Мақолаҳо

ҲНИ мафкураи бегона ва террористии ваҳшиёна аст

Сулҳу оромӣ яке аз неъматҳое мебошад, ки ҳар миллатро ба дурахшонтарин қуллаҳо мерасонад. Тамоми пешравиҳое, ки дар давлат ба вуҷуд меоянд, заминаи асосиашон сулҳу субот аст. Барои ҳамин таъмини оромӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Маҳз бетарафӣ сабаби асосии ба миён омадани гуруҳҳои ифротӣ мегардад. Ба мисли он кишварҳое, ки аз бетарафии шаҳрвандони худ ба доми ифротгароён ворид шудаанд, дигар роҳи баромад аз ин домро намеёбанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ сохти демократию дунявиро интихоб карда, бо ин роҳ пеш меравад, бо амалҳои нангину хиёнаткоронаи як идда мазҳабгароёну гуруҳҳои мутаассиб, фурсатталаб, манфиатҷў ва бегонапараст рў ба рў гардида буд.

Ин гурўҳҳо ислому Қуръони азимушшаънро барои ба даст даровардани идеалҳои сиёси худ ҳамчун «ҳилаи шаръӣ» ба кор мебаранд. Дар асл, шариати исломӣ зуҳуроти номатлуб ва даҳшатноки терроризму ифротгароиро шадидан маҳкум намуда, мусулмононро ба ваҳдату бародарӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, раҳму шавқат, эҳтироми байниҳамдигарӣ, иззату эҳтироми волидайн, сарфаю сариштакорӣ ва дар маҷмўъ ба амалҳои нек ҳидоят менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмадҳояш таъкид намудааст, ки ҷаҳони муосир шоҳиди буҳрони амиқи идеологист. Яке аз зуҳуроте, ки ҳоло ба вабои аср мубаддал гардидаву ба амнияти аҳолии сайёра таҳдид менамояд, ин фаъолияти ҳизби наҳзати ислом маҳсуб мешавад.

Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимии мавзўъ, дар мавриди хатарҳои глобалии зуҳуроти нангинро «хатари аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир» хондаву паёмадҳои нохуши онро « на камтар аз силоҳи ядроӣ» арзёбӣ кардаанд.

Дар асл роҳбарону аъзоёни ТЭТ ҲНИ натанҳо ватану миллат надорад, балки пулҳо ва роҳҳоеро, ки миллату маҳалро ба якдигар пайваст мекунад, тарконда, тухми кинаву адоватро кошта, соҳилҳои тамаддуни башариро аз якдигар ҷудо мекунад. Мутаасиб ба воситаи назария ва амалияи худ меҳрро ба адолат табдил дода, барои ҷамъият оқибатҳои фалокатангезро эҷод мекунад.

Хусусан баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шўравӣ дар кишвари мо гуруҳҳои мухталиф бо истифода аз холигии маънавию идеологӣ ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ бо дастгирии манфиатҳои гуруҳии худ қувва ва маблаѓҳои зиёдеро барои ба ҷониби худ ҷалб намудани қувваҳои нав сафарбар намуданд. Аз ҷумла он замон дар натиҷаи фаъолияти террористии ҲНИ ҳурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ дар кишварамон доман зад ва аксарияти ҷомеаи тоҷик таҳти фишори равонӣ ва мафкураи бегона қарор гирифт. Таблиѓоти мафкураи динӣ-мазҳабии мутаассибона ва ифротии ҲНИ ва баъзе « саршиносон»-и рўҳонияти исломӣ ибтидои солҳои навадуми садаи бист дар ҷумҳурӣ хараҷу мараҷи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар натиҷа, буҳрони фарогирро ба вуҷуд оварда, домани бетартибиҳои мардумиро дар минтақаҳои даргири Тоҷикистон тавсеа бахшиданд ва ба ин тариқ сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд. Барои ба мақсади нопоки худ расидан ТЭТ ҲНИ бо маслиҳати хоҷагони хориҷӣ ва маблаѓгузории онҳо бисёр шахсиятҳою равшанфикрони баруманди ҷумҳурӣ, аз ҷумла С.Кенҷаев, М. Ғуломов, Б.Исҳоқӣ, О. Латифӣ, Сайф Раҳим, М. Олимпур ва чандин шахсиятҳои дигар ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд. Ин ашхоси хушунатангез дар дохили миллату халқҳои олам буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд. Миллати мо низ аз ин тазоди таърихӣ дар канор намондааст.

Имрўз миқдори ҷонибдорони онҳо дар кишвар ба чашм мерасанд. Пас мо бояд бо дарназардошти ин вазъият, бахусус авҷ гирифтани падидаи номатлуби ифротгароиву терроризм беш аз пеш ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, аз ин ҷараёнҳову гуруҳҳо ҷилавгирӣ намоем.

Дар ин марҳилаи басо ҳассосу муборизаҳои ошкору ниҳони нерўҳои гуногун, вазифаи муқаддаси ҷомеа, пеш аз ҳама ба таълиму тарбия фаро гирифтани ҷавонон, ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо ва пешгирӣ аз воридшавии онҳо ба ҷараёнҳои ифротию тундгаро мебошад. Ҷавонон дар рўҳияи худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия ёфта, ба онҳо дар муҳити оила, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ ахлоқу одоби ҳамида, маърифати шаҳрвандӣ, камолоти инсонӣ, риояи арзишҳо миллӣ ва умумибашарӣ таълим диҳем, то ки наврасону ҷавонони мо ҳамчун ворисони арзандаи Ватану миллат ба воя расанд. Зеро Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст. Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу дар ҷон аст. Сарзамини дилфиреб, макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шўҳратмандон аст.

Ватане, ки чун модари азиз дўсташ медоранду эҳтиром мекунанд. Тоҷикистони бузург имрўз дарахти пурсамареро мемонад, ки шохаҳои пурқуввату бузургаш сояафкани ҳар гулу гиёҳи арзандаи ўст ва меваҳои рангину лазизаш мардуми бонангу номўс ва бодонишу баори он машҳури дунё гаштаанд.

Мо, ки худро миллати соҳибкитобу тоҷдор ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаем, набояд ҷавонони мо ба ин гуна гуруҳҳо шомил шаванд. Имрўз ҳама гуна шароит барои ҷавонон муҳайё аст. Бояд мо бештар ба театр, китобхона, маҳфилҳои илмиву адабӣ ва фарҳангиву фароѓатӣ рў биёрем, чунки танҳо дар сурати чунин рўоварданҳо метавонем ҷаҳонбинии худро васеъ карда, некро аз бад ба пуррагӣ фарқ кунем.

Омӯзгори МТМУ № 4-и ш.Хоруғ, Мародбекова  Савсан

Log in

create an account