Мақолаҳо

ИНТИХОБОТ маъракаи муҳими сиёсӣ

Халқи тоҷик имрӯз дар арафаи Интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорад, ки яке аз маъракаҳои азими сиёсӣ ба шумор меравад. Албатта, таваҷҷуҳи мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба ҷараёни омодагӣ ва баргузории ин интихобот аз пештара дидазиёдтар аст.

Интихобот ин марҳилаест, ки равандҳои сиёсиро метезонад, дар амалишавии мақсадҳои мардум нақши калон мебозад ва саҳм мегузорад. Дар ҳамаи мамлакатҳои дунё бонавъ ва шаклҳои гуногун интихоботҳо баргузор карда мешаванд ва кишваре нест, ки бидуни баргузории интихобот рӯ ба тараққиёт оварда бошад.

Дар интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пеш аз ҳама ҳизбҳои сиёсӣ нақши муассир доранд. Ҳар як ҳизб барои зиёдтар ба даст овардани овозҳо талош мекунанд. Ва албатта, барои ба даст овардани курсиҳои зиёдтар бояд барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ танҳо барои пешрафту рушди кишвар, манфиату талаботҳои мардум нигаронида шуда бошанд.

Ҳастанд нафарони алоҳидае, ки аз худ боварӣ дошта, ҳуқуқҳои худро истифода намуда, аз тариқи худпешбарӣ барои соҳиб шудан ба мандати вакилӣ талош меварзанд.

Интихоботҳои гузашта нишон доданд, ки номзадҳо бо ваъдаҳои зиёди худ интихобкунандагонро моил намуда, дар давраҳои пешазинтихоботӣ бо мардум вохӯриҳо гузаронида, мушкилоти онҳо ва роҳи ҳалли онҳоро ҷӯё мешаванд, аммо баъди аз худ намудани курсӣ боре ҳам бо мардум вохӯрӣ баргузор намекунанд ва ваъдаҳои додагияшон ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд.  Гурӯҳҳои таблиғотию ташвиқотиро зарур аст, ки ба ғояҳои асосии барномавии хеш такя кунанд, на ба тавсифу таърифи номзадҳо.

Дар ноҳияи Дарвоз низ дар 32 участкаҳои интихоботӣ чун дигар минтақаҳои кишвар ба ин маъракаи сиёсӣ тайёрии хуб роҳандозӣ гардидааст.

Аз ҳисоби ду ҳизби амалкунанда дар ноҳия барои дарёфти курсӣ ба Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят, ноҳия ва маҷлисҳои ҷамоатҳо номзадони арзанда пешбарӣ гардидаанд. Ғайр аз ин, дар ҳавзаҳои интихоботӣ шахсони алоҳида аз тариқи худпешбарӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Имрӯз моро зарур аст, ки бо азми дурусту иродаи қавӣ, бо ақидаҳои дурбинона нафареро тарафдорӣ намоем, ки тавонад талаботи шаҳрвандонро қонеъ кунад, дар пешрафт ва ободонии диёр саҳмгузор бошад, баҳри зиндагии шоистаи мардум талош варзад.

Бо боварӣ гуфта метавонем, ки интихоботи имсол бо ҳузур ва ширкати зиёди мардум баргузор мегардад, зеро тақдири ҳар халқияту миллат ба интихоби он вобастагии зич дорад. Мардуми тоҷик мардуми фарҳангсолоранд ва бо иштироки худ ба ҷонибдории номзадҳои арзанда ва ҳизбҳои амалкунанда раъй дода, ин маъракаи муҳимро дар сатҳи баланди сиёсӣ барпо менамоянд. Фақат моро зарур аст, ки мавқеи худро дуруст интихоб намоем.

Қосимӣ Д.А, роҳбари дастгоҳи

раиси ноҳияи Дарвоз

Log in

create an account