Мақолаҳо

Хирад пояи давлати ҷовидонӣ бувад

Руҷӯъ ба мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С.С.Ятимов дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», №21-22 (23 877), 29-уми январи соли 2020 бо номи “ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲО РУШДИ МАЪРИФАТ».

Бузургворе басо зебо фармудааст: «Хирад чизе нест, ки шумо битавонед, ки (аз мактаб ва ё донишгоҳе) биёмӯзед. Хирад чизе ҳаст, ки худи зиндагӣ ба шумо меомӯзад».

Миллати сарбаланди тоҷик дар тули беш аз шаш ҳазор соли торихи худ бо хираду фарҳанги азалии худ ба ҷаҳониён исбот намудааст, ки миллати созанда ва вологуҳарест в-аз сохтанҳову сухтанҳое, ки дар ин дарозои мавҷудияти хеш аз ёру ацёр дидааст боз ҳам шукӯҳву ҳашамату виқори баланди худро чун кӯҳи побарҷо ҷовидонӣ нигоҳ доштааст.

Ёдгориҳои фарҳангии адабии пурарзиши миллати куҳанбунёди миллати мо ба монанди «Дарахти Асурик» ва «Аяткорони Зарирон» ҳанӯз дар давраҳои давлатдории Сосониён(221-651 милодӣ) арзи вуҷуд доштаанд, ки дар осори фарҳангии халқҳои Ҷаҳон намунаҳои беҳтарини адабиёти ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд.

Баъд аз ин ҳам Сомониёни бузург асолати давлатдории худро бо таъбири Одам-уш-шуаро «дониш чароци равшани дил» ва «илму фарҳанг болотар аз тамоми ганҷу дороиҳо» ба роҳ монда, маҳз ҳамин хислатҳои наҷибонаи онҳо тавонист, ки то замоне ҳам, ки тоҷикон Истиқлолияти давлатии худро дар рӯзи 9-уми Сентябри соли 1991 ба даст оварданд чун миллати соҳибтамаддун боқӣ монад.

Мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С.С.Ятимов дар «Ҷумҳурият»,№21-22 (23 877), 29-уми январи соли 2020 бо номи “ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲО РУШДИ МАЪРИФАТ» дар тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ нақши муҳим дошта, он ба таври мукаммал ва тарзи илмӣ нукоти асосии Паёмро баррасӣ намудааст.

Мақолаи мазкур аз бобҳое ба монанди «Муқаддима», «Масъалаҳои иқтисодӣ» ва, «Мавқеи илму маориф», «Талабот

нисбат ба тарбия ва таълим» ва «Дар хусуси аз худ кардани илмҳои бунёдӣ», «Оид ба забони тоҷикӣ», «Хондани китоб», «Арҷгузорӣ ба таърихи миллат» ва «Хулоса» иборат буда, он муҳимтарин нукоти Паёми Пешвои миллатро ба таври интектуалӣ баён намудааст.

Он нуктаи муҳиме, ки дар Муқаддимаи мақолаи мазкур барҳақ зикр гардидааст: “Хиради азалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавассути сидқан аз бар намудан ва ба тарзи хастанопазир сайқал додани донишҳои энсиклопедӣ, такрор ба такрор дар таҷрибаи зиндагӣ санҷидани онҳо исбот гардидааст, мактаби махсуси давлатсозӣ ва раҳбарии муваффақона аст. Онро ҳамчун намунаи пайравии рӯзмарра ва стратегияи давлатдорӣ бояд омӯхт. Қонунмандиҳои аз нестӣ раҳонидан, ҳаст кардан, ба масири тараққиёти устувор расонидан ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани як миллати куҳанбунёди бо тақдири фоҷеабор борҳо рӯбарӯшударо барои наслҳои имрӯз ва оянда ҳамчун сабақ манзур сохт” – матлабест, ки мо дар сархати матолиби худ имло намудем мебошад .

