Мақолаҳо

Паём ва паёмбарони асил

Чанд нуқта перомуни паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  ҶТ ва андешаҳои доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ Саймумин Ятимов дар ҳошияи он.

Паёми анъанавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамасола дар арафаи соли нави мелодӣ ироа шуда, чун натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ то таҳлили амиқи сиёсӣ,  иқтисодӣ, иҷтимоӣ ҳаллу фасл шуда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати ҶТ манзӯри ҳамагон мегардад. Дар ин росто, тамоми қишрҳои аҳолӣ бо тарзу усулҳои мухталиф аз муҳтавои ҳуҷҷати барномавӣ воқиф шуда, баҳри иҷрои талаботи нуқтаҳои манфиатбахши он тавассути мақомоти ҳокимияти давлатӣ, гурӯҳҳо ба маҳаллаҳо сафарбар мешаванд.

Шуруъ аз Ҳукумати марказӣ  то мақомоти маҳаллӣ дар партави паёми Роҳбари давлат вобаста ба ҳар соҳа тадбирҳо андешида шуда, нерӯи созандаи мардум ба созандагию бунёдкорӣ равона мешавад.

Банда аз 40-соли фаъолияти меҳнатӣ, 20-соли собиқаи хизмати давлатӣ дорам ва ба таъбире, дар амалӣ намудану ташвиқу тарғиби Паёми имсолаву пешин шоҳидам. Чун одати маъмул баъди интишор шудани паём дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо гуруҳҳои кории таблиғотӣ ташкил шуда, ба деҳот фиристода мешавад ва то ҷойе, ки даст доранд, нуқоту талаботи паёми роҳбари давлатро ба омма расонанд, аммо аз рӯи мушоҳида ва хулосаи банда, баъзан ё аксаран ин тадбир ҷанбаи мавсимӣ ва маъракавӣ дошта, дилсузӣ, хештаншиносӣ, ифтихормандӣ, ватандӯстӣ, миллатшиносӣ ва дигар хислатҳои таъсирбахши таблиғотӣ кам ба назар мерасад. «Дилам гум мезанад вақте мешунавам, ки ҳангоми «ташриф»-и чунин гуруҳҳо масъуле дар сатҳи поён ё боло ҳангоми изҳори мушкиле аз ҷониби халқ дар посуҳи воқеӣ мулзам шуда, иқрор мешавад, ки «…талабот дуруст, вале маро ҳам фармуданд, чӣ кунем?» гуфта ҷонашонро халос мекунанд…».

Ба чунин муқаддима рӯ овардан аз он сабаб аст, ки ҳангоми мутолеаи андешаҳои доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи АИ ҶТ  Саймумин Ятимов амиқан дарк кардам, ки паёми ҳарсолаи Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ анъанаи маъмул набуда, як намуди муоширати сиёсӣ ва муколамаи созандаю ошкоро бо халқи шарифи Тоҷикистон ва тамаддуни ҷаҳонӣ будааст.

Ин олими дақиқназар таъкид менамояд, ки «Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии мамлакат на танҳо дар муддати як сол, балки барои 10-солаҳои минбаъда коркард ва эълон шудааст».

Пас эроди банда тақвият меёбад, ки паёми Роҳбари давлат барномавӣ буда, барои дар ҳаёт татбиқ кардани талаботи он ба таъбири олими мазкур «омӯзиши паҳлуҳои маърифатии ҳуҷҷат аз тариқи ба инобат гирифтани масъалаҳои иҷтимоӣ» бояд ба роҳ монда шавад.     Муҳтарам С. Ятимов паёми Пешвои миллатро  омӯхта, онро ба бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илму мактабу маориф, таълиму тарбия, манзалату мартабаи забони тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба таърихи миллат қисмат кардааст, ки худи чунин таснифот аз муҳтавои амиқ мундариҷаи Энсклопеди ва домани фарохи илмӣ доштани ин ҳуҷҷати раҳнамо шаҳодат медиҳад. Олим бовар дорад, зимни хотирасонгардонии «Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то солҳои 2030» ва «Барномаи миёна муҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2016-2020» масъулини ҷанбаи иқтисодии мамлакатро андешамандона ҳушдор медиҳад, ки «Дар чунин шароит (маҳдудияти мавқеи ҷуғрофӣ, захираҳои маҳдуди нафту газ, уран, тилло, нуқра, заминҳои корам–П.Д.) маҳз иқтидори интелектуалии Ҳукумат интихоби дурусти роҳ, восита ва усули амалӣ кардани стратегияи давлатӣ барои таъмини амнияти некуаҳволии мардум аз масъалаҳои асосии фаъолияти роҳбарияти сиёсии мамлакат ба ҳисоб меравад» бояд оқилона ба инобат гирифта шаванд.

