Мақолаҳо

Интихобот ва маъсулияти баланди ватандорӣ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин як қатор санадҳои  байналмилалӣ, ки аз ҷониби  мамлакати мо  эътироф карда шудаанд, ҳуқуқи халқи тоҷикро (ҳамаи шаҳрвандонро, новобаста аз мансубияти миллӣ ва эътиқоди динии  онҳо) ба иштирок намудан дар ҳаёти сиёсии мамлакати худ эътироф менамояд.  Ин ҳуқуқи сиёсии худро шаҳрвандон метавонанд ба воситаи низоми интихобот амалӣ намоянд.

Низоми интихобот падидаи муҳими демократия буда, маҷмўъи муносибатҳои ҷамъиятие мебошад, ки дар алоқамандӣ бо ташкили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва ҳуқуқи субъективии шаҳрванд оид ба интихобу интихобшавӣ ба вуҷуд меоянд. Дар муҳимтарин  принсипи  демократия оварда шудааст, ки халқ сарчашмаи  ҳокимият ба ҳисоб рафта онро метавонад бевосита ва ё бавоситаи вакилони худ амалӣ намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  баъди эълони истиқлолияти давлатӣ раванди демократикунонии ҷомеаро пеш гирифта барои амалӣ намудани мақсадҳо ва иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлад шароитҳои муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқиро ба вуҷуд овард. Ҳуқуқи интихобот дар Тоҷикистон ба се маъниву мафҳум фаҳмида мешавад. Якум, чун ҳуқуқи субъективии шаҳрвандон оид ба интихоб кардан ва интихоб шудан ба мансаби Президент, ба вакилии Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси маҳаллӣ. Дуюм, чун шакли ягонаи ташкили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва интихоби Президент. Сеюм, чун падидаи демократӣ ва нишондиҳандаи тартиби идораи демократии давлат, чун маҳак ё мизони ошкор кардани татбиқи низоми тартиби демократӣ.  

Хушбахтона ба мардум имконият дода шуд, ки онҳо бевосита бо иродаи сиёсӣ ва фаҳмиши ҳуқуқии худ дар идоракунии давлати худ иштирок намоянд. Тавре аз таърих огоҳ дорем аввалин даргириҳои сиёсӣ баъди эълони истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳуриямон маҳз ба хотири интихоботи президентии соли 1991 сар заданд. Ин воқеаро Пешвои мииллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлисии Олии мамлакат қайд карда гузаштанд ва таъкид бар он доштанд, ки интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва маъсулиятшиносиро тақозо мекунад.

Ба  ин  маракаи муҳими сиёсӣ  ҳар яки  мо бояд бо маъсулияти баланд ва ҳисси ватандӯстӣ назар намуда дар гузаронидани он ҳаматарафа саҳмгузор бошем.  Чаро ки муроҷиати  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар Паём низ ин буд, ки   ҳангоми баргузории  интихоб ҳами мо бояд саҳмгузор бошем.  

Лола Назархудоева

Log in

create an account