Мақолаҳо

Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат

Доктори илмҳои сиёси, узви вобастаи Акадамияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов С дар мақолаи худ Паёми Пешвои миллат ва маъалаҳои рушжи маърифат меоварад, ки «Дар тамоми давраи мавҷудияти давлатдории миллати тоҷик, аз ҷумла дар таърихи асрҳои миёна, таърихи нав, таърихи навтарин Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона шахсияти эътирофшуда – роҳбарият, ки қавитарин робитаро бо мардум доштаву дорад». Ҳаққони ин гуфта дар бораи робитаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбо мардуми кишвар ҳақ асту рост.

            Халқи алам гуроҳ аст, ки даврони дар кишварамон сар задани даргириҳои ҷанги таҳлилӣ роҳбари навинтихобгардида ба тамоми душвориҳои давру замон нигоҳ накарда ба нуқтаҳои гармтарини майдони ҷанг барои вохӯрӣ ба силоҳбадастон ба маҳаллаҳои маскуни гурезагони иҷборӣ шахсон рафта бо мардуми одии тоҷик вохӯрӣ гузаронида, онҳоро ба ватанашон даъват менамуд. Ба харобии буҷаи давлат нигоҳ накарда, дар сохтани садҳо хонаву ҳавлии гурезагони ба ватан баргашта дасти ёри дароз намуду бо кӯшишу ғайрати ҷавонмардонааш сулҳу ваҳдатро дар Тоҷикистони азиз танинандоз намуд.

            Ҷаноби Олӣ ба тарзи хастанопазир амал намуда, омухта аз бар нмуд, донишҳои энсиклопедиро сайқал дода, онҳоро ба такрор дар таҷрибаи зиндагӣ санҷида, мактаби махсуси давлатсозӣ ва роҳбарии муффақиятро амалӣ намуда, қонунҳои аз нести раҳонидан, холӣ кардан ба тарақиёни усобути расонидан ва ба ҷаҳониён муарифи намудани як миллати куҳанбунёди бо тақдири фоҷиавор борҳо рӯ ба рӯ шударо брои наслҳои имрӯзу оянда манзур сохт, иброз медорад муаллифи мақола ва болотар аз ин ҳама вохӯриву мулоқотҳо шакли муколамаи сиёсии навин – Паёми Президенти Ҷумҳӯрии Тоҷикистон ба намояндагони халқ мебошад, ки ҳамасола мебошад, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва беруни мамлакат барои даҳсолаҳо коркард эълон карда мешавад.

            Муносибати системавӣ дар Паёми Пешвои миллат зарурияти ҳамбастагӣ ва ҳамкориҳои соҳаҳои ҳаёти муҳими давлатдориро мадди назар дошта, сифати пешбарандаги доштани иқтисоди нишон дода шудааст. Қайд менамояд муаллиф ва изофа намуда мегӯяд, ки дар ин ҳуҷҷати барномавӣ тамоми соҳаҳои давлатдорӣ дар робита ба вазъ ва тавоноии иҷтисодии мамлакат тавзеҳ ёфтааст.

            Бо ташаббус ва итоҳати роҳбарии Сардори давлат таҳия ва қабул гандидани «Стратегияи милли рушди Ҷумҳури Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» амалӣ кардани ҳамаи нақшҳоро мадди назар дорад.

            Масъалаҳои иқтисодиро шаҳр дода, муаллиф қайд менамояд, ки бояд ба эътибор гирифт, ки Тоҷикистон аз ҷмлаи давлатҳоест, ки аз рӯйи мавқеи географи, захираҳои табии аҳамияти муҳими стратеги дошта имконияти нисбатан маҳдуд дошта, аз лиҳози гланолитики бо давлати ҳамзавор аст, ки зиёда аз чил сол боз бо мушкилдияҳои ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ буда, маркази таҳдидҳои терористӣ маҳсуб асту Тоҷикистон барои ҳимояи хеш, кишварҳои Осиёни Маркази ва Аврупо зарфиятҳои назараси моддӣ, молва маънавии худро сафарбар мекунад.