Қисмати аввали мақола ҳамчунин аз боби “Масъалаҳои иқтисодӣ» иборат буда, дар он аз он ҷумла чунин омадааст: “Дар шарҳи масъалаҳои иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат принсипи вобастагии моддии якдигарӣ баръало дида мешавад. Вақте ки сухан дар бораи эътимоднокии тезисҳо меравад, дар Паём структураи чунин мантиқ − ҷузъҳои он тафсири худро меёбанд. Ҳангоми таҳлилу баррасӣ эътибори мулоҳизаҳои пешниҳодгардида боз ҳам мустаҳкамтар мегардад. Барои мисол: «Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд» (Ҳамон ҷо. − С. 3).

Яке аз мушкилтарин масъалаҳое, ки онро давлати соҳибистиқлол баъди ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ бояд барқарор мекард, ба вуҷуд овардан ва устувор гардонидани итминони аҳолӣ ба давлати ҷавон буд. Зеро насли соҳибандешаи он замон, касе, ки имконияти дар Ватани аҷдодии худ зиндагӣ ба сар бурдан дошт, ҳанӯз ҳам орзуи замони шӯравиро мекард. Гумон намекард, ки тоҷикон метавонанд давлати миллии худро аз нав бунёд кунанд. Иқтисодиётро побарҷо созанд.

Мардумро соҳиби нон гардонанд. Амнияти онро таъмин намоянд. Дар дунё худро ҳамчун кишвари мустақил муаррифӣ созанд. Чунин эҳсос ҳам дар миёни қисмати бештари зиёиён ва ҳам дар байни омма ғолиб омада,хатарҳои ҷонӣ, фақр, нодорӣ, таҳдиди гуруснагӣ бовари мардумро ба зиндагӣ коста ва одамонро аз ҳаёт дилшикаста карда буд. Гарчанде бо вуҷуди мушкилоти зиёд, ҷуғрофияи таъмини амнияти минтақаҳои кишвар рӯз ба рӯз васеъ карда мешуд васатҳи баланди камбизоатӣ ба мисли пешина мардумро азият медод, ки масъалаҳо аз ҷанбаҳои аслии фаъолияти Ҳукумати мамлакат гардида буданд.”

Дар ин баши мақолаомадааст,ки “Паёми 26-уми декабри соли 2019 идомаи мантиқии назариявӣ ва сиёсати санҷида ва амалан тасдиқгардидаи Пешвои миллат дар давоми се даҳсолаи ахир аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дарназардошти ҳамин ҳадафҳо, дар давраи миёнамуддат чунин вазифагузорӣ мекунад: «Ҳукуматро, ҳамчунин, зарур аст, ки дар 7 соли оянда суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар як сол 7-8 фоиз, афзоиши ҳаҷми онро беш аз 1, 8 баробар ва ба ҳар сари аҳолӣ 1, 7 баробар таъмин намуда, ҷиҳати ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 18 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ нақшаҳои тасдиқгардидаро босифат амалӣ намояд»”

Ниҳоятан ҳам дар қисматҳои дигари мақолаи зикргардида ба муҳтавои хирадгароёнаи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобҳои, «Мавқеи илму маориф», «Талабот нисбат ба тарбия ва таълим» ва «Дар хусуси аз худ кардани илмҳои бунёдӣ», «Оид ба забони тоҷикӣ», «Хондани китоб», «Арҷгузорӣ ба таърихи миллат» ба авлавияти пешрафти соҳаи маориф ва илму фарҳанг дар сиёсатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ишорат гардида, муаллиф барҳақ чунин нигоҳштааст: “Бузургии Пешвои муаззам, хиради волои созанда ва ғамхор ба тақдири неки имрӯзу ояндаи миллат мебошад, ки мактаб, донишгоҳ, муассисаҳои илмиро пояи асосии давлатдории миллӣ эълон намудааст.