На ҳар кас зеҳн мондааст, ки бузургтарин музаффарияти дар сиёсати дохилии мамлакат баъди ҷанги шаҳрвандӣ ин ба даст овардани итминон ва эътимоди халқи азияткашида ба давлати ҷавон ва роҳбари ҷавону хирадманди он буд, ки дар ин замина некуаҳволии мардум зина ба зина дар се даҳсола рушд карда Тоҷикистон ба як давлати амн дар миқёси ҷаҳон мубаддал шуд. Ва маҳз боварии мардуми шарифи Тоҷикистон ба сиёсати фидокоронаи Пешвои миллат ва Ҳукумати ЧТ ҳаст, ки ҳадафҳои стратегии мамлакат.. таъмини амнияти озуқаворӣ, берун шудан аз бумбасти камуникатсионӣ ва расидан ба истиқсолияти энергетикӣ мунтазам амалӣ мешавад. Ба ин муҷизаи ақлонии амалишуда таъбири муҳтарам С. Ятимов «На танҳо дар хориҷи кишвар, ҳатто дар дохили малакат низ бовар надоштанд…».

Сиёсатшиноси тоҷик С.Ятимови самимона таъбир медиҳад, ки «ангезаи аслии ризоият додан ва расидан ба кафолати сиёсӣ то мушкилсозии лаҳзаҳои ҳаёти ҷомеа барои Сарвари давлат хизмат ба мардуми кишвар буд…».

Мехостам ибораҳои «Ризоият додан» ва «Хизмат кардан ба мардум»-ро махсус таъбир диҳем. Оё дар ягон давру замон шунидаем, ки барои ишғоли вазифа, бахусус мансаби олӣ – ризоияти шахсро пурсида бошанд, дар ҳоле, ки барои мансаб шуда, бародар бародарро ва писар падарро ваҳшиёна ба қатл расонидааст (дар мисоли Абдулатифи Нохалаф ва падари орифаш Улуғбек). Ва ин ризоияти роҳбар ба андешаҳои ҳадяи худодод барои халқи интизори сулҳу саодати маънавӣ буд. Ҳоҷати исбот кардан нест, ки Пешвои миллат ба савганди ёдкардааш содиқ монда, ба халқи азизаш намунавӣ хизмати фидокорона намуд ва рисолати бузургашро имрӯз низ бо созандагию бунёдкорӣ идома медиҳад.

            «Дар он замони мудҳиши терори ҷисмонӣ ва маънавӣ, қатлу ғорат, бесарусомонӣ, парешонӣ, яъне касе ҷуръат ва ғайрати қонунӣ ҳокимият карданро надошт… Натанҳо қисмати зиёди мамлакат, балки пойтахти он ҳам наметавонист вазифаи конститутсионии худро адо намояд ..» идома медиҳад Саймумин Ятимов.

