Хабарҳо

Нишасти матбуотӣ бо роҳбарияти ДДХ

ХОРУҒ, 31. 01. 2020 /МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВМКБ/Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шермамад Ҷонмамадов, муовинони ректор ва масъулини соҳаи маорифи ВМКБ дар нишастӣ матбуотӣ иштирок карданд.

Дар рафти нишаст Ш. Ҷонмамадов иброз намуд, ки дар Донишгоҳ 337 нафар омўзгорон кор ва фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 53 нафар номзадони  илм (аз ҷумла 18 нафар зан), 12 нафар доктори илм (як нафар зан), як нафар Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллимони калон ва ассистентон мебошанд. Дар соли 2019 65 нафар омӯзгорони  донишгоҳ аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштанд.

Ҳоло дар донишгоҳ  4199  нафар донишҷӯ, ки аз онҳо дар шӯъбаҳои рӯзона 2671 нафар, ғоибона 1391 нафар, магистратура 127 нафар ва тариқи квотаи Президентӣ 385 нафар таҳсил менамоянд.

Дар соли 2019 ба донишгоҳ 654 нафар донишҷў қабул шуданд, ки аз ин теъдод тариқи Маркази тестӣ 484 нафар, барои гирифтани маълумоти олӣ ва идомаи таҳсил 101 нафар, магистратура 68 нафар ва як нафар тариқи бурсияи давлати Исломии Афғонистон мебошанд.

Дар соли таҳсили 2020 - 2021 мутобиқи нақшаи қабули донишҷӯён 1623 нафар, аз ҷумла 1141 нафар ба шӯъбаи рўзона (291 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 850 нафар ба тариқи шартомавӣ), 389 нафар ба шӯъбаи ғоибона (24 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 365 нафар ба тариқи шартомавӣ) ва 93 нафар тариқи Квотаи Президентӣ ба донишгоҳ  қабул карда мешаванд.

Хушбахтона имсол 4 ихтисоси нав аз қабили таърих (ихтисоси иловагӣ таърихи дин), География (ихтисоси иловагӣ асосҳои иқтисодиёт), Технология (меҳнати техникӣ ва нақшакашӣ) Забон ва адабиёти тоҷик (ихтисоси иловагӣ маърифати оиладорӣ)   кушода мешаванд. 

 Дар соли таҳсили 2018-2019 донишгоҳро ҳамагӣ 1114 нафар хатм намуданд, ки аз ҷумлаи онҳо хатмкунандагони равияи омўзгории шаклҳои таҳсили буҷавӣ ва шартномавӣ 730 нафар (рўзона ва ғоибона),  хатмкунандагони равияи ғайриомўзгории шаклҳои таҳсили буҷавӣ ва шартномавӣ (рўзона ва ғоибона) 384 нафарро ташкил медиҳанд.

   Инчунин дар Донишгоҳ аз руи зинаи таҳсилоти магистратура 127 нафар, зинаи аспирантура 13 нафар ва доктор PhD 10 нафар таҳсил менамоянд.

 Соли 2019 дар донишгоҳ ду нафар рисолаи номзадӣ, як нафар омӯзгор рисолаи докториро ҳимоя намуданд. 6 нафар рисолаҳои худро барои дифоъ намудан  ба Шўроҳои диссертатсионии кишвар пешниҳод карданд. Нишондодҳои натиҷаи корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ чунинанд: ду китоби дарсӣ, ду моногарфия, шаш дастури методӣ, 110 мақолаҳои илмиву гузоришҳо, ки аз онҳо 23 адад дар КОА ба табъ расиданд.

Пойгоҳи моддӣ-электронии донишгоҳ сол аз сол  таҳким ёфта,  соли 2019 ҳамаи биноҳои таълимии Донишгоҳ ба маблағи 241755 сомонӣ таъмир гардиданд ва воситаҳои техникӣ-компютерӣ ба маблағи 1649926 сомониву дигар таҷҳизотҳои лозимӣ ба маблағи 141412 сомонӣ харидорӣ карда шуданд. Имрўз дар ҳамаи факултетҳои ДДХ утоқҳои электронӣ бо тахтаҳои электронӣ мавриди истифода қарор доранд.

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев аз рўи барномаи Эрасмус плюс бо 6 лоиҳа: «MIND - Рушди навовариҳои идоракунии донишҷўён бо роҳи омўзиши онҳо дар марказҳои махсус ташкилкардашуда, тавассути гузаронидани тренингҳо ва курсҳои омўзишӣ», «TACES – Гузаронидани тадқиқотҳои байнифании аврупоӣ дар Тоҷикистон», ҳаракати мобилӣ (кредитная мобильность) аз рўи барномаи Эрасмус плюс давоми лоиҳаи gSmart “Геоинформатика ва илмҳои пешрафта” (Геоинформатика и пространственные науки), Лоиҳаи  (HiEdTec) “Модернизатсиякунонии системаи мактабҳои олӣ дар Осиёи Миёна бо истифодаи техника ва технологияи муосир. ва Лоиҳаи (UNICAC) “University Cooperation for Knowledge Transfer in Central Asia and China” - "Ҳамкории донишгоҳҳо дар соҳаи интиқоли дониш дар Осиеи Марказӣ ва Чин" кор карда истодааст. Инчунин аз рўи лоиҳаи нави ҳаракати мобилӣ (кредитная мобильность) дар доираи барномаи Эрасмус плюс дар соҳаи “Туризм”  шартнома имзо гардид. Ин лоиҳа аз охири соли 2019 то соли 2021 кори худро давом медиҳад.

Дар доираи  ин ҳамкориҳо  имсол дар донишгоҳ маркази илмӣ-фарҳангии Ҳиндустон ба таври расмӣ кушода шуда  барои се синфхона ва ду маркази инноватсионӣ таҷҳизотҳои замонавӣ харидорӣ гардиданд. Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо Институти  геологии шаҳри Москва дар доираи лоҳияи «Баланд бардоштани  сифати таълим дар соҳаи геология» созишномаро ба имзо расонид, ки  мувофиқи он чор лаболаторияи  инноватсионӣ то 15 январи соли 2020 ба маблағи 100 000 долари ИМА таҷҳизонида мешаванд. Мубодилаи таҷриба ва ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ низ ба роҳ монда шудааст.  

     Яке аз вазифаҳои муҳим ин ба нақша даровардани сохтмони бинои ҳозиразамони таълимӣ буд. Бо пешниҳоди МИМХД- и ВМКБ ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ сохтмон ба нақша гирифта шуда, бунёди  он идома дорад.

Дар охир миёни роҳбарияти Донишгоҳ ва хабарнигорон саволу ҷавоб ба вуқӯъ пайваста, ба ҳамаи пурсишҳои намояндагони ВАО посухҳои мушаххас дода шуд.

Log in

create an account