Ба назар мерасад, ки вобаста ба чунин талабот нисбат ба муҳтавои васоити таълимӣ – китобҳои дарсии мактабҳои ибтидоӣ, миёнаи умумӣ, олӣ ва мавзӯъҳои таҳқиқоти муассисаҳои илмиву таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои гуманитарии Академияи илмҳо аз нигоҳи танқидӣ

муносибат кунем. Серталаб бошем. Онҳоро ба талаботи сохти конститутсионӣ – давлати миллӣ, тавъам бо таҷриба ва арзишҳои созандаи дунёи мутамаддин мувофиқ гардонем. Саҳлангорӣ ва муносибати духӯра дар ин маврид ба фоидаи суботи ҷомеа нест ва нахоҳад буд.

Дунявият ҳамчун яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ муқобили дин нест, тавре ки душманони сохти конститутсионӣ аз рӯйи ғараз ва ниятҳои ҳукуматхоҳӣ талқин мекунанд. Ва асли дунявиятро ҳам барои миллати тамаддунофари тоҷик назария ва амалияи сиёсии кишварҳои Ғарб, мисли падидаи нав, таҳмилгардида шуморидан, аз рӯйи адолати илмӣ буда наметавонад.

Тамоми таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик дар мисоли беҳтарин асарҳои илмиву адабӣ,қаҳрамониҳо ба хотири нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, урфу одатҳо ва ҷашнҳои миллӣ, ки дар маҷмӯъ, халқеро бо номи тоҷик, ахиран соҳибдавлат гардонид, маҳз идеяи миллӣ – тоҷикият буд, на назария, идеология ва амалияи сиёсии дигар. Зинда мондани миллат ва забони ӯ дар худ унсури бузурги дунявиятро дорад. Дар акси ҳол, кишвар бояд дар ҳайати ягон хилофат мебуд. Имкони муаррифии худро бо номи Тоҷикистон дар дохил ва дар арсаи байналмилалӣ гум мекард.

Мусаллам аст, ки зуҳуроти органикӣ ва ғайриорганикӣ – табиат, ҷамъият ва тафаккур дар доираи системаҳои муайян арзи ҳастӣ карда метавонанд. Халқ ҳамчун мафҳуми системавӣ ин истилоҳро бо аломатҳои сифатӣ соҳиб мешавад. Дар доираи мафҳуми ҳуқуқии давлат зиндагӣ мекунад. Урфу одат, забон ва маданияти умумӣ дорад. Барои пешрафти доимии ҷомеа манфиатдор аст. Аз табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ иборат мебошад, ки ҳар кадом мақсаду мароми мушаххас доранд. Аммо аслан дар истилоҳи мардум оммаи меҳнаткаш дар назар дошта мешавад. Табақаҳои пешқадами ҷамъият бо он ҳамроҳанд. Ҷузъи тақсимнашавандаи мардумро ташкил мекунанд. Агар нақша, мақсад, маром ва амали онҳо ба рушд, некуаҳволӣ ва беҳбудии мардум созгор бошанд. Барои рушд ва ҳифзи якпорчагии ин сарзамин ҷоннисорӣ кунанд. Намуна бошанд. Бо рафтори худ аксариятро ба ин амал ҳидоят намоянд” .

Қобили андеша аст,ки муҳтарам С.Ятимов дар ин мақола дар муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои миллат чунин нигоҳштаанд: “Соҳаи

маориф, дар ин маврид, мавқеи майянкунандагиро касб кардааст. Вобаста ба ин, Роҳбари давлат иброз медорад: «Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

То ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад»(Ҳамон ҷо. − С. 23).