Банда шоҳиди он будам, ки баъди шикасти балвои С. Кенҷаев охири моҳи октябр ва авалли моҳи ноябри соли 1991 дар қатори дигар роҳбарону намояндагони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои гузаронидани иҷлосияи Шӯрои Олӣ ба Душанбе омадем. Чун ба фурудгоҳ пой ниҳодем шаҳри мурдаро дидем. Камонмардию камонсолор ҳокимият дошт, беҳокимияти ҷуш мезад. То Шурои Олӣ гуруҳи 20-нафараи ВМКБ пиёда ва бадтар аз он бо тарсу ҳарос расидем. Бинои Шурои Олӣ ҳанӯз пурра ба тартиб наомада буд. Ҷо-ҷо пайҳои тир, тирҳои тоза, осори хун, руболову партов… титу парешон буд. Бо роҳбарии собиқ раиси ВМКБ (он замон Шуро) Ғ.Шаҳбозов ошёнаи харобшударо диданӣ шудем, вале ҷонзотеро бидуни ду се ҷавони бузбалаи мусалаҳи ҷелекпуш надидам. Охируламр ҳамдиёрамон Назаршоев Моёншо  бо хоҳиши Ғ.Шаҳбозов аз кучае пайдо шуд. Ва ошкоро изҳор кард, ки «Вазъият аз ҳадди эътидол гузашт, фавран ба Бадахшон баргардед…».

Сабаби сиёсатмадор ва сиёсатшиноси муҳиқ номидани Ятимов аз ин аст, ки эшон суханро қотеъона ва бо ҷуръат  мегӯяд, яъне «дар тамоми давру замон муколама асоси муносибати Ҳукуматро бо мардум оддӣ ташкил мекунад, чунин робита вақте самаранок мегардад, ки агар ҳокимият тавони ҳаллу  фасли онро дошта тавонад» ва бесуханпардозӣ тасдиқ мекунад, ки «бурди асосӣ ва муҳимтарини Пешвои миллат дар давоми фаъолияти пурсамари давлатдорӣ истифодаи ҳамин шакли муносибат (яъни муколама бо мардум-П.Д.) мебошад».

Ин иддао ба хотирасон кардани хизматҳои Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар бобати тақсими замин ба мардум ва дар ин замина аз қаҳтию гуруснагӣ наҷот додани халқ, бедор кардани умеду пурзур намудани боварӣ ба имрӯзу фардо, оғози марҳилаи аввали соҳибкории инфиродӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи мардумӣ, бедор кардани ташаббуси эҷодӣ, ҷорӣ кардани як қатор имтиёзҳо ва дигар самтҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ асоснок шудаанд.

Саймумин Ятимов бо истинод ба нуқтаҳои Паёми Роҳбари давлат зарурати афзалият додан ба соҳаи илму маорифро тақвият дода хотирасон мекунад, ки барои душмани миллат давлати заиф ва ақибмонда созгор аст, зеро онҳо ҳадафҳои ғаразноки худро маҳз ба воситаи одамони ҷоҳилу нодон, мутаасибу хурофотӣ амалӣ мекунад ва ин даъворо дар мисоли – инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва ваҳшонияти ҳаракати босмачигарӣ асоснок карда, қатлу куштори муаллимони мактабҳои нав ва ҷонибдори сохти ҷадид таъкид менамояд. Ва ин даҳшату хатар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта низ такрор шуда, эҳтимоли сар задани он вобаста ба авзои сиёсии дохилию хориҷии мамлакат ҳанӯз ҳам ҷо дорад.

Олими шинохта чун омӯзгор аз бузургӣ ва хиради волои Пешвои муаззам дар бобати муносибати мактаб, донишгоҳ ва муассисаҳои илмӣ сухан ронда, бо қатъият ва ҷиддӣ таъкид мекунад, ки талабот ба муҳтавои васоити таълимӣ – китобҳои дарсии мактабҳои ибтидоӣ, миёна умумӣ, олӣ ва мавзӯхои таҳқиқоти муассисаҳои илмию таълимӣ ва пажуишгоҳҳои гуманитарӣ бояд аз нуқтаи назари интиқодӣ бошад, саҳлангорӣ ва муносибати духура бар зарари кор аст ва дар ин ҷода серталабӣ ҳатман бояд мавқеи хос дошта бошад...

