва мехоҳед, ки боз ба ҳизби дигар халал расонед... Чаро дар тафовут бо дигар аҳзоби сиёсӣ фарқ намегузоред?

Имрӯз дар майдони сиёсӣ ва дар интихоботи баргузоргардидаистода ягон монеае вуҷуд надорад ва пеши ягон аҳзоби сиёсӣ дар маърӯзаву баромад ва ё таблиғу ташвиқ гирифта нашудааст. Ҳар намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ бо баҳси солиму созанда байни халқ барномаҳои пешазинтихобтӣ ва андешаҳои худро баён доштанд, ки дар он ҷо фақат рақобати солиму созандаро мушоҳида намуд.

ТЭТ ҲНИ ҳатто ҳангоми фаъолияти қонунӣ доштанаш ва то ҳол аз хориҷи кишвар истода, бисёрҳизбиро ба яккаҳизбӣ унвон медиҳад ё аз баргузории интихобот норозигӣ баён месозад, ки ин хатои маҳз аст. Бояд хотиррасон сохт, ки ТЭТ ҲНИ кайҳост, ки ҳуқуқи баёни андешаро оид ба ин ё он аҳзоби сиёсӣ ва ё сиёсати давлату ҳукумат ва ташкилу баргузории интихобот надорад, надошт ва минбаъд низ сокинони мамлакат ба инобат нахоҳанд гирифт. Зеро амалҳои ношоиста, пасипардагӣ ва ғайриинсонии ин ҳизби мамнӯъшуда буд, ки мардумро ба нобаробариву ноадолатӣ тела медоду то ҳанӯз рашк мебарад.

Дар охир ба М. Кабирӣ а дигар бадхоҳони кишвар хитоб карда мегуям, ки «ман ҳамчун як фарди Тоҷикистон, рӯзи 01-уми марти 2020 дар интихоботи номзадҳо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, малисҳои вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот иштирок намудам ва бо чашми хеш дидам, ки ин чорабинии сиёсӣ дар сатҳи зарурӣ бидуни ТЭТ ҲНИ дар фазои сулҳу субот, оромӣ ва демократӣ сурат гирифт ва ба натиьаи шаффофи он ман боварии комил дорам.

Пирумшо Саодатқамов, нафақахур,

сокини шаҳри Хоруғ

Log in

create an account