Тавре хотирнишон гардид, Пешвои миллат дар самти амалӣ сохтани мақсадҳои стратегии худ аз дастгирии оммаи мардум, алалхусус, соҳибкорон ба навъи аҳсан бархӯрдор аст. Аз ин лиҳоз, бо қаноатмандӣ аз саховатмандии онон иброз медорад: «Ман аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон ба кулли мардуми кишвар, аз ҷумла ба ҳамаи соҳибкорони ватаниву бурунмарзиамон ва дигар шахсони ҳимматбаланд, ки дар амалӣ шудани Амри Роҳбари давлат дар бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои маориф ва фарҳангу тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, хатҳои обрасонӣ ва дигар корҳои хайр саҳми ватандӯстона гузошта истодаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям»”

Дар қисмати бобҳои «Талабот нисбат ба тарбия ва таълим» ва «Дар хусуси аз худ кардани илмҳои бунёдӣ», «Оид ба забони тоҷикӣ», «Хондани китоб», «Арҷгузорӣ ба таърихи миллат» вобаста ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат муаллифи мақола ба он назар аст, ки Сарвари давлат назорат дар соҳаи илму маориф ва таълиму тарбияи насли наврасро ҷиддитарин вазифаи давлат ва Ҳукумати мамлакат медонанд.

Дар ин қисмаиҳо чунин нигоҳшта шудааст: “Вобаста ба шароити таълим ва тарбия, ки Роҳбари давлат барои рушди илму маориф омода кардааст, дар Паём доир ба баланд бардоштани соҳаи омӯзиш, парвариши насли наврас ва ҷавонон вазифаи ҷиддӣ мегузорад. Таъкид карда мешавад, ки сифати кори мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ бояд ба талаботи рӯзафзуни рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинии аъзои ҷомеа, шинохт ва дарки воқеияти табиат ва ҷамъият мувофиқ бошад: «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст

сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд»” Ҳамзамон ба маврид қайд гардидааст, ки “Вале ин нукта боиси таассуф аст: новобаста аз он ки давлат барои тарбияи насли наврас, ҷавонон тамоми шароитро тибқи меъёрҳои эътирофгардида омода кардааст, сатҳ ва сифати донишҳои хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ ба талаботи рӯз – иқтисодиёти бозаргонӣ, азхуд кардани технологияи пешқадам, донишҳои бунёдии соҳаҳои ҳуқуқ ва дигар самтҳои гуманитарӣ ба меъёрҷавобгӯ нест. Дараҷаидониш ва малакаи хатмкардагони мактабҳои олӣ ба талаботи асосие, ки тибқи он ҳуҷҷат дар бораи мутахассиси соҳа будан дода мешавад, мувофиқат намекунад. Байни диплом ва дониш, ки яке зуҳурот ва охирӣ ҷавҳари аслии тахассусмандӣ –муҳимтарин сифати шахсиятро ташкил мекунад, барои он вақт − умри азиз ва маблағи зиёд сарф шудааст, фосила ба андозаи нобахшиданӣ аст. Омили аслии афзоиши бекорӣ, авҷи ҳиссиёти тақдирпарастӣ, дастнигарӣ, эҳсоси нодаркорӣ барои ҷомеа, раҳгумзадагӣ, ноумедӣ, рӯ овардан ба ҷаҳонбинии ниҳоят арзони схоластикӣ ва нуфузи рӯҳияи ифротӣ ба шуури ҷавонондар ҳамин ифода мегардад.

Бо дипломи мактаби олӣ бисёре аз ҷавонон ба зиндагӣ, ки барои ягон падидаи соҳибшуури олам осон нест, нотайёр даргоҳи он муассисаро тарк мекунанд. Онҳо дунёро, ҷомеаро на ба он тарзе, ки воқеият дорад, субстансионалӣ, объективӣ аст, қабул мекунанд.

Ҳангоми эҳсоси муҳити атроф сифати аслии предмет дар шуур худ ба худ инъикос намеёбад. Барои ин донишҳое, ки баъдан тавассути таҷриба бори дигар тасдиқи худро пайдо мекунанд, заруранд. Дар ҳолати камбуди тасаввуроти илмӣ, хосияти объективии предмет дар шакли субъективӣқабул мешавад. Ҳаракати ақли инсон аз зуҳурот то моҳият дар фосилаи муайян андармон мегардад. Шахс барои худ, муҳит ва ҷомеа мушкил эҷод мекунад.