            Сиёсатҳои Сарвари давлатро баён намуда муаллиф мегуяд, ки «Сарвари давлат аз ҷумлаи он абармардони сиёсии ҷаҳони аст, ки ҳангоми ибрози мавқеи сиёси, нақшаҳои иқтисодӣ иҷтимоӣ бо назокати ба худ хос хирадмандона, таҳамулгароёна ва ҷавонмардона аз кӯшишҳои ба баҳс кашидани  ҳарифони эҳтимоли ақидаҳои худ, ки падидаи маъмулӣ аст, то ҳадди имкон худори менамояд, ва ҳам тарзи баёни ӯ дар ибрози андешаҳои  принсипноки оиди масъалаҳои матраҳгардида барои рақибони ҷиҳати додани посухи баробарвазн ҷой намегузорад».

            Ҳангоми таҳлилу барасӣ эътибори мулоҳизаҳои пешниҳодгардида боз ҳам мустаҳкамтар мегардад. Барои мисол: Дар ин давра ҳамҷи умумии дармоади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонӣ соли 2013 ба  23 миллиард сомонӣ баробар шуд, -менигарад С Ятимов дар мақолаи худ.

            Яке аз мушкилитарин масъалаҳо, ки онро давлатӣ соҳибистиқлол баъди ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ бояд барқарор мекард, менигарад муаллиф, - ба вуҷуд овардану устувор гардонидани итминони аҳолӣ ба давлат ҷавоб буд. Зеро насли соҳибандешаи он замин, касе, ки имконияти дар Ватани аҷдоди худ зинаги ба сар бурдан дошт, ҳамаруз ҳам орзӯи замони Шӯравиро мекард. Гкмон намекард, ки тоҷикон метавонанд давлати миллии худро аз нав бунёд кунанд. Иқтисодиётро нобарҷо созанд. Мардумро соҳиби нон кунанд. Амнияти онро таъмин кунанд. Дар дунё худро ҳамчун кишвари мустақил муарифи созанд. Чунин эҳсос ҳам дор миёни қисмати башари зиёиён ва ҳам дар байни омма ғолиб омада, хатарҳои ҷонӣ, фақирон нодорӣ таҳдиди гуруснагӣ бовари мардумро ба зиндагӣ касби ва одамонро аз ҳаёт дилшикаста карда буд.

            Маҳз барои ҳамин давра ба давра баланд будани сатҳи зиндагии одамон дар тӯли се даҳсола аз муҳимтарин корномаҳои Пешвои миллат мебошад.

            « Некӣ  ва хизматӣ ба халк аз мақсадҳои аслии Роҳбари давлат буда ва ҳайст. Бояд эътироф намуд, ки нақшаҳои дар аввали фаъолияти худ эълон кардаи Президенти мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ, берун гаштан аз бунбасти коммуниконсионӣ, бо барқ таъмин намудани аҳоли ҳамчун идея садо медиҳад. Амалӣ гаштани онҳо хосияти ормони дошт. Бисёриҳо ба воқеят пайдо кардани онҳо бовар надоштан. Таҷрибаи таърихи дурусти ва алоқамандии чунин ормонҳоро ба ҳаёти вақти исбот кардани овардааст ҳини таҳлили худ доктори илмҳои сиёси узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон С. Ятимов.

            Ҳамзамон муҳтарам Ятимов ҳини таҳлил баён медорад, ки «Дар тамоми давру замон муколама асоси муносибати Ҳукумарто бо мардуми аддӣ ташкилд мекард. Чунин робита вақте самаранок мегардад, ки агар ҳокимият дар бораи муҳтавои масъалаҳое, ки мавзӯи доғи ҷомеаанд, маълумоти дақиқ ва тавони ҳаллу фасли онро дошта бошад.

            Бурди асоси ва муҳимтарин воситае, ки Пегшвои миллат дар давоми фаъолияти пурсамари худ тавассути он стратегияи давлатдории хешро амалӣ намудааст, истифодаи ҳамин шакли муносибат мебошад. Дар Паём вобаста ба ин хулоса ёд расшудааст: Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯъ маҳсулоти дохили соли 2013 –ум 54% буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70% расонида шуд.

