Хабарҳо

Вуруди таҷҳизоти нав ба ДДХ

ХОРУҒ, 04. 02. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/Дар асоси Меморандум дар бораи ҳамкории Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо Фонди Оғохон имрӯз, 4 феврал ба Донишгоҳ таҷҳизоти техникӣ ва муҳиммоти тадрису хониш дастрас гардид.

Дар маросими қабули лавозимот ноиб ректори оид ба таълим Мамадризо Алимшоев, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Олга Сайфуллоева, декани факултети илмҳои табиӣ Булбулназар Имомназаров, мудири кафедраи фанҳои муҳандисӣ Ҳабиб Назриев, намояндагони Фонд ва омӯзгорону кормандони ДДХ иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Меморандум бо мақсади мусоидат намудан ба пешқадамӣ дар кашфу ихтирооти илмӣ, баланд бардоштани савияи дониши муҳассилини Донишгоҳ ва сифати таҳсил соли гузашта миёни роҳбарияти ДДХ ва Фонди мазкур ба имзо расида буд.

www.khogu.tj

Log in

create an account