Хабарҳо

Аҳамияти интихобот дар давлати демократӣ

ХОРУҒ, 29. 01. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/Таҳти ҳамин мавзӯъ дар кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳ бо ширкати омӯзгорони факулта семенари илмӣ - назариявӣ баргузор гашт.

Мақсуд Ақризоев, ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик дар мавзӯи болозикр маърӯза карда қайд намуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4 декабри соли 2019 Интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 1 марти соли 2020 таъйин шудааст.

“Низоми интихобот падидаи муҳими демократия ва маҷмўи муносибатҳои ҷамъиятие мебошад, ки дар алоқамандӣ бо ташкили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва ҳуқуқи субъективии шаҳрванд оид ба интихобу интихобшавӣ ба вуҷуд меоянд.

Ба воситаи интихобот вазифаву мансабҳои олии давлатӣ дар мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва идораи давлатӣ ишғол карда мешаванд. Масалан, ба воситаи интихоботи бевосита яке аз палатаи Маҷлиси Олӣ - Маҷлиси намояндагон ва сарвари давлат - Президенти ҷумҳурӣ интихоб мешаванд”- иброз дошт, М. Ақризоев.

Дар семенар инчунин иштирокчиён муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шарҳру тавзеҳ дода, баҳри татбиқи он андешаҳои судмандро баён намуданд.

Насим Саидраҳмонов, омӯзгори 

кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДХ

Log in

create an account