            Паёни 26-уми декабри соли 2019 идомаи мантиқии назариявӣ ва сиёсати санҷида ва амалан тасдиқгардида Пешвои миллат дар давоми даҳсолаи охир аст.

            Он чизе ки мардумро дар замони қаҳтӣ аз қашоқи ва гурснаги наҷот дод, менависад Ятимов, «Заминҳои президенти» буд. Баъди он, ки одамон идома доштани наёт итминон тайдо кардаанд давраи дуюм – соҳибкори инфироди оғоз гардид, ки роҳбари давлат мушкилоту монеаҳои табии ва сунъӣ эҷод кардаронисбат ба ин соҳаи иқтисодиёт хуб дарк намуда ҳамзамон ҳаётан муҳим будани ин соҳаро барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, ҷалби сармояи мардумӣ, бедор кардани ташабусси афроди созанда ва заҳмати софдилона хуб эҳсос мекнад.

            Дар Паём таъкид мегардад, мегуяд муҳтарам Ятимов, ки «Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки минбаъд ба ҷамбаҳои сифатии рушди иктисодии миллат, таҳвияти неруи инсоният бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳои, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисоди аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳиброриву сармоягузорӣ ва тавсияи иқтисодиёти ҷаҳони диқати аввалиндараҷа диҳад.

            Арзишмандтарин хусусияти Паёми Президенти мамлакат донистан, ҳалу фасл кардани мушкилоти ҷомеа – пешрафти соҳаҳои иқтисоди, иҷтимоӣ, хештаншиноси ва худшиноси миллӣ тавассути илму дониш ва маърифат мебошад, ки дар Паём пешрафти минбаъдаи соҳаҳои илму маърифат аз вазифаҳои аввалини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст. Дар асл бояд дониш, маърифат моҳияти аслӣ барои таъмини суботи соҳиби мансаби конистутсиони сулҳ ва оромии ҷомеаанд, - меоварад С Ятимов.

            Дар Паём омадааст «Дар марҳалаи кунуни пешрафти Тоҷикистон бо соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар такмили пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши ҷадиде мебозанд».

            Ин ҷо муҳтарам С. Ятимов суханони Пешвои миллатро бо иқтибос овардан суханони дувуним ҳазор сол пеш гуфтаи донишманди бузурги Юнони Қадим Аристотел тақвият бахшидааст, ки гуфтааст: « Гумон аст, ки касе шубҳае кунад»: қоунгузор бояд ба тарбияи ҷавонон аҳамияти фавқулода диҳд. Дар ҷое, ки ин нест (тарбияи ҷавонон С. Я), соҳиби давлатдорӣ зарар мебинад. Тарбия бояд ба ҳар як сохти давлатдорӣ мувофиқа кунанд: хислате                              (муносибат, бархурд, арҷгузоштан С.Я), ки ба ҳар як сохти давлатдорӣ мувофиқ аст, одатан, барои ҳимояи он сохт хизмат менамояд.

            Бузургии Пешвои миллат, хиради волои азалии созанда ва ғамхор ба тақдири неки пешрӯзу ояндаи миллат мебошад, ки мактаб, донишгоҳ, муассисаҳои илмиро пояи асосии давлатдории миллӣ эълон намудааст, илова менамояд С. Ятимов.

            Дуняви ҳамчун яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдори мукобили дин нест, тавре, ки душманони сохтиконститутсиони аз рӯйи ғараз ва ниятҳои ҳукуматихоҳӣ талҳин мекунанд, иброз медорад С. Ятимов, ва дунявиро ҳам барои миллати тамаддунафкори тоҷик назария ва амалияи сиёсии кишварҳои ғарб, мисли падидаи нав, такмилгадида шуморадан аз рӯйи адолати илми буда натавонистанд.

            Дар давоми таърихи шашҳазор солаи миллати тоҷик дар мисоли беҳтарин асарҳои илмиву адабӣ, қахрамониҳо ба қабили нигоҳ доштани забонги тоҷикӣ, урфу одатҳо ва ҷашнҳои миллӣ, ки дар маҷмӯъ халқҳо бо номи тоҷик охирин соҳибдавлат гардиданд маҳз идеяи миллӣ – тоҷикият буда назария, идеологияи сиёсии дигар.