Афроди муайян, ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бозигарони геополитикӣ вазъи донишазхудкунӣ, маънавиёт ва хислату характери ҳар миллатро ҷиддан, мақсаднок меомӯзанд. Нуктаҳои заъфи ҷаҳонбинии онҳоро ҳамчун кашфиёти муҳим ошкор мекунанд. Барои худ ва бар муқобили миллати мавриди ҳадаф аз ҳисоби намояндагони содаву бехиради худи ҳамон миллат, зери шиорҳои дурӯғин лашкар месозанд. Олимони

маъруфи материализми илмӣ хулоса баровардаанд: «Ва бояд бигӯем, ки модарзодӣ, одамониаз лиҳози зеҳнӣ маҳдуд, синфи аз ҳама зиёди мардумро ташкил мекунанд... ва донем, ки ин гуна маслуқият зуҳуроти тараққиёти таърихӣ аст. Ва аниқ, ҳамин тарз (ноқисӣ, бесаводӣ – С. Я.) дар натиҷаи инкишофи таърихӣ метавонад аз нав нобуд карда шавад»(К. М., Ф. Э. Немецкая идеология. – М.: Политиздат., 1988. – С. 283)”

Боиси фараҳмандӣ аст, ки муаллифи мақола дар боби «Дар хусуси аз худ кардани илмҳои бунёдӣ», аз гузаштагони пурифтихори мо ба монанди Шайх-ур-раис Абӯалӣ ибни Сино чун чун боризтарин насли башарият дар роҳи омӯзиши илм ёдоварӣ намуда, бо ситоиш аз Абӯалӣ ибни Сино чунин нигоҳштааст: “«Номи Абӯалӣ ибни Сино (Авиценна) – зодаи Бухоро, ба таърихи маданияти дунё ворид гаштааст. Ин ғайричашмдошт нест. Ӯ дар қатори бузургтарин олимон−энсиклопедистони асримиёнагӣ эътироф гаштааст. Мероси илмии ӯ бениҳоят васеъ буда, самтҳои гуногунро дар бар мегирад: фалсафа, тиб, риёзӣ, ситорашиносӣ, ботаника, кӯҳшиносӣ, забоншиносӣ, назмшиносӣ ва мусиқиро»(Ибн Сина. Избраннҳе философские произведения. − М.: Наука, 1980. − С. 3).

Худи Абӯалӣ ибни Сино илмҳои назариявиро ба се гурӯҳҷудо мекунад: «Якум илми дараҷаи олӣ ё илми аввалия, онро ҳамчунон илме меноманд, ки берун аз табиат вуҷуд дорад.Дуюм − илми миёна, математика. Сеюм илм дар бораи табиат...»(Ҳамон ҷо. –С.3). Дар идомаи сухан Абӯалӣ ибни Сино таъкид мекунад: «Аз тамоми ин илмҳо барои инсонҳо фаҳмотар, наздиктар илм дар бораи табиат мебошад, аммо дар он бисёр нофаҳмиҳо мавҷуд аст» (Ҳамон ҷо. − С.27)”. Дар давоми мақола муаллиф бо далелҳои илмӣ аз олимони сатҳи ҷаҳонӣ ба монанди Суқрот(Сократ) ва Г.В. Гегел, И.Кант ва абёти зебое аз Мавлоно Ҷалоолиддини Румиву Лоиқи ширинбаён, нигоҳштаҳои нависандагони забардасте ба монанди Л.Н. Тостой ва М.Горкий андешаҳои мушаххасро ба миён гузошта, чунин менигорад : “Таъкиди махсус доир ба омӯзиши илмҳои бунёдӣ дар Паём дарки амиқи ниёзҳои иҷтимоист. Истифодаи ибораи зарурати «тавсеаи тафаккури техникӣ»ва алоқамандии он бо фанҳои дақиқ, мисоли барҷастаи аҳамияти илмиву амалӣ доштани ин ҳуҷҷати тақдирсозро таъкид кардааст. Зеро бе донистани математика, физика, химия, биология ҳосил кардани тасаввуроти ягона дар бораи ҳодисаҳои табиат ва муҳити зист

имкон надорад. Эҳсосоти баробар ба воқеияти он дар шуури инсон пайдо намешавад. Маҳз тавассути рушди донишҳо дар соҳаи илмҳои техникӣ, имконоти тағйирёбии мусбат ва ба талаботи зиндагӣ мувофиқ гардонидани захираҳое, ки табиат бо сахтӣ, сангдилӣ ва бераҳмӣ дар худ нигоҳ медорад,шароит муҳайё мегардад.

Сиёсати давлатӣ дар ин хусус, чуноне аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, хосияти материалӣ дорад. Тараққиёти ҷомеа фақат бо василаҳое имконпазир аст, ки онҳоро худи одамон сохтаанд.Воситаҳои рӯҳӣ, равонӣ, эътиқодӣ, мутаассифона, дар ин кор судмандии худро тавре дар таҷрибаи зиндагӣ мебинем, исбот карда натавонистанд.

Ҳаёти ҷомеа, сарфи назар аз даъвоҳои хастагинопазири беохир ва мақсадноки муаллифон ва ҷонибдорони идеологияҳои шахшудамонда амалия, таҷрибаи судоварро эътироф мекунад.

Ҷомеае, ки аз воситаҳои баланд бардоштани самаранокии меҳнати зеҳнӣ, ақлонӣ канорагирӣ мекунад, дар доираи меҳнати тоқатфарсои ҷисмонӣ, ҳамчун натиҷа, дар«ақибмондагии ифтихорӣ» побанд мемонад. Рӯзмарра ва муҳиммияти чунин авзоъро ба инобат гирифта, Пешвои миллат дар Паём эълом медорад: «пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд»(Ҳамон ҷо. − С.24).

Субъектҳое, ки дар ин самт мутасаддӣ ҳастанд, ба таври мушаххас муваззаф гардиданд:«Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карда мешаванд, ки нақшаи чорабиниҳоро доир ба ин масъала дар муҳлати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд»

Ҷойи шубҳа нест, ки ҳангоми амалӣ кардани барномаи бистсолаи ба омӯзиши фанҳои дақиқ равонашуда нақши қишрҳои алоҳидаи ҷомеа – оғоз аз падару модар, боғча, сохторҳои давлатӣ, васоити ахбори умум,ҳар яке дар доираи салоҳияти худ барои таъмини самараноки ин нақшаи ҳаётан муҳим муайян мегардад”.

Дар ин бахш муаллифи мақола бо истифода аз Паём қайд намудаанд,ки “Рӯ ба омӯзиши илмҳои дақиқ намудан ва аз он натиҷаи судманд бардоштан дар Паёми Пешвои миллат ба чунин шакл ифода гаштааст:

«Инчунин, пешниҳод менамоям, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд»”

Дар қисми боби «Оид ба забони тоҷикӣ» муаллиф менависад,ки “Дар се даҳсолаи охир нисбат ба забони модарӣ боарзиштарин тавсифҳо, ҳамду сано, ифтихормандиҳо, даъватҳои ихлосмандонаи сидқан омӯхтан, аз худ кардан ва дар тамоми самтҳои давлатдорӣ истифода бурдани он иброз гаштанд, ки дар тӯли ҳазор соли ахир собиқа надошт. Ва дошта ҳам наметавонист.

Ин иқдомот аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, фарҳангӣ, идеявӣ ва ахиран, байналмилалӣ доранд.

