Мақолаҳо

Паём қутбнамо ва саодати мардуми мо

Беш аз бист сол боз ҳамасола Пешвои миллат, Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола паёмҳои хешро ба мақомоти олиии қонунгузории мамлакат- Маҷлиси Олӣ ироа менамояд ва дар ин паёмҳо самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатамон натанҳо барои як сол, балки ояндаи наздик муайян карда мешавад. Паёми пешвои миллат ба парламенти кишвар ин воқеан моколамаи бевостаашон ба тамоми сокинони мамлакат мебошад. Чуноне доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар мақолаашон «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат», ки дар рўзномаи «Ҷумҳурият» аз 29 январи соли 2020 зикр менамояд: «Хар як муколамаи Пешвои миллат, тавре ҷомеа шоҳиди он аст, озод, босалоҳият ва масъулияти бузурги давлатдорӣ, ботаҳлил, далелнокӣ, муқоиса, арҷгузорӣ ба меҳнати деҳқонон, коргарон, соҳибкорон, зиёиён, серталабӣ нисбат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ суррат мегирад. Муҳимтарин нуктае, ки дар оини роҳбарии сарвари тоҷикон ҳамчун сабк, шеваи барҷаста ва услуби муошират бо мардум ба назар мерасад ифодаи маъниҳои тақдирсоз бо забони шево, оммафаҳм ва дилчаспу ҷозибадор мебошад».

Воқеан ҳамчунин аст. Ман дар бештари суҳбату мулоқотҳои Пешвои миллат бо сокинони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, аз ҷумла сокинони ноҳияи Мурѓоб иштирок намудаам ва ҷозибаи сухани Роҳбари давлатро ба хуби эҳсос намудаам. Ҳар ҳарфу сухани Пешвои миллат аз умқи дил садо медиҳд ва саршор аз сидқу вафо ва меҳрубонӣ ба халқу Ватанаст.

Саймумин Ятимов дар мақолаашон садоқат, меҳрубонӣ, вафодорӣ, ваҳдатофарию инсонпарварӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонии Пешвои миллатро дар хиради азалиашон маънидод мекунад ва менависад, ки «Хиради азалии Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавассути сидқан аз бар намудан ва тарзи хастанопазир сайқал додани донишҳои энсиклопедӣ, такрор ба такрор дар таҷрибаи зиндагӣ санҷидани онҳо исбот гардидааст, мактаби махсуси давлатсозӣ ва роҳбарии муваффақонааст».

Паёмҳои ҳамасолаи Роҳбари давлат ба мақомоти олии қонунгузории мамлакат, суханрониҳояшон дар мулоқоти бевоста бо тамоми қишрҳои ҷомеа маҳз аз ҳамин хиради азалии тоҷикона маншаъ мегиранд. Аз нигоҳи коршиносони масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, аз ҷумла дар доираи андешаи Саймуъмин Ятимов паёмҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири тамоми паҳлуҳои ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва хориҷи он мебошанд. Маҳаки асосию меҳварии онҳо, аз ҷумла паёми имсола дар доираи таъмин намудани рушди устувории қтисодиёти мамлакат таъмин намудани зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат мебошад. Дар Паёми Пешвои миллат, ки моҳи охири соли гузашта ироа гардид, нафақат дастовардҳои Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо дар соли сипаригашта, балки дар ҳафт соли охир ба риштаи таҳлил кашида шуданд. Ин бе сабаб нест. Дар ҳафт соли охир он барномаю стратегияҳо, ки дар барномаи пеш аз интихоботии Пешвои миллат ба нақша гирифта шуданд, комилан иҷро гардиданд. Чуноне дар паём зикр гардидааст, дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисобимиёна 7 фоиз таъмингардида, маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ аз 46,5 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт, ҳаҷми даромади буҷет қариб ду баробар афзоиш ёфта, аз 12 миллиард сомонӣ ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Ин имконият роҳам овард, ки дар амали гардондани ҳадафҳои стратегии давлат, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат қадамҳои устувор гузошта шаванд. Инро дар мисоли Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба хубӣ дидан мумкин аст. Имрўз воқеан Бадахшон аз бунбасти коммуникатсионӣ, иттилоотӣ раҳогашта, дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ гомҳои устувор гузошта шуданд. Имрўз сокинони маркази вилоят, беш аз 90 фоизи аҳолии деҳот бо барқи хушсифат таъмин гардида, дар фаслҳои гарми сол неруи барқ ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад. Дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳам натиҷаҳо бад нестанд. Баъзе қазияҳои ноҳал, ки дар ин самт мавҷуданд, ҷанбаи субъективӣ доранд. Имрўз бозорҳои маркази вилоят ва ноҳияҳо тамоми сол бо маводи озуқаворӣ, аз ҷумла меваю сабзавот ва картошка таъминанд, аммо беш аз 90 фоизи маҳсулоти кишоварзӣ аз дигар минтақаҳои кишвар ба вилоят ворид карда мешавад, бовуҷуди он ки дар дохили вилоят барои таъмини аҳолӣ бо меваю сабзавот дар аксари ноҳияҳои вилоят захираҳои дохилӣ мавҷуданд. Дар вилоят дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ пешравиҳо зиёданд ва дар ҳошияи Паёми навбатии Пешвои миллат дар давраи то 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон анҷоми корҳои зиёд ба нақша гирифта шудаанд.

Мулкамон Каниев, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ

Log in

create an account