            Пешвои Миллат менигарад С. Ятимов, - тоҷое, ки давлат қурдат ва тавоноӣ дорад, боҳазор заҳмату машақат ба қатди он ки ҳар кас набати бахти худро санҷад, ки толеъ ӯро барои чи задааст (Ҳофиз), шароит фароҳам овардааст. Дар ин маврид, дар Паём омадааст: « Соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ  130 муассисаи таҳсилоти умуми бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд». Ба ин соҳаи муҳими замонавӣ сари вақт фарзандони фарзонаи миллат садоқатмандона ба дастгирии давлат омад, ки  Сарвари давлат бо қаноматмандӣ ва ифтихори  бузург дар Паём хотирасон мекунад:

« Аз ин шумора 32 муассиа бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатманди кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтан ва таъмиру аз нав созии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз то рӯз афзуда истодааст», гуфта мешвад дар Паём, ки боиси ифтихормандист. Соли 2020 бештар сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумуӣ  дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. То ҷашни 30 – солаги Истиқлолияти давлати 128 муассисаи томактаби ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ  бунёд гардида, дар маҷмӯъ 1332 муассисаи таълимӣ ва то мактаби тармиму таҷдид мешавад, - омадааст дар Паёми Пешвои миллат.

            Мухтарам С. Ятимов ҷойи дигар менамояд: Вобаста ба шароити таълим ва тарбия, ки Роҳбари давлат барои рушди илму маориф омода кардааст, дар Паём дар ба баланд кардани соҳаи омӯзиш , парвариши насли наврас ва ҷавонон  вазифаи ҷиддӣ мегузорад. Бояд сифати кори мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ ба талаботи рӯзафзуни рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинии аъзои ҷомеа, шинохт ва дарки воқеяти табиат ва ҷамъияти мувофиқ бошад.

            Вале мутасифона қайд намудааст С. Ятимов новобаста аз ғамхориҳои давлату соҳибкорони ҷавонмард сатҳ ва сифати донишҳои хонандагони мактабҳои таҳсиооти миёнаи умумӣ ва олӣ ба талаботи рӯз – иқтисодӣ бозоргони, аз худ кардани технологияи пешқадам, донишҳои бунёди соҳаҳои ҳуқуқ ва дигар самтҳои гуманитари ба меъёр ҷавобгу нест. Дараҷаи дониш ва малакаи хатмкардагони мактабҳои олӣ ва талаботи асосие, ки тибқи он ҳуҷҷат дар бораи мутахасссиси соҳа будан дода мешавад, мувофиқа намекунад. Байни диплому дониш фосила ба андозаҳои нобахшидани аст. Бо дипломи мактаби олӣ бисёре аз ҷавонон ба зиндагии нотайёр даргоҳи он муассисаро тарк мекунанд.

            Афроди муайян, ҳизбу ҳаракатҳои ифроди, бозигаронии пеополитикӣ вазъи донишазхудкунӣ, маънавиёт ва хислату ҳаракатҳои ҳар миллатро ҷиддан, мақсаднок меомузанд. Барои худ ва бармуқобили милллат мавриди ҳадаф аз ҳисоби намояндагони содаву бехиради худи ҳамон миллат, зери шиорҳои дуруғин лашкар месозанд. «Одатан аз лиҳози зеҳнӣ маҳдуди модарзод синфи аз ҳама зиёди мардумро ташкил мекунад, мегуянд олимони маъруфи мотшолизми илмӣ, ва донем, ки ин гуна масъулият зуҳуроти тарақиёти таърихи аст. Ва аниқ ҳамин тарз дар натиҷаи инкишофи таърихи метавонад аз нав нобуд карда шавад». Саҳлнигори нисбат ба омӯзиши илму маърифат дар Паём воқеъбинона ҳамчун ибрози ташвиш садо медиҳад. Хонандагон, омӯзгорону падару модарон аз китобхони дур афтодаанд.

