Мақолаҳо

Фикру андешаҳо оид ба Паём

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ин пурмуҳтавотарин паём дар тули фаъолияти роҳбарияташ ба шумор мерафт. Имрузҳо оиди паёми ироагардида фикру андешаҳоро иброз менамоянд. Дар тули 28-соли Истиқлолияти Тоҷикистони  маҳбубамон дигаргуниҳо дар тамоми соҳаҳои  сиёси , иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангии Ватанамон ба амал омаданд. Оиди Паёми имсола аз тарафи Сардори Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои сиёсатшиносӣ С.С.Ятимов оиди баъзе масъалаҳо фикрҳои аниқ баён шуданд. Дар паёми мазкур сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар пурра таҳлил  шуд. Аз диди дигар ин паём ҳамчун суҳбати роҳбари давлат бо намояндагони халқ муайян шуд. Шукргузор аз насибу тақдир бошем, ки бар сари мардуми кишвар, бар миллати куҳанбунёд чунин фарзонафарзанд бо хиради азалии худ, бо сиёсати дурандешона мавқеи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳам дар дохил ва ҳам берун аз кишвар  муаррифӣ  мекунад. Имруз  Ҳукумати Тоҷикистон гомҳои устуворро дар ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мегузорад. Иқдоми некбинонаи Пешвои миллат дар ҳалли тамоми масъалаҳо дида мешавад.  Аз нигоҳи С.С. Ятимов  вобата ба масъалаҳои иқтисодӣ ба ду чизи муҳим диққат додан зарур:

  1. қувваҳое, ки ҳамчун сарчашмаи ҳаракатдиҳандаи истеҳсолот амал мекунанд, ки таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мавқеи инсон ва ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии ӯ
  2. муносибатҳои истеҳсолӣ

Роҳбари давлат диққати заруриро  ба касбомузӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат бо  роҳи истифодаи илм зоҳир намуд. Дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон ягона роҳе, ки метавонад сатҳи сифати зиндагии мардумро пеш барад ин фақат баланд бардоштани сифати таълим, ривоҷу равнақ додани илм, истифодаи таҷрибаи давлатҳои тарақикардаи дунё ва бо роҳи аз худ кардани забонҳои ҷаҳонӣ. Чун дар паёми имсола Пешвои миллат ба баланд намудани мақоми омӯзгор такрор ба такрор таъкид намуданд ин аллакай шаҳодати он аст, ки  ба инкишофи илм, маориф, маърифати мардум, муассисаҳои таълимӣ, ташкили мактабҳои типи нав ва ҳатто то зиёд намудани шумораи муассисаҳои то мактабӣ диққати махсус дода шавад.

Аз таҷрибаи давлатҳои тарақикардаи ҷаҳон бармеояд, ки боигарии ҳар як давлат на дар сарватҳои зеризаминӣ ё конҳои қимматбаҳо, балки захираи инсонии ӯст ва барои инкишоф ва ривоҷу равнақи ин захира шароит муҳайё сохтан лозим аст. Диққати зарурӣ С.С.Ятимов нигарон намуд: одами саводнок доимо мавқеи худро дар ҷомеа ва зиндагӣ меёбад ва ин мавқеи он ҳамеша устувор аст. Бадхоҳони миллат ва давлат ҳеҷ вақт наметавонанд чунин шаҳрвандонро ба доми фиреби худ кашанд, ҳарчанд имруз қувваи сухан  ва қалам назар бар қувваи шамшер ё дигар намуди яроқ пурқувваттар аст. Сомонаҳои интернетӣ бо  мақолаҳои нафратомези  блогерҳо метавонанд ҳисси бадбинӣ, зуроварӣ,  азобу шиканҷа, кину адоват, маҳалгароиро бедор намуда, сохтори мавҷударо зери танқид гиранд ва манфиати шахсии худро аз манфиати умум баланд бардоранд. Аммо боварии комил аст, ки инсони босавод ҳеҷ вақт фирефтаи чунин гапҳо намешавад.