Аввалин бор, яке аз қудратмандтарин забонҳои дунё – забони тоҷикӣ,ҳамчун субъекти комилҳуқуқ ва дастоварди бузурги маънавиёти ҷаҳонӣ бо садои ҷавонмардона аз минбари Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми олам садо дод.

Ин саҳифаи нави таърихи рушду тантанаи забони тоҷикӣ хизмати бемисл ва ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Манзалати забони тоҷикӣ дар сиёсати Сарвари давлат мавқеи муайянкунандагӣ дорад. Он ҳамчун ҳувияти миллӣ, омили аслии расидан ба истиқлолияти давлатӣ, пояи асосии хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ эълон гаштааст: «Арҷ гузоштан ба забони модарӣ омилест, ки сарчашмаи бақои ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ бақои миллати тоҷикро таъмин кардааст (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу

ваҳдати миллӣ−Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон(– Душанбе: ҶДММ «Контракт», 2017. − С. 114).

Забони модарӣ дар таълимоти Роҳбари давлат ҳамчун «рамзи истиқлолияти давлатӣ», «муҳимтарин унсури таҷассумкунандаиҳастии миллат», «симо ва пайкараи миллат», «ёдгори маънавии миллӣ», «забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ», «тимсолиҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии сокинони Тоҷикистон» ва волотарин истилоҳот ба монанди инҳо тафсир карда шудааст. Аз ҳамин ҷиҳат, гаштаву баргашта таъкид намудааст: «Забон муҳимтаринунсури муайянкунандаи ҳастии ҳар як миллат аст. Бино бар ин, саъю талош барои эҳёи рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар як амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошад» (Ҳамон ҷо. – С.116).

Дар Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ чунин арҷгузорӣ, муносибат ва талабот бо тарзи мушаххас ифода гаштааст: «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»: − Душанбе: Шарқи озод, 2019. − С.25).

Ҳамзамон, Пешвои миллат ба мақсади маърифатнок гардидан, тавассути забонҳои хориҷӣ дастрасӣ пайдо кардан ба илм, дастовардҳои техникӣ ва мадании мардумони олам таъкид месозад: «ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем» ”

Дар боби “Хондани китоб” муаллиф ҳақиқатан қайд намудааст, ки “Аз бузургтарин андешаҳое, ки дар адабиёти илмиву бадеии миллати тоҷик садо медиҳад, «рӯй бар ганҷи фарҳанг» ниҳодан – мутолиаи китоб аст”. / афудааст,ки : “Ҷавҳари маънии ҳидоятҳои Пешвои миллат дар масъалаи омӯхтани илм – донистани ҳақиқати зиндагӣ, фаҳмидани омилҳои аслии пайдоиш ва рушди зуҳуроти табиат,ҷамъият ва тафаккур, ба хулосаи баробарвазн ба воқеият расидан, осон кардан ва рушди ҳаёти ҷомеа аст. Ба тарзи дигар, фақат дониш аст, ки метавонад ҳамзамон бо дарки ҳақиқат роҳкушои мушкилот ва воситаи барканор кардани сабабҳое бошад, ки дар ҳаёти ҷомеа монеа ба вуҷуд ме

миллат дар Паём ба масъалаи китоб хондан, дониш андухтан таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Бо истифода аз имконот ва салоҳияти ҳокимияти давлатӣсупоришҳои қатъӣ медиҳад: «ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш дода мешавад, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд»”.

Дар боби “Арҷгузорӣ ба таърихи миллат” муаллиф менигорад,ки “Дар Паёми Пешвои миллат таъкид карда мешавад: «Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем» (Ҳамон ҷо. − С.27).

Дар ҳуҷҷати мазкур, ки маҳсули тафаккури хирадмандонаи Роҳбари давлати тоҷикон аст, мантиқи ҷаҳонишавӣ, рушди технологияи иттилоотӣ, воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги миллӣ ва оқибатҳои фалокатбори он барои ҷомеаи Тоҷикистон хотиррасонмегардад.