Паёми пешвои муаззами миллатро мебояд барномае номид, ки он чун қутбнамо имрузу фардоро рушан мекунад ва дар заминаи он баён шудани андешаҳои Саймумин Сатторович, рисолаи илмиеро мемонад, ки бешубҳа, ҷанбаҳои  мухталифи ин ҳуҷҷати комилан илмиро ба таври мушаххас шарҳу тафсир додааст. Дар изҳори фикру андеша С.Ятимов чун шаҳрванди қаторӣ аз забони қадима, таърихи 6-ҳазорсолаи миллат, урфу одати бостонӣ дошта, гиромидошти ҷашну маросим, дар маҷмуъ бо номи халқи тоҷик, давлати тоҷик, идеяи миллӣ-тоҷикият ифтихор карда, маҳаки асосии ин илҳомро дар дилу дидаи халқи тоҷик ва тоҷикони ҷаҳон ба фидокориҳои мунтазами Пешвои миллат мансуб медонад…

Зиракии сиёсӣ, ифтихори миллӣ, огоҳии пайваста, худшиносию ватандорӣ, бозии хислатҳои муқадаси инсонӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, воқеаҳои даҳшатбори ҷаҳони араб ва шарқи наздик, бахусус авзои Афғонистон хотирасон шуда, хатарҳои табадуллоти давлатӣ аз ҷониби ҳизби террористии наҳзат ва ҳаракати бо номи «Давлати исломӣ» таъкид шудааст.

Сиёсатмадори варзида ҳатто ошкоро хитоб мекунад: «… Эътироф бояд …, ки дар системаи сиёсии миллӣ, ки маҳз ба хотир ва бо номи миллати давлатсоз – тоҷикон бунёд ёфтааст, рахнамои ҷиддӣ вуҷуд дорад».

Вобаста ба ин бо такя ба иршододоти Паёми Роҳбари давлат олим бори дигар зарурияти омӯхтани илму дониш, маърифату ахлоқ, дарки моҳияти олами ҳастӣ ва сарфаҳм рафтан ба бузургдошти ин арзишҳои муқаддас ишора мекунад. Аз садоқатмандию ҷоннисорӣ, аз эътиқоду эътимод, олиҳимматию эътибор, истодагарӣ дар роҳи аҳду паймон, таъмину таҳкими сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ, рушди устувори давлат муқовимат бо мушкилот ва ҳалли созандаи уҳдаҳо, дар хатар гузоштани ҷони азиз ва ҳаммаром будани ормонҳои халқ бо мароми Пешвои муътабари миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳарорату самимият ҳарф зада, С. Ятимов ҳамзамон таъкид менамояд, ки меъёрҳои дониш бояд дар сатҳи ҷаҳонӣ  бошанд, рузгори мардум тибқи ниёзҳои иҷтимоӣ қарор гиранд, ташаббусҳои мардум, хусусан соҳибкорон дастгирӣ ёбад ва ҳавасманд шаванд…».

Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нутқи пурмуҳтаво аз таълиму тарбия ва донишу маърифат сухан ронда, ба талаботи замон ва меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ кардани онро ба таври ҷиддӣ таъкид менамояд. Ин нуқтаи муҳимро сиёсатшинос С.Ятимов бештар аз ҳама дарк карда, нигарониашро ба таври ошкоро баён месозад, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ хонандагон  ва муассилинро омода мекунад, ки дониши онҳо ба талаботи замони техника ва технология, донишҳои бунёдии соҳаи ҳуқуқ ва дигар самтҳои гуманитарӣ созгор нест. Зиёда аз ин эроди ҳақонӣ мегирад «Байни диплом ва дониш, ки яке зуҳурот ва ахирӣ ҷавҳари аслии тахассусмандист».

Дар ин қазия руҳи муқадасу осудаи бузургвор ба имдод меояд, ки фармудааст:

                        Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

                        Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

 

            Маҳз ба ҳамин мазмун олиму омӯзгор С. Ятимов хулоса мекунад, ки «Омили аслии афзоиши бекорӣ, авҷи ҳиссиёти тақдирпарастӣ, дастнигорӣ, раҳгумзадагӣ, ноумедӣ, ру овардан ба ҷаҳонбинии ниҳоят арзони схоластикӣ ва нуфузӣ руҳияи ифротӣ» дар ҷаҳолату нодонист…».