            Аристотел ишора кардааст: «Давлат мансуб ба касест, ки табиатан вуҷуд дорад, ва инсон табиатан падидаи сиёси аст». Тарунури инсон сиёсвт аст. Пешвоёни атерализми илмӣ таъкид кардаанд « Одами бесавод, берун аз сиёсат аст. Сараввал ӯро алифбо бояд омузад. Бе он наметавонад сиёсат вуҷуд дошта бошад. Бе он овоза, ғайбат , афсона ва хурофат вуҷуд дорад, на сиёсат».

            Фаққат илм аст, ки зери тазйиқи беақлона, вале одилона он тамоми падидаҳои табиат, ҷамъят ва тафакури сифат муаммао будани худро аз даст медиҳад. Ошкор вам у хтавоиҳазрати Инсон мешаванд. Ба ӯ хизмат мекунанд. Гегел мегуяд: «Дар моҳияти пинҳон ва сарбастаи лам қуввае нест, ки зери фишори илм муқобилят карда тавонад, вай дар пеши илм бояд кушода гардад, ва рангорангии умқи худро ба тамом гузорад ва имкони истифодаи онро пешкаш намояд, овардааст дар мақолаи худ С. Ятимов.

            Калиди дониш, ки даричаест барои наздикшудан, ворид гаштан ба моҳият  - воқеият аст дар мактаб, китоб, иомомӯзи дар вобастагии кулл, аввал ба иқдом таълимгиранда ва баъд бо тахассусмандӣ ва масъулият омӯзгор вобаста аст, ошкоро мегуяд С. Ятимов.

            Сиёсатшиноси маъруфи муосир муҳтарам Ятимов С. дар хусуси аз худ кардани илмҳои бунёди сухан ронад пеш аз ҳама такя ба Паёми Пешвои миллат намуда овардааст. «Бо дарки масъулияти бештар ки дар ин аврид ифода гардад Пешвои миллат сохторҳои маориф ва илм, дигар мутасаддиёнро вазифадор кардааст. Назорати аз худкунии донишҳои замонавиро пирӯз гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиҳ намоянд, қобиляти эҷоди онҳоро тақвият бахшанд ва ба тахлими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

            Абуалӣ ибни Сино илмҳои назариявиро ба се гурӯҳ ҷудо мекунад: Якум илми дараҷаи олӣ ё аввалия, онро ҳамчун илме меномад, ки берун аз табиат вуҷуд дорад. Дуюм илми миёна, математика. Сеюм илм дар бораи табиат. Дар идома ибни Сино таъкид мекунад: Аз тамоми ин илмҳо барои инсонҳо фаҳмотар наздиктар илм дар бораи табиат мебошад, аммо дар он бисёр нофаҳмиҳо мавҷуд аст».  Ва худи Ибни Сино дар замони худ ба илми тиб машҳури олам шуда буд.

            «Роҳбарияти давлат барои эҳсос намудааст, ки дар чанд соли охир ба илмҳои табатшиносӣ, ки бмдуни онҳо рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа имкон надорад, таваҷҷуҳи баробарвазн ба ниёзҳои иҷтимоии имрӯза ва оянда зоҳир намешавад», меоварад С. Ятимов ва илова мекард. Таъкиди махсус оиди омӯхтани илмҳои бунёди дар Паём дарки амиқи ниёзҳои иҷтимоист. Истифодабарон зарурити тавскои тафаккури техникӣ ва алоқамандии он бо фаннҳои дақиқ мисоли барҷастаи аҳамияти илмиву амалӣ доштани ин ҳуҷҷат тақдирсозро таъкид кардааст. Зеро бе донистани математика, физика, химия, биология ҳосил карадини тасаввуроти ягона дар бораи ҳодисаҳои табиати ва муҳитизист имкон надорад. Эҳсосоти баробар ба воқеяти он дар шуури одам пайдо намешавад. Махз тавассути рушди донишҳо дар соҳаи илмҳои техникӣ, имконияти тағйирёбии мусбат ва ба талаботи зиндаги мувофиқ гардонидани -захираҳое, ки табиат ба соҳаӣ сангдилӣ ва бераҳмӣ дар худ нигоҳ медорад, шароит муҳаё мегардад.

