Мақолаҳо

Қирғизҳо ҳамсоягариро бояд бидонед!

Бо оғози қарни нав, бозиҳои геополитикии абарқудратҳо барои манфиат ва нуфуз дар минтақа рӯз аз рӯз густариш ёфта истодааст. Онҳо барои боло бурдани нуфузи худ дар минтақа аз тамоми имконияти доштаашон истифода мебаранд. Чи хеле ба ҳамагон маълум аст, пас аз пош хурдани давлати абарқудрати Шӯравӣ дар як қатор давлатҳои собиқи он «инқилоби сабз» ва «инқилоби зард» ба амал омада, ғасби ҳокимият ва табаддулоти давлатӣ рух дод.

Ба сиёсати дохилии Ьумҳурии Қирғизистон низ давлатҳои абарқудрат дахолат намуда, инқилобро ташкил карда, аввалин  Президенти кишвар Аскар Акаевро аз вазифа барканор ва аз ҳудуди кишвар берун карданд. Сиёсати ин давлат пас аз ин бо ҳамсоягонаш тағйир ёфт.

Марзи байни кишвари мо ва давлати қирғиз масъалаи баҳснок буда, то айни замон ҳалли худро наёфтааст. Аз ин ҳолат манфиатхоҳони давлати ҳамсоя бо равандҳои пурпечутоби зиндагӣ дар системаи кунунии дунё нишон медиҳанд, ки ҳар як амали ба вуқуъ омада дар хати марз гуноҳи тоьикон аст. Аммо вазъи сиёсии имруза тақозо менамояд, ки давлатҳо ва халқиятҳояшон ҳамеша зираку ҳушёр бошанд ва барои ҳимояи суботи манфиати кишварашон камари ҳиммат банданд. Ҳамаи  рўйдодҳо халқи тоҷикро водор менамояд, ки истиқлолияташро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад ва барои ҳимояи ҳамагуна арзишҳои миллӣ камари ҳиммат мебандад.

Рўйдодҳои ҳудудии Тоҷикистон бо қирғизҳои ҳамсоя дар чанд вақти охир нишонаи он аст, ки қирғизҳои ҳамсояи барқарор кардани муносибатҳои ҳамсоягиро дарк намекунанд ва тартиботи мавҷударо доим халалдор месозанд. Бо иштирок ва мўътадил нигоҳ доштани ҳудудҳои тарафайн муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим далели он аст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамеша талош мекунад, то ин ки муносибатҳои ҳамсоягӣ ва доштани дипламатияи барҷастаашро нигоҳ дорад ва нофаҳмие сар назанад, аз ин хотир қирғизҳо бояд дарк намоянд ва ҳамагуна принсипҳои мавҷударо эътироф ва риоя намоянд, то ин ки вазъият дигар бора муташаннич нагардад. Ҷониби Тоҷикистон ва халқи барумандаш ҳамеша дурандешона ва одилона рафтор мекунад ва талош мекунад, ки нофаҳмие сар назанад, аммо бо таҳлилҳои амиқу дақиқ, қирғизҳо санъати пешбурди давлатдорӣ надоранд ва одоби ҳамсоядориро наомӯхтаанд аз ин рў тасаввур мекунанд, ки байни якдигар ҳамеша дар низоъ мебошанд ва халқи тоҷик гўё аз рафтори онҳо сукут мекарда бошанд, аммо қирғизҳо фаромўш набояд созанд, ки бо ин рафторашон дар таърихи инсоният хатогии бузург мекунанд.

Мардуми давлати ҳамсояи мо қирғиз бояд пеш аз ҳама муносибати ҳамсоягариро бидонад ва тартиботро риоя намояд. Агар чунин муносибатро наомӯзад, мардуми ьасури тоьик низ бо посухҳои ҳадафмандона ьавоб хоҳанд гардонид.

Пирумшо Саодатқамовнафақахӯр, сокини шаҳри Хоруғ

Log in

create an account