Аз паёми имсола чунин хулоса баровардан лозим аст, ки имруз барои инкишофи пурраи захираи инсонӣ тамоми шароитҳо ва имкониятҳо таъмин шуданд. Аз гузаронидани озмуни “ Фуруғи субҳи доноӣ”  аллакай хулоса баровардан зарур аст, ки имруз сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ин ҳарчи бештар мардумро ба китобхонӣ ҳавасманд  кардан аст.

Чуноне, ки   Ятимов С.С  дар мақолаш зикр намудаст, қудрат ва таваоноии фикри инсон баробар ба андозаи китоб хондани ӯст. Яке аз бузургтарин файласуфон ва драманависони олам Дени Дидро таъкид кардааст: “ Фикр кардани инсон қатъ мегардад, агар у китобхониашро қатъ кунад”.

Тоҷикистон имруз  ба одамони донишманду  забондон  ниёз дорад, зеро ин  сифатҳо шаҳодати маърифати баланди байналмиллалиро нишон медиҳанд.

Барои    ба  чунин сатҳи баланди маърифати илмӣ соҳиб шудан лозим аст,ки мақоми омузгорро дар ҷомеа баланд бардоранд, зеро ҳам шоиру ҳам олиму ҳам муҳандису ҳам табибу ҳам роҳбар аз дасти омузгор гузаштаанд. Маоши омузгор зина ба зина баланд шуда истодааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки чун Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, дар ҳал намудани проблемаҳои ҷаҳонӣ талош меварзад имруз бояд дар қатори давлатҳои ҷаҳон мавқеъ дошта бошад. Барои ҳамин аз тарафи Пешвои миллат солҳои 2020-2040 бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ эълон карда шуд.

С.Ятимов иброз намуданд: Рушди илмҳои дақиқ аз он ҷиҳат зарур, ки онҳо на танҳо ба инкишофи тафаккур, балки барои мушаххас кардани чаҳонбинии инсон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла шинохти илмии воқеаҳои ҷамъиятӣ низ кумак мекунанд.  Донишмандони асили илмҳои дақиқ, мутахассисони ин самт аз дигар соҳибкасбон бо интизории мусбат – ҳадгузорӣ руйи  амал фарқ мекунанд.

Яке аз сиёсатмадорони бузурги замони Иттиҳоди Шуравӣ Сталин дар хусуси тоҷикон чунин гуфта буд: “Миллати тоҷик ин миллати бемислу беназир” буда,  на миллати  узбек, на миллати қазоқ ва  на миллати  қирғиз ба тоҷик монанд шудан наметавонанд. Тоҷикон – миллати куҳанбунёд дар Осиёи Миёна мебошанд. Эронитаборҳо ва туркнажод тоҷиконро – тоҷбардор  мегуянд ва онҳо барҳак онро исбот намуданд. Зеро онҳо Фирдавсии бузургвор, Саъдии ширинсухан, Ависеннаи оламшинос ва чандин шахсони дигарро ба вуҷуд оварданд. Пас мудоме, ки  аҷдоду гузаштагони мо тамаддунсоз буданд, ояндаи ин миллат ободу созанда аст.Аз омузгори қатори то роҳбари ин соҳаи муҳим, ки ба таълиму тарбияи насли ҷавон сару кор дорад дар шароити кунунӣ Паёми Пешвои миллатро ҳамчун ҳуччати муҳим дар кору пайкори худ истифода хоҳад намуд.

Анҷомсухани ин мақола аз тарафи муҳтарам С.С.Ятимов дар он дидан мумкин, ки дар шароити кунунии тағйирёбии  бошитоби ҷаҳон, плюрализм, нанотехнология ва дигар навгариҳо ҷомеа фақат як роҳ интихоб кардан мумкин аст: Бо роҳи инкишофи илму маърифат!

Қонунзода Ш, директори Мактаби президентии шаҳри Хоруғ

Log in

create an account