            Сиёсати давлатӣ дар ин хусус, чуноне, ки Паёми Пешвои миллат бармеояд, хосияти матриали дорад. Тараққиёти ҷомеа фаққат бо васлҳое имконпазир аст, ки онҳоро худи одамон сохтаанд. Воситаҳои рӯҳӣ равонӣ, эътиқодӣ, мутахассисона дар ин кор судмандии худро тавре дар таҷрибаи зиндаги мебинем, исбот карда натавонистанд.

            Ҳаёти ҷомеа сарфи назар аз даъвоҳои хостагиноназари бекор ва мақсадноки муаллифон ва ҷонибдории идеологияҳои шахшудамонда амалия, таҷрибаи судоварро эътироф мекунанд.

            Пешвои миллат дар Паём эълом медорад: Пешниҳод менамояд, ки ба хотири бох ҳам беҳтар ба роҳ мондани омузиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзи инчунин барои тавсеои тафакури техники насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фаннҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзи дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад.

            Суханони Пешвои миллат давоми мантиқии ифодаҳои бузургони гузаштаи мо ҳастанд, ки қатори нобиғаҳои башарият шинохта шудаанд мисли: «Дониш андар дил чароғи равшанаст», «Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ», «Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад», «Тавоно будан ҳарки доно бувад», «Илму ҳикматро талаб куд, то талаб ёби каме», «Шифои дарди дилҳо чашми ирфон», «То илм наёмузи некӣ натавон кард», «Маликулмулуни фазлом ба фазилати маони», «Миср хоҳӣ ба мисони ман назар кун», «Дониш талабу бузургӣ омуз», ва монанди инҳо.

            Асоси таҳавуллоти ақли инсон ва ҷомеаро хондани китоб ва маҳсули ақлу заковати мардуми соҳиб тамаддун, амали асосии ҳифзи фарҳанги миллат ва яке аз муҳимтарин воситаҳои махрифатнок кардани аҳоли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал дода,  дорои андашаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурустари зиндагӣ равона мекунад.

            Ин ҷо муҳтарам Ятимов С аз зарбулмасалу панду андарзҳои мардуми аврупоӣ низ васеъ истифода бурда, ба самти хонанда мерасонад ва боз ба масъалаи дар Паём ба нисбат хондан даъват намудани Пешвои миллатро ба ҷои махсус мебардорад ва иброз мекунад: Қудрат ва тавоноии фикри инсон баробар ба андозаи китоб хондаи ӯст.

            Тамоми тахлимоти Пешвои муаззами миллат ва миҳияти воқеии онро принсипҳои вазъи имрӯзаи халқи тоҷик фақат аз нигоҳи таърихи ва дар алоқамандӣ ба ҳодисаҳои таърихи баҳо додадн ба муносибат ба таҷрибаи таърихие, ки миллат аз сар гузаронидааст, дар бар мегиранд,                    менависад С. Ятимов.

            Тибқи таълимоти Роҳбари давлат, мегуяд С. Ятимов дар замони ҳозира тамоми илмҳо неруи бузурги истеҳсолкунанда доранд. Дар ин маврид илмҳои гуманитарӣ қонунмандиҳои тарақиёти ҷомъияти ва тафакур таҳқиқ ва базаи пешгири кардани равандҳои номатлуб дар ҷомеа сафарбар карда мешаванд. Хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ инкишоф меёбад. Муносибати мақсадноки инсон ҳамчун субъекти фаъоли ҷомеа дар сохтан ва таҳкими давлати миллӣ ба таври созанда муайян месозад.

            «Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем», - гуфта шудааст дар Паёми Пешво.

            Паёми мазкур, ки маҳсули тафаккури хиратмандонаи Роҳбари давлати Тоҷикон аст, мантиқи ҷаҳонишави, рушди технологияи иттилоотӣ, воридшавии унсурҳои бегона ва фарҳанги миллӣ ва оқибатҳои фалокатбари он барои ҷомеви Тоҷикистон хатарасон мегардад.