Вобаста ба ин,ҳар як узви ҷомеа бояд донад ва ба насли ҷавон фаҳмонад, ки Тоҷикистон як бор фоҷиаи мудҳиши Сурия, Ироқ, Тунис, Яман, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ливия, Афғонистонро бо чашми худ дид. Аз сар гузаронид. Оқибатҳои ин ҷанги хонумонсӯз, ҳам аз лиҳози моддӣ ва ҳам маънавӣ,то ҳол пурра бартараф нагардидаанд. Даҳсолаҳо лозиманд, то кишвар ин хатои бузурги таърихиро, ки решаи он дар дохили мамлакат, дар аъмоли зиддимиллии намояндагони дастнигару бегонапарастиҳамин миллат буданд, бартараф созад. Ва ин дарахти сершоху барги анчар, ки мустақиман

аз хориҷи кишвар обу ғизо мегирифт, парвариш меёфт,имрӯз ҳам пурра хушк нашудааства акси садои хастаи онон мисле, ки аз боғ овози нофорами зоғ садо медиҳад, ҳолоҳам гоҳ-гоҳе ба гӯш мерасад. Террористони онон ду-ду, чор-чор,ҳар замон нобуд ё дастгир мешаванд.

Як ҳақиқати бебаҳс ин аст, ки ҳеҷ як қувваи беруна, агар дар дохили миллат хоиноне пайдо насозад, бо онҳо аз рӯйи ғараз пулу молнадиҳад, кумаку ҳамкорӣ накунад, давлатро ноором ва мардумро бесаранҷом карда наметавонад.

Давлат, миллат мебояд аз лиҳози маънавӣ, дониш, маърифат, худшиносӣ то ба он дараҷаеякдил, яктан, якмаром бошад, ки тақдири таърихии ӯҳаргиз аз омилҳои берунӣ вобастагӣ надошта бошад. Барои давлати миллӣ таҳдидҳо доимӣ, абадӣ ва беохиранд. Даршакли ҳар гуна қувва, хатар, намуд, мафкура, шиор, ваъда пайдо мешаванд.

Қудрати халқдар сифат, сохтор, мундариҷаи шуурнокӣ ва ҷаҳонбинии ӯст. Ниҳоят зарур аст, ки миллат дар ҳар як шикаст гуноҳи худро эътироф кунад. То дар замони осудагӣва шукуфоӣ, ки хушбахтона, хоси вазъи имрӯзаи Ватани мост, дар ғафлат намонад. Аз он рӯзҳои фоҷиавӣ андеша кунад. Собитқадамона хатоҳоро ислоҳнамояд. Ба давлат нигоҳ накунад. Зеро давлат худи миллат, худи мардум – аз хурд то бузург аст.

Шахсияти бузурги таърихӣ, ки ин миллатро аз бадбахтиҳои даҳшатнок раҳонид ва ҳар рӯзу соати ҳаёташ ҷоннисорона барои хушбахтии ҳамин миллат сарф гардид, ба чашми ҳар як нафаре, ки худро марбут ба ҳамин миллат, ба ҳамин сарзамин медонад, рост нигоҳ карда, муроҷиат мекунад: «Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем»”.

“Пешвои миллат бори дигар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровроҳамчун сарчашмаи муътамад ва гаронбаҳои бедории ҳисси миллӣ муаррифӣ карда,тасмимидурандешонаи худро ба мардуми Тоҷикистон эълом медорад: «Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»–ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд»”.

Хулосаи калом тамоми муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ ,узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С.С.Ятимов бо ҷаҳонбинии васеи илмӣ бори дигар асоснок карда шуда, он чун Паёми раҳнамо барои аҳли Ватанамон фаҳмонда шудааст.

С.Улфатшо, сармуҳаррири рӯзномаи «Зиндагӣ»-и ноҳияи Ишкошим

Log in

create an account