Хабарҳо

ШАСТ СОЛИ УМРИ ПУРБАРАКАТ

ХОРУҒ, 08. 02. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шермамад Ҷонмамадов ва ҳайати профессорону омўзгорони ДДХ саромўзгори кафедраи забони русии факултети забонҳои хориҷӣ Латофат Шакармамадоваро ба муносибати зодрузаш табрик намуданд.

Дар табрикнома омадааст:

“Муаллимаи азизу меҳрубон,

Бо арзи эҳтиром Шуморо аз номи ҳайати профессорону омўзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев  ҳамчун омўзгори соҳибтаҷрибаю шинохта, ба ифтихори 60-умин солгарди умри пурфайзатон самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумо тансиҳатӣ, рўзгори хуш ва хонаободиро орзу менамоем. Бигузор ҳар як соли нави умр бароятон сарсабзиҳо, бахту иқболи баланд ва тозатарин дастовардҳои хизматиро  дар таълиму - тарбияи насли ҷавони худогоҳ  бо мақсади ободии диёри азизамон ато намояд.

Устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз он мефахранд, ки Шумо ҳамчун омўзгори  ҳалиму меҳрубон, инсони поктиннат солҳои тўлони дар пайроҳаи умри бобаракататон дар тарбияи мутахассисони зиёди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва инкишофи илм саҳми арзандаи хешро гузоштаед. Боиси ифтихор аст, ки шогирдони Шумо дар тамоми гўшаҳои канори кишвари азизамон бо кору зиндагӣ машғуланд ва  дар ободонии диёри кўҳистон саҳми босазо доранд ва бо як эҳтироми хоса номи неки Шуморо ба забон мегиранд.  Таҳти роҳбарии бевоситаи Шумо шогирдони зиёд дар соҳаи забоншиносӣ ба камол расида дар илми забоншиносӣ ба дастовардҳои зиёд муваффақ гардиданд. Бо маҳорати кордонӣ, таълимӣ ва тарбиявиатон барои омўзиши  забон ва адабиёти рус шароити  мусоид фароҳам оварда шуд. Бо усули махсуси таълим ва муносибати хайрхоҳонаатон нисбати шогирдони Шумо обрую эҳтироми шоистаро соҳиб шуда, азизи аҳли донишгоҳ ва ҳар ҳонавода  гардидаед.

Раёсати Донишгоҳ бо арзи самимӣ мавсуфро бо ҷашни 60-солагии умри бобаракаташон муборакбод гуфта, барои ў рўзгори хуш, сиҳатии аҳли оила ва хонаободиро аз даргоҳи Худованд таманно менамояд.

Дуо мекунем, ки Худованди мутаол ба Шумо нерўи илҳоми тоза, саодати доимӣ, рўзҳои нек ва камоли маърифат ато намояд.

Тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ ва беҳбудии рўзгори Шумо орзуи ҳамешагии мост.”

Log in

create an account