            Вобаста ба ин, қайд менаммояд С. Ятимов, - ҳар як узви ҷомеа бояд донад, ва ба насли ҷавон фаҳмонад, ки Тоҷикистон як бор фоҷиаи мудҳиши Сурия, Ироқ, Тунис, Яман, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ливия, Афғонистонро бо чашми худ дид. Аз сар гузаронд. Оқибатҳои ин ҷанг хонамонсӯз, ҳама аз лиҳози моддӣ ва ҳам маънавӣ то ҳол пурра бартараф нагардидаан. Дахсолаҳо лозиманд, то кишвар ин хатои бузурги таърихиро, ки решаи он дар дохили мамлакат, дар аъмали зиддимиллии намояндагони дастнигару бегонапарасти ҳамин миллат буданд, бартараф созад. Давлат, миллат мебояд аз лиҳози маънавӣ, дониш, маърифат, худшиносӣ то ба он дараҷае якдил, яктан, якмаром бошад, ки тақдири таърихии ӯ ҳаргиз аз омилҳои берунӣ вобастаги надошта бошад. Барои давлати миллӣ таҳдидҳо доимӣ, абадӣ ва беохиранд. Дар шакли ҳар гуна қувва, хатар, намуд, мафкура, шиор, ваъда пайдо мешаванд, - илова менамояд С. Ятимов.

            Шахсияти бузурги таърихӣ, ки ин миллатро аз бадбахтиҳои шидиди даҳшатнок раҳонид ва ҳар, рӯзу соати ҳаёташ ҷонсарона барои хушбахтии ҳамин миллат сафар гадид, ба чашми ҳар як нафаре, ки худро марбут ба ҳамин миллат, ба ҳамин сарзамин медонад, рост нигоҳ карда, муроҷиат мекард: «Мо ки будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёнтабор будани худ ифтихор кунем»

            Аз ин лиҳоз Роҳбаридавлат дар ин муҳлати кутоҳи истиқлолияти ватанамон бари дуюм ҳаст, ки барои аз нав чоп карда ба ҳар оилаи Тоҷикистон дастрас намудани китоби пуразими Бобоҷон Ғафуровро супориш дода, онро ҳамчун сарчашмаи мӯътамад ва гаронбаҳои бедории ҳиси миллӣ муарифи кард.

            Ҳар як шахс барои он, ки ба ҳақиқати зиндаги наздик шавад, онро дида кунад,  бояд собиқаи миллати худро омӯзад ва донад.

            Доктори илмҳои сиёсат, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон С. Ятимов зери тақлид баромадҳои Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат ба тамоми масъалаҳои замони ирӯзаи кишавари маҳбубамон даст зада, барои фаҳмидану дарк намудани Паёми Пешвои миллат заҳмати бузурге намуда аз донишҳои ҳаматарафа боло рангини худ истифода намуда, онро дар шакли мухталифе шарҳу  баён  намудааст.

            Ин ҳуҷҷати муҳим, мегуяд С. Ятимов ғ на танҳо вазъи имрӯзаро бо тамоми паҳлӯҳояш барасӣ ва тафсир мекард, сабаб, омилҳои шаклгирӣ ва натиҷаи онро мавриди омӯзиш карор медиҳад, балки раванди ҳодисаҳо дар широити мушаххаси таърихӣ арзёби карда, нақшаҳои муоссири рушди умумимиллиро барои ояндаи миллат муайян мекард.

            Мо низ аз заҳматҳои муаллифи ин сатрҳо сахт истифода бурда, хонандагони арҷмандро барои омӯхтани ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат дават намуда хоҳони онем, ки миллати бузурги тоҷик, ки чандин ранҷу азобу бенизомиҳои чандин асраро аз сари хеш гузаронида бо чашми сар дида санҷидааст ба тақдири он дигар бетараф набуда, бо миллати бузаргаш якҷоя имрӯзу фардо ва ояндаи миллатро бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихормандона хоҳад сохт.

Абдураҳмон Сулаймонӣ

Log in

create an account