            Ба фикрам маҳз чунин афроди ҷомеа ба доми тазвири душманони миллат афтода, ба таъбири С.Ятимов аз онҳо зери шиори дуруғин лашкар меороянд ва ин лашкари бе сарвари бе  сару бе роҳ дар ҳар давру замон, аз ҷумла ба давлати муқдари Сомониён ва солҳои 90-уми асри гузашта ба давлати навтасиси пурармони тоҷикон ҷиҳати бесаводию ҷаҳолат ва хурофот хиёнат намуданд ва олими мазкур ин амали зиштро бар ҳақ «бесаводи ифтихорӣ» ва фоҷеа меҳисобад.

            Баъди ҳазор сол аз нав соҳиб шудан ба хоки аҷдодӣ бояд ҳар як соҳибватанро ба ваҷд орад, зеро маҳрумият ва бандагӣ ғуломдорӣ аст. Аз ин рӯ ба таъбири Саймумин Сатторович «Садои марғуладори ватанхоҳонаи Пешвои муаззами миллат: «Дӯст бошед! Тифоқ бошед! Ватани худ Тоҷикистони азизро дӯст доред» На танҳо барои ин насл, балки ҳазор соли дигар барои касоне ки қобилияти шунидан доранд, ҳамчун мантиқи бузург… равона гардидааст… ин нидо бояд … сад солаҳо бо ҳамин овози ҷавонмардонаи даъваткунанда шому саҳар дар  ҳар хонадон, дар ҳар макону хиёбон садо бидиҳад». Тарзе, ки Исмоили Сомонӣ хитоб карда буд: «Аз ин пас девори Бухоро манам!»

            Паёме, ки зоҳиран ҳарсола номида мешавад, танҳо дар бобати омӯзиши илмҳои дақиқу табиатшиносӣ марҳилаи 20-соларо дар бар мегирад, ба он далолат дорад, ки аҳли ҷомеа, бахусус олимони соҳа шуруъ аз ин рӯз ба поягузории он даст зананд, ки аҳамияту натиҷааш бо шукрона аз сулҳу рифоҳ баъди чанд муддат руи кор омад.      

            Забони миллатро равони миллат меноманд, яъне бе ин унсури бебаҳо миллат мурдааст ё майл ба фаношавӣ дорад. Зебогии тоҷикӣ дар давоми 1000-солаҳо ба ҳар гуна бархурдҳои мутҳиш тоб оварда на танҳо коҳиш ёфт, балки барои давлатдории аҷнабиён ба таври ногузир чун забони давлатдорию муколамаи мукотиботи сиёсӣ қарор гирифт. Имрӯз низ ин забони шевои фасеҳ доманаи густурда аз минбари баланди СММ, аз забони буррову гуворои Роҳбари давлат садо додаст, ки ин аз соҳибдавлату соҳибватан, соҳиби тамаддуни бостонӣ будану фарҳангманиш будани халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.

            Ин забон – забони сиёсат, забони илм, забони фарҳанг, забони қонунгозириву равобити дипломатӣ буда, барои рушди минбаъдаи он давлат тадбирҳои судманд меандешад. Дар ин замина бо ин забон мунташир мешавад, ки ниёз ба мутолиаи он аз ҳарвақта дида бештар шудааст.

Ватан сар мешавад аз аллаи ҷонпарвари модар,

            Зи андарзу зи панду ҳикмати руҳпарвари модар.

            Ватан сар мешавад аз бозии тифлона дар русто,

            Бувад оғози он аз меҳри пок бо додару хоҳар.

            Чи хуш дашту даман, саҳро, адиру пуштаи деҳа,

            Гуворо навбати пода муқаддас хоку хокистар

Пайшанбе Давлатов, мухбири рузномаи «Пайғоми Рӯшон»

Log in

create an account