Мақолаҳо

МАҚОЛАЕ, КИ ТАФСИРИ САД КИТОБ АСТ

Дар шароити фаровонии итттилоот ва дастрасии комил ба маълумоти ҳангуфти расонаҳои хабарию шабакаҳои иҷтимоӣ кам ҳолате пеш меояд, ки мутолиаи маводе инсонро ба андеша водор намояд ва дар зеҳни шахс афкори ҳувиятсозро таҳрик диҳад, хоса барои нафароне, ки худ бо маълумот ва иттилооту қаламу қоғаз сару кор доранд ин ҳолат хеле кам рух медиҳад.

Бандаро чанд рӯзи охир мутолеаи як мақолаи Академик Ятимов Саймумин Сатторович, ки дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигошта шудааст ба андеша ва таҳрики фикрӣ водор намудааст. Мақола «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат» унвон дошта, дар сомонаи нашрияи расмии Тоҷикистон - «Ҷумҳурият» аз 29 январи соли 2020 ба нашр расида, аз муқаддима, ҳафт фасл ва хулоса иборат мебошад.

Мақолаи мазкур талошҳои Пешвои муаззами миллат дар роҳи густариши маърифати миллӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худогоҳию худшиносӣ, таҳкими пояҳои фарҳангию таърихии давлату миллат, аз ҷумла рушди забон, фарҳанг, ҳифз ва гиромидошти таърихи миллати тоҷикро дар бар гирифта, муҳимияти ин арзишҳои маърифатию маънавиро дар истеҳкоми аркон ва пояҳои давлатдории миллӣ бо мисолҳои равшани ақлию зеҳнӣ ва мантиқӣ нишон додааст. Ҳамзамон муаллиф бо зикри ин нуктаҳои муҳим, ки аз Паёми сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ маншаъ гирифтаанд таъкид месозад, ки «омӯхтани ин ҳуҷҷати тақдирсоз ба хотири дарки воқеии таърихи миллат, дастовард, мушкилоти умумӣ, роҳ, усул ва шеваҳои ҳаллу фасли он тавассути имконоти тамоми ҷанбаҳои давлатдорӣ зарур мебошад».

Муаллиф дар баробари ин вазъияти ҳассосу буҳронӣ, ҷангҳои  сӯзандаву даҳшатбори кишварҳои Ховари Миёнаро ташреҳ намуда, бо далелҳои муътамад нишон додааст, ки ин кишварҳо аз чӣ шароите ба чӣ вазъияте расиданд. Ҳақиқатан ҳам чунин аст: вақте асолати миллат, ҳувияти давлатию сиёсии мардуми як кишвар поймол мешавад он гоҳ миллат василаи манофеи бегонагон шуда, давлат ба вартаи нестӣ ва кишвар бар садади парокандагӣ мерасад, ки асоси ин ҳама буҳрон дар сатҳи маърифат ва маънавияти фарҳангию сиёсии ҷомеа мебошад. Академик Ятимов С.С. бо таҷрибаи истихборотию маълумотҳои васеъ нишон медиҳад, ки зиёда аз 40 сол аст, ки кишвари ҳамҷавори Афғонистон наметавонад ба рӯзи сулҳу осоиш бирасад. Ҳамчунин кишварҳои Сурия, Либия, Ироқ ва Яман низ аз ҷумлаи он кишварҳое ҳастанд, ки бо мурури замон ва давомдории низоъҳо ба авҷи касодати маънавият баробар шудаанд.

Тоҷикистони азизи мо низ бо он таърихи волову адибони оламшумул, чунин рӯзгореро пушти сар намудааст, ки дар пешгоҳи рафъи ин низоъҳо Пешвои миллат қарор дорад. Махсусан марҳилаи баромадан аз низоъҳои таҳмилӣ, ки ба воситаи дасисаҳои террористон дар кишвар роҳандозӣ шуда буд, аз аслитарин хидматҳои ҷавонмардонаву фидокораи ин шахсияти таърихӣ аст, ки аз ҷониби муаллиф чунин таъбир шудааст: «аз нестӣ раҳонидан, ҳаст кардан, ба масири тараққиёти устувор расонидан ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани як миллати куҳанбунёди бо тақдири фоҷеабор…ро барои наслҳои имрӯз ва оянда ҳамчун сабақ манзур сохт».

Бо дарназардошти ҳолатҳои сиёсию геополитикии минтақа ва ҷаҳон муаллиф вазъи маърифату маънавияти ҷомеаи Тоҷикистон, таҳкими муносибат ба таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, рушду инкишофи илмҳои бунёдӣ дар системаи маориф, мутолиаи китоб ва вижагиҳои зеҳнии он, забон ва фарҳангу адаби миллӣ, омӯзиш, ҳифз ва эҳтиром ба таърих ва арзишҳои таърихии миллату мардуми Тоҷикистонро баррасӣ намуда, иқдомҳои Президенти кишвар вобаста ба рушди маънавиёт дар ҷомеаро, ки ягона ва аслитарин василаи муқобилият бо афкори ифротгароию хурофатпарастӣ мебошад зикр намудаст. Муаллиф таъкид менамояд, ки «бузургии Пешвои муаззам, хиради волои созанда ва ғамхор ба тақдири неки имрӯзу ояндаи миллат мебошад, ки мактаб, донишгоҳ, муассисаҳои илмиро пояи асосии давлатдории миллӣ эълон намудааст».

         Бо чунин тарз, Академик Ятимов С. нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро бо фасоҳату балоғати калом ва дақиқияти факту далелҳои таҳлилшаванда таҳлилу ташреҳ намуда, муҳимтарин масъалаҳои мактабу маориф, фарҳангу маърифат, зеҳнияту шуур ва хоса рӯҳи солиму созандаи миллатро нишон додааст. Бо нишон додани асолати фарҳангӣ ва таҳдидҳо ба пойдории маърифату фарҳанги миллӣ, дунявияти шуур ва ахлоқу адаби ҷамъиятӣ, муаллиф нишон медиҳад, ки агар ин арзишҳои фарҳангию маънавию миллӣ ҳифз нашаванд «душманони сохти конститутсионӣ аз рӯйи ғараз ва ниятҳои ҳукуматхоҳӣ» ин арзишҳоро бо роҳи афкори хурофотпарастона аз миён бурда, ҷойи он фарҳанги кӯчию бодиянишиниро барои миллати тоҷик талқин мекунанд, ки дар ҳеҷ сурат боиси пазириш ва таҳаммул нест.

         Дар маҷмӯъ мақолаи «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат» аз рӯйи мазмун ва муҳтаво фарогирандаи моҳият ва мундариҷаи 100 китоб буда, як ҷаҳон мазмуни ҷадид дар он гунҷоиш шудааст. Бовар дорам, ки ин навъ мақолаҳо барои рушди зеҳният ва шууру афкори насли ҷавони мо мусоидат намуда, дар роҳи муқобилият бо таблиғоту дасисаҳои гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ мусоиат менамояд.  

         Аҳлиддин Мирзозода, